ПАРВАНДАИ ПУРСАРУСАДОИ КИТОБИ АБДУХАЛИЛ ХОЛИҚЗОДАРО БА ДОДГОҲ СУПУРДААНД
Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, тафтиши парвандаи муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” Абдухалил Холиқзода, муҳаррири ин китоб Абдуқодири Рустам ва ношири он мудири нашриёти “Эр Граф” Сӯҳроб Раҷабзода ба анҷом расида, додситонии кулли Тоҷикистон ин яке аз парвандаи аз ҳамаи пурсарусадои солро дар аввали соли нав бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдааст.
“Билофосила баъди Соли нав, рӯзи 2 январи соли 2024 парванда бо як иттиҳом бар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ҷамъбаст карда шуд ва ба додгоҳ рафт”, – гуфт як манбаи наздик ба додситонӣ. Ӯ дар бораи ба кадом додгоҳ супурда шудани парванда изҳори бехабарӣ кард, вале манбаи дигари “Бомдод” аз мақомоти додгоҳӣ гуфт, ба далели сару садои зиёди атрофи ин қазия, баъид нест, агар онро Додгоҳи олӣ муҳокима кунад.
Ба муаллифу муҳаррир ва ношири китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” бар асоси қисми дуюми моддаи 189 ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале як манбаи “Бомдод” гуфт, Сӯҳроб Раҷабзода шояд бо ҷарима халос шавад.
“Сӯҳроб Раҷабзода дар ҷараёни тафтишот ҳусни ҳамкории комил нишон дод ва дар баёноташ гуфт, ки матни китобро дар нашриёти “Эр Граф” пеш аз чоп мутолиаву ташхис накарда буданд ва худи ӯ, азбаски ба адиби шинохта эътимод дошт, китобро нохонда, ба нашри он иҷозат додааст. Ва гӯё Қодири Рустам бар илова гуфта бошад, ки “ҷавобгариаш ба гардани ман”, – нақл кард ин манбаъ.
Вақте моҳи октябр, замони тафтиши парвандаро бори аввал тамдид карданд, сару садое ҳам бархоста буд, ки гӯё тафтишот мехоҳад фаъолиятҳои соҳибкории Абдухалил Холиқзода, аз ҷумла тиҷоратҳои муштаракаш бо Абдумӯмин Ятимов, бародари Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ҳам таҳқиқ кунад. . Вале ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, тафтишот “бар асоси муомилаҳое” аз ҳадди айбномаи аввал, ки бар асоси қисми дуюми моддаи 189 эълон шуда буд, фаротар нарафт. Дар бораи ин ки чӣ муомилаҳое дар ин замина сурат гирифтааст ва бо кӣ?, маълумоти дақиқтаре то ин соат ба дасти “Бомдод” нарасидааст.
Манобеи “Бомдод” моҳи декабр хабар дода буданд, ки тафтиши парванда асосан тамом шудааст ва алакай дар аввали Соли нав ба додгоҳ супурда мешавад.
Додситонии кулли Тоҷикистон, ки тафтиши парвандаи китоби Холиқзодаро дар даст дорад, то кунун хабари анҷоми тафтишот ва ба додгоҳ супурдани ин парвандаро шарҳ надодааст.
Вале бино ба иттилои дарёфтӣ, бо дархости тафтишот то кунун чанд ташхиси лингвистӣ ё забонии китоби Холиқзода анҷом шудааст ва гӯё ташхисгарон хулоса додаанд, ки дар китоб аломатҳои “барангехтани кинаву адоват” дида мешаванд. Мақомот то кунун натиҷаҳои ташхисҳо ва дигар ҳаракатҳои тафтишотии анҷомшударо низ шарҳ надодаанд.
Ҷилди аввали китоби ёддоштҳои Абдухалил Холиқзода бо номи “Моҷарои рафта” соли 2019 ва ҷилди дуюми ёддоштҳояш бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман” моҳи марти соли 2023 нашр ва муаррифӣ шуд. Вале моҳи июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар атрофи ин китоб баҳси гарме барпо шуд ва бархе корбарон Холиқзодаро ба маҳалгароӣ ва паст задани шаъну эътибори намояндагони минтақаҳои дигари Тоҷикистон айбдор карданд. Як иттиҳоми умда ба зидди муаллиф дар китобаш ҷой додани қиссаи ҷавонзане аз Ховалинг буд, ки дар солҳои бистуми асри 20 аз ҳамлаи Артиши Сурх ҳамроҳи шавҳараш ба Афғонистон паноҳ мебарад ва дар онҷо аз ҷониби як қизилбоши маҳаллӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор мегирад.
Абдухалил Холиқзода рӯзи 7 августи соли 2023, Сӯҳроби Раҷабзода 14 август ва Абдуқодири Рустам 31 август дастгир шуданд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 15-уми август дар нишасти хабариаш гуфт, ки фармони боздошти Абдухалил Холиқзодаро шахсан худи ӯ додааст.
“Ӯ бо моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии ҶТ боздошт шудааст. Ман худам дастури боздошташро додам. Ба ҷои шукргузорӣ аз сиёсат ва шароит, ба танқиди шадиди он, таҳқири миллати тоҷик, ба ҷудо намудани минтақаҳои гуногуни мамлакат, ба таҳқир намудани намояндагони маҳалҳои гуногуни мамлакат, ба кинаю адоват андохтан, аҳолии Тоҷикистонро ҷудо кардан ба мазҳабҳои гуногун, ба динҳои гуногун ва мақсади асосӣ – шӯру ғавғо андохтан, ноорому ноамн намудани мамлакат фаъолияташро равона намуда, дар китобаш “Хаводиси рӯзгори ман” ҳамаи ин масъалаҳоро навиштааст”, – изҳор дошт Юсуф Раҳмон дар шарҳи тасмимаш.
Аммо мунтақидон ва мухолифони ҳукумат парвандаи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ҳамлаи бепарда ба озодии баёни бе ин ҳам дар Тоҷикистон хеле маҳдудшуда номида, маҳкум мекунанд. Ба ақидаи мунтақидон, сабаби аслии таъқиби муаллифи китоб интиқодҳояш аз фазои имрӯзаи кишвар, бахусус аз фишор ба сармоягузорону соҳибкорон ва ба як маризи фарогир табдил ёфтану фасоду коррупсия дар Тоҷикистон асту қиссаи он ҷавонзан танҳо як баҳона шуд.
Бархе манобеъ боздошти муаллиф ва муҳаррриру ношири “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ба вуҷуди муборизаҳо дар долонҳои ҳукумат ва наздикии Абдухалил Холиқзода бо ду вазири қудратӣ: раиси КДАМ Саймӯмин Ятимов ва вазири дохила Рамазон Раҳимзода рабт медиҳанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Холиқзода бо Абдулмӯмин ном бародари Ятимов тиҷорати муштарак дошт ва он қиссае, ки сабаби ҷанҷолу дар ниҳоят ҳабси ӯ шуд, дар китоб аз қавли Раҳимзода нақл карда шудааст.