ҲУНАРМАНДИ ЗАБАРДАСТИ ТОҶИК ДАВЛАТМАНДИ ХОЛ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД (ВИДЕО)

Овозхони забардасти тоҷик Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлатманди Хол рӯзи 18 феврали соли 2024 баъди бемории тӯлонӣ дар синни 73 аз олам чашм пӯшид. Чанд вақти охир Устод ба бемории саратони ҷигар дучор шуда буд.

Баъди муолиҷа дар чанд кишвари дигар ҳунарманди маҳбуб ҳамагӣ чанд рӯз пеш барои муолиҷа ба Русия рафта буд, вале  мутаассифона, табибон натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал…

Ба гуфтаи наздиконаш, ӯро ахиран аз Маскав оварданд ва ҳунарманди шинохта рӯзи 18 феврал дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе фавтид.

Маросими видоъ ва дафни Давлатманди Хол рӯзи 19 феврал баргузор мешавад: Намози ҷаноза пас аз намози пешин дар масҷиди нави Душанбе ба номи Абӯҳанифа ва маросими дафн дар оромгоҳи Лучоб.

Садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо изҳори таслият ба наздикони Давлатманди Хол, даргузашти ӯро талафоти сангин ва ҷуброннопазир барои фарҳанги тоҷик меноманд.

Давлатманди Хол (Давлатманд Холов) – овозхон ва фалаксарои овозадори тоҷик, оҳангсози суннатӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод (ҳоло ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) дар оилаи ҳунарманди суннатии тоҷик ба дунё омада буд. Соли 1958 таҳсилро аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 дар мактаб-интернати ба номи А. Деҳотии шаҳри Кӯлоб ва аз соли 1964 дар интернати давлатии «Коммунизм»-и деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) идома додааст. Соли 1971 ба шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Давлатманди Хол баъди хатми донишкада 25 сол дар Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб кор кард. 20 июли соли 1989 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар назди театри Кӯлоб, таҳти сарварии Давлатманди Хол ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Аз соли 2004 дар пайи таъсис ёфтани ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии ин ансамбл кор кард ва моҳи марти соли 2020 дар остонаи 70-солагиаш ба нафақа баромад. Солҳои охир Давлатманди Хол дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов ба шогирдон дарс медод.

Давлатманди Хол яке аз устодони соҳибмактаби фалаксароӣ эътироф шудааст. Ӯ муаллифи даҳҳо таронаву оҳангҳоест, ки дар фонди тиллоии мусиқии тоҷик сабт шудаанд.

Давлатманди Хол соли 2018 сазовори унвони Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон низ шуд.

Ҳоло писараш Лоиқшоҳи Давлатманд, ки Устод ӯро ба шарафи шоири тавонои тоҷик Лоиқ Шералӣ ном кардааст, роҳи падарро идома дода истодааст.

Равони Устод шод ва макони охираташон Ҷаннат бод! Аҳли идораи “Бомдод” ба наздикони Давлтманди Хол ва мухлисонаш даргузашти ин Таҳамтани ҳунари миллиро таслият мегӯяд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳамдардии Пешвои миллат нисбат ба даргузашти Давлатманд Холов гуяд:

    Шаби 18-уми феврали соли 2024 сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Узбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари ансамбли давлатии «Фалак» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Давлатманд Холов баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 74-солагӣ вафот кард.
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бисёр арзишманди Давлатманд Холовро дар рушди санъати овозхонӣ, махсусан, сурудҳои халқӣ ва жанри «Фалак» таъкид карда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ баён карданд

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button