ВидеоМинтақа ва ҷаҳонНуқтаи назарСиёсат

ЭЪТИРОЗИ РУСИЯ БА САФИРИ ӮЗБЕКИСТОН РОҶЕЪ БА ҲАРФҲОИ ҚУДРАТХОҶАЕВ ДАР БОРАИ “ИШҒОЛГАРОН” (ВИДЕО)

Хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 14 феврали соли 2024 хабар дод, ки сафири Ӯзбекистон дар Маскав Ботирҷон Асадовро дар робита ба як суханронии ҷанҷолбарангези Шерзод Қудратхоҷа, ректори Донишгоҳи журналистика ва иртибототи оммавӣ ва раиси Анҷумани миллии матбуоти Ӯзбекистон ба майдони Смоленск, мақари вазорати Русия эҳзор карда, ба ӯ нота, яъне ёддошти расмии эътирозӣ супурдаанд.

Шерзодхон Тоҷиддин уғлӣ Қудратхоҷа (Қудратхоҷаев) рӯзи 13 феврал дар мусоҳиба бо як блогери маҳаллӣ онҳоеро, ки баъди заминларзаи харобиовари соли 1966 барои барқарор кардани шаҳри Тошканд ба пойтахти Ӯзбекистон омада, дар ин ҷо монданд, вале дар тӯли ин қадар сол забони ӯзбекиро ёд нагирифтанд, ба боди мазаммат кашид. Ӯ аз суханоне, ки ба Карл Маркс нисбат медиҳанд, иқтибос овард, ки: “Забони кишвареро, ки онҷо зиндагӣ доранд, танҳо ду тоифа ёд намегиранд: ё ишғолгарон ваё беақлҳо”. Шерзод Қудратхоҷаев хитоб ба русзабонҳои муқими Ӯзбекистон, ки забони ӯзбекиро намедонанд, гуфт: “Акнун онҳо бояд худашон интихоб кунанд, ки кистанд: ишғолгар ё беақл?”

Дар вазорати хориҷаи Русия ба сафири Ӯзбекистон гуфтаанд, ки “мазмун ва лаҳни чунин баёнияҳо комилан хилофи муносибатҳои мушорикати стратегӣ ва иттифоқчигиест, ки Русияву Ӯзбекистонро пайванд медиҳанд”.  

Дар идораи сиёсати хориҷии Русия ҳамчунин таъкид кардаанд, ки “яқинан, имкон надошт, ки ин ҳама пешрафтҳо дар замони “ишғолгарӣ”, ки “муаллиф”-и зикршуда талош кардааст, ки бе ягон асос ин мавзӯъро доман бизанад, ба даст биоянд… Мӯътакидем, ки ҳар навъ кӯшиши ҷанг андохтани мардумони кишварҳои мо чӣ дар дохил ва чӣ аз берун маҳкум ба нокомианд”.

Вазорати хориҷаи Русия ҳамчунин аз ҷониби Ӯзбекистон хостааст, ки ба ҳарфҳои Қудратхоҷаев вокуниш кунад:  “Умедворем, ки вазорати хориҷаи Ӯзбекистон дар муддати наздиктарин шарҳи расмӣ бо арзёбии усулии баёнияҳои таҳқиромези ин ходими баландпояро ироа мекунад”.

Дар вазорати хориҷаи Русия гуфтаанд, ки ҳар вақте ки дар матбуоти Русия чунин баёнияҳои тунд дар мавриди Ӯзбекистон садо медиҳанд, Маскав зуд дар сатҳи расмӣ аз ин баёнияҳо фосила мегирад. Дар мулоқот бо сафири Ӯзбекистон идораи дипломатии Русия ҳамчунин изҳори итминон кардааст, ки “аксарияти кулли сокинони Ӯзбекистони барои мо дӯст ва муттаҳид бо ин назари Қудратхоҷаев розӣ нестанд”.

Қаблан раҳбари Россотрудничество Евгений Примаков Қудратхоҷаевро “русофоб” (“русбадбин”) ва “муртаде, ки падару модараш тарбияи хуб надоданд” номид ва эълон кард, ки то замоне ки ӯ барои суханонаш ба сурати қобили боварӣ ва қонеъкунанда узр напурсид,  Росссотрудничество ҳар навъ тамос ва ҳамкорӣ бо Қудратхоҷаев ва идораҳои зери роҳбарии ӯ, аз ҷумла бо Шӯрои ҷамъиятии вазорати таълимоти томактабӣ, Донишгоҳи журналистика ва иртибототи оммавӣ ва Анҷумани миллии матбуоти Ӯзбекистонро қатъ мекунад.

Шерзод Қудратхоҷаев, ки 50 сол дорад ва дар гузашта муҷрии барномаҳои расмии телевизионҳои давлатии Ӯзбекистон буд, соли 2018 низ барои мавқеъгириаш нисбат ба масъалаи забони ӯзбекиро надонистани сокинони русзабон дар маркази як ҷанҷол қарор гирифта буд.

Он вақт сокини 60-солаи русзабони яке аз маҳаллаҳои Тошканд Татяна Зокирова ҳангоми ба маҳаллаи онҳо омадани намояндагони мақомот хост, ки бо забони русӣ ба ҳокими ноҳия дар бораи як хандақе, ки дар байни хонаҳои истиқоматӣ кандаанд, шикоят кунад. Вале яке аз мансабдорон аз вай талаб кард, ки ба забони ӯзбекӣ ҳарф занад. Зокирова гуфт, ӯзбекиро намедонад. Он мансабдор, ки тавре баъдан маълум шуд, Шерзод Қудратхоҷаев будааст, Татяна Зокироваро барои надонистани забони ӯзбекӣ бо ибораи “Уят, уят, уят…”, яъне “айб, айб, айб…” мазаммат кард.

Зокирова худро таҳқиршуда эҳсос карда, гуфт, аз рафтори он мансабдор шикоят хоҳад кард. Қудратхоҷаев посухаш дод, ки рост ба президенти Русия Владимир Путин шикоят барад.

Дар ниҳоят, он ҷанҷолро хомӯш карданд ва Қудратхоҷаев ҳам гӯё узр пурсид, вале танҳо барои он ки ба як зани солманд ҳангоми суҳбат “ту” гуфтааст.

Баъди фурӯпошии СССР миллионҳо нафар аз сокинони русзабон аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ кӯч бастанд. Бархе аз онҳое, ки дар ин ҷумҳуриҳо боқӣ монданд, забонҳои маҳаллиро то ҳол ёд нагирифтаанд ва барои ин гоҳо аз ҷониби бархе аз сокинон ва ҳатто мансабдорони маҳаллӣ, ки аксараш баъди суқути СССР ба камол расидаанду забони русиро хуб намедонанд, сарзанишу мазаммат мешунаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, фуқарои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуяд:

    Намедонам, чаро калимаи “шаҳрванд” (гражданин) ба забони ӯзбекӣ “фуқаро” аст? Оё медонед, ки калимаи “фуқаро” шакли ҷамъи калимаи арабии “фақир” аст? Ин нишон медиҳад, ки дар гузашта қавме, ки дар шаҳрҳо сукунат надошт, “фуқаро” номида мешуданд.

  2. Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, соҳиби китоби “Саҳиҳи Бухорӣ” гуяд:

    Агар жириновский зинда мебуд, дар ҷавоби ҷаноби ректори журналистика мегуфт: шаҳрҳои самарқанду бухороро шумо ишғол кардаед, чаро омӯзиши забони тоҷикӣ мамнӯъ аст? Шумо “идиот” ҳастед ё ишғолгар?
    (Қаблан жириновский ин ҳарфро дар думаи давлатӣ зада буд).

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button