ВидеоНуқтаи назарҶомеа

ҲАБСИ БОЗ ЯК БЛОГЕР ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ НАШРИ ВИДЕОҲОИ ҒАЙРИАХЛОҚӢ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 19 феврали соли 2024 аз ҳабси боз як блогери ҷавон барои нашри маводи ғайриахлоқӣ хабар дод. Ҳабибулло Ҳимматзода, маъруф бо тахаллуси Cherryxvll(“Черриксвилл”), ки саҳифааш дар Инстаграм 34 ҳазор обуначӣ дорад, дар рӯзҳои охир инак дуюмин блогерест, ки бо чунин ҷурм маҳкум ба ҳабс мешавад.

Худи ин блогер ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи пойтахти Тоҷикистон навиштааст, ки новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҷиҳати риояи одоби истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳн накардани наворҳои ғайриахлоқию пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ, мутаассифона, боз  ҳам ҳастанд нафароне, ки ба такрор чунин амалҳоро иҷро мекунанд.

Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Ҳимматзода Ҳабибулло Убайдулло, соли таваллудаш 18.08.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев барои паҳн кардани чунин наворҳо дастгир карда шудааст.

Бино ба иттилои милитсия, “зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани наворҳои дорои алфози қабеҳ ва паст задани талаботи қарору қонунҳои кишвар машғул аст. Гарчанде номбурда қаблан барои чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида бошад ҳам,вале амалу рафтори худро ислоҳ накардааст.”

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҳимматзода Ҳабибулло тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ аз ҷониби додгоҳ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз таъин карда шуд.

Ҳабибулло Ҳимматзода дар саҳифааш дар Инстаграм видеоҳову аксҳои гуногун нашр мекард. Дар бораи ин ки Cherryxvll мушаххасан дар кадом видеояш ба чӣ қонуншикание роҳ додааст?, дар иттилоияи милитсияи Душанбе чизе гуфта нашудааст.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 17 феврали соли 2024 аз ҳабси дубораи блогери ҷавони 19-сола Ҷаҳонгир Раҳимзода ва ҷарима бастани шарики ӯ  Аниса Рӯзиева барои паҳн кардани наворҳои бадахлоқона хабар дод. Худи ин ҷуфти блогерҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсия гуфт, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Раҳимзода Ҷаҳонгир Ҳамид, санаи таваллудаш 08.01.2005, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Дониш ва Рӯзиева Аниса Азизовна, санаи таваллудаш 18.01.2006, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Сино, дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» навори дорои алфози қабеҳро нашр намудаанд. Гарчанде қаблан барои паҳн намудани чунин наворҳои дорои алфози ғайриахлоқӣ, нисбати дастгиршуда Раҳимзода Ҷаҳонгир ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, расман огоҳонида шуда бошад ҳам, вале ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз санаи 15-уми январи соли ҷорӣ ҳамроҳи Рӯзиева Аниса чунин навор омода карда, тавассути шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” паҳн намудаанд, ки ин амали номбурдагон боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст”.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба Ҷаҳонгир Раҳимзода ва Аниса Рӯзиева, тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд. Додгоҳ дар навбати худ нисбат ба Раҳимзода Ҷаҳонгир ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз ва нисбат ба Рӯзиева Аниса ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробари 720 сомониро таъйин кардааст.

Дар як моҳи охир ин бори дуюм аст,  ки блогер Ҷаҳонгир Раҳимзода бо айни иттиҳоми паҳн кардани наворҳои бадахлоқона ба ҳабс гирифта мешавад. Моҳи январ ӯро 7 шабонарӯз ҳабс карда буданд ва он бор ҳам расман барои “итоат накардан ба кормандони милитсия”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button