ВарзишВидеоНуқтаи назар

САБАБИ АЗ РАҲБАРИИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН РАФТАНИ СЕГРТ БАҲСИ МАОШ БУД?

Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 21 феврали соли 2024 хабар дод, ки  мутахассиси 53-солаи гурҷӣ Гела Шекиладзе, ки қаблан ёвари Петр Сегрт буд, сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд.

Гела Шекиладзе айёми футболбозӣ дар дастаҳои «Динамо-Батуми» (Гурҷистон), «Лйерс» (Белгия), «Руселаре» (Белгия), «Арсенал» (Украина) ва ССКА (Украина) ба ҳайси ҳимоятгар бозӣ карда, дар ҳайъати тими миллии Гурҷистон 22 бозӣ анҷом додааст.

Гела Шекиладзе дорои иҷозатномаи мураббигии категорияи «Pro»-и УЕФА буда, солҳои 2007-2011 Гела Шекиладзе дастаҳои миллии наврасону ҷавонони Гурҷистонро (U-15, U-16, U-19, U-21) роҳбарӣ намудааст. Шекиладзе солҳои охир ёвари сармураббӣ Петр Сегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.

Федератсия гуфт, тамоми ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон, ки ду соли охир дар даста кор мекард, бо тими миллии кишвар ҳамкориро идома медиҳад. Ёвари Шекиладзе мутахассиси дигари гурҷӣ Тамаз Бокерия хоҳад буд. Алишер Тӯйчиев мураббии дарвозабонони тими миллии Тоҷикистон ва Алифбек Беромов мураббӣ-таҳлилгари даста боқӣ мемонанд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон қаблан эълон кард, ки қарордоди ҳамкориро бо мураббии хорвату олмонӣ Петр Сегрт тамдид намекунад ва ӯ ба ин тартиб, тарки тими миллии Тоҷикистон мекунад.  Ин тасмим, ки дар пайи ҳунарнамоии ба таври ҳайратангез олии тими миллии Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Қатар гирифта шуд, бисёре аз мухлисон ва мутахассисони футболро дар ҳайрат гузошт. Ҳадсе ҳам зада мешуд, ки Сегрт бо як тими Эрон музокирот дошт ва шояд бо дарёфти пешниҳоди беҳтаре аз Тоҷикистон рафта бошад.

Аммо Спортс.Уз, як пойгоҳи хабарҳои варзишии Ӯзбекистон навиштааст, ки музокироти “Эйнштейн” (лақаби Петр Сегрт) бо тими эронии “Фӯлод” дар ниҳоят ба натиҷае нарасид, вале сабаби аз раҳбарии тими миллии Тоҷикистон рафтани ӯ, ба гуфтаи манобеи ин нашрия, баҳси маош бо Федератсияи футболи Тоҷикистон будааст. Манобеи “Спортс.Уз” гуфтаанд, ки тасмими тамдид накардани қарордоди Сегрт ҳанӯз қабл аз Ҷоми Осиё, баъди ҳунарнамоии нокоми тими Тоҷикистон дар ҷоми Осиёи Марказӣ, ки футболбозони тоҷик аз гуруҳи худ баромада натавонистанд ва ба болои ин, аз Ӯзбекистон бо ҳисоби бузурги 1:5 шикаст хӯрданд,  гирифта шуда буд. Вале азбаски тибқи қарордоди якум, дар сурати бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон қатъ кардани қарордод, ба Сегрт бояд 100 ҳазор доллар ҷуброн пардохт мекарданд, дар Федератсия тасмим гирифтаанд, ки қарордодро пеш аз муҳлат қатъ накунанд, вале баъди ба поён расиданаш тамдид ҳам накунанд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, гӯё Сегрт то 2 маротиба боло бурдани маоши худро талаб карда, ҳамчунин хостааст, то ки Федератсия маоши ёварони ӯро аз ҳисоби худ ба таври алоҳида пардохт кунад. Тибқи қарордоди якум, Федератсия маоши тамоми мураббиёни тими миллиро яклухт ба Сегрт пардохт мекард ва ӯ сипас бояд аз ҷайби худ ба ёваронаш маош медод.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ин фарзияи баҳси маош ҳамчун сабаби тамдид нашудани қарордоди Сегртро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Петр Сегрт, бо шиорпартоиҳои худ бо ибораи “Тоҷикистон, ба пеш!” футболбозонро рӯҳбаланд мекард, аз январи соли 2022 то поёни январи соли 2024 ду сол сармураббии тими миллии Тоҷикистон буд. Нуқтаи аз ҳама баланди натиҷаи фаъолияти ӯ ҳунарнамоии фавқулоддаи хуби тими миллии Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Қатар шуд. Тими Тоҷикистон дар инҷо 5 бозӣ анҷом дода, бори аввал дар таърихаш то ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё расид ва дар чорякниҳоӣ низ танҳо бо “кумак”-и довар аз Урдун шикаст хӯрд. Урдун баъдан то финали ин мусобиқот расид ва танҳо аз тими мизбон Қатар шикаст хӯрд. Барандагони медалҳои тилову нуқраи Ҷоми Осиё ягона тимҳое буданд, ки Тоҷикистон аз онҳо дар ин мусобиқот шикаст хӯрд.

Мутахассисон тими Тоҷикистон як кашфиёти Ҷоми Осиё меноманд. Баъди ин мусобиқот нархи футболбозони тоҷик дар бозор бамаротиб боло рафт ва барои мисол, нархи дарвозабони тими миллӣ Рустам Ятимов ба як миллиону 200 ҳазор доллар расидааст, ки баландтарин нархи як футболбози тоҷик дар чанд даҳсолаи охир дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button