ВидеоМинтақа ва ҷаҳонНуқтаи назарСиёсат

“МО ГУФТА БУДЕМ…” НОМАИ КАБИРӢ БА ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ ШАНХАЙ

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ, ду созмони оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯъ,  дар як нома ба дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Чжан Мин ва кишварҳои узви ин созмон, аз афзоиши мавридҳои иштироки зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла дар ҳодисаи хунини ахир дар шаҳри Кирмони Эрон, инро натиҷаи сиёсатҳои саркӯбгароёнаи ҳукумати кунунии Тоҷикистон номидааст.

“Солҳои ахир ҳодисаҳои террористӣ бо ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон бештар шудаанд ва охирон намунаи он ҳодисаи хунини шаҳри Кирмон аст. Мақомоти кишварҳои аврупоӣ ҳам аз боздошти тоҷикон дар робита ба парвандаҳои террористӣ хабар медиҳанд. Ҳатто раҳбарияти имрӯзаи Афғонистон низ бештарини террористҳои мавҷуд дар ин кишварро аз ҷумлаи тоҷикон медонад. Ҳанӯз 10 сол қабл коршиносон ва раҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ, аз ҷумла раҳбарияти ҲНИТ, ҳушдор дода буд, ки сиёсатҳои иштибоҳӣ ва ҷоҳталабонаи раҳбарияти Тоҷикистон оқибатҳои бад барои кишвари мо ва минтақа дорад ва боиси рушди ифротгароӣ ва терроризм хоҳад гашт…тақозо шуда буд, ки барои пешгирӣ аз ин оқибатҳо монеъи сиёсатҳои саркӯбгаронаи хукумат алайҳи мухолифин, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳизбу ҳаракатхои муътадил шаванд. Ин ҳушдорҳо ва дархостҳо аз тарафи ҳамагон нодида гирифта шуд ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бетафовутии ҷомеаи ҷаҳониро ҳамчун чароғи сабз барои идомаи саркғбҳо ва нақзи Созишномаи Сулҳ қабул кард”, – навиштааст Кабирӣ дар номааш.

Ин нома дар ҳолест, ки вазорати иттилооти Эрон, ки  умури амнияти Ҷумҳурии исломиро дар даст дорад, рӯзи 11-уми январи соли 2024 як зодаи Тоҷикистон бо лақаби “Абдуллоҳи Тоҷикӣ”-ро бомбсоз ва тарроҳи аслии ҳамлаи хунин дар Кирмон номид ва гуфт, ҳарду ҳамлагари маргталаб ҳам аз Тоҷикистон будаанд. Исми якеи онҳо, ба гуфтаи мақомоти амниятии Эрон,  Бозоров Исроил Амонуллоевич  буда, шазсияти дуюмиро ҳанӯз пурра дақиқ накардаанд, вале вазорати иттилооти Эрон гуфт, ки ӯ ҳам тоҷикистонист. Дар  ҳамлаи рӯзи 3 январ дар маросими ёдбуди генерал Қосим Сулаймонӣ дар Кировон наздики 100 нафар кушта шуданд.

Кабирӣ дар номааш бахусус аз мавқеъи, ба гуфтаи вай, бетарафонаи ду кишвари кафили асосии сулҳи тоҷикон: Русия ва Эрон интиқод карда, гуфт, бетарафии Маскав ва Теҳрон “боиси ҷасорати бештари Эмомалӣ Раҳмон гашт”.

“Натиҷаи ин ҳама, имрӯз рӯйи саҳна омадани ифротгароӣ ва терроризм ба ҷои нерӯҳои муътадили сиёсӣ ва динӣ мебошад”, – афзудааст раҳбари Паймони миллӣ, ки эътилофи 4 созмони умдаи оппозитсияи тоҷик аст.

Ӯ меафзояд, раҳбарони Паймони миллӣ “аз рушди ифротгароӣ дар кишвар сахт нигарон буда, масъули асосии ин вазъият раҳбарияти Тоҷикистон, ва шахсан Эмомалӣ Раҳмонро медонад”.

Кабирӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар  поймол кардани созишномаи сулҳ ва аз саҳнаи сиёсӣ рондани тарафи дигари ин  сулҳ “ба хотири идомаи қудрат ва хонаводагӣ кардани ҳокимият” айбдор кард ва гуфт: “Ин боиси ноумедии ҳазорҳо ҷавон ба равандҳои мусолиҳатомези сиёсӣ ва ояндаи худу кишвар ва пайвастани онҳо ба созмонҳои ифротӣ гашт. Боиси таассуф аст, ки равандҳои манфӣ, мисли худкомагӣ, саркӯбгарӣ, фасод ва хонаводагӣ шудани ҳокимият дар кишвар идома дорад, ки натиҷае ҷуз рушди бештари ифротгароӣ ва терроризм нахоҳад дошт. Таъсири манфии ин раванд на танҳо ба амнияти кишвари мо, балки ба минтақа ва ҷаҳон ҳам расидааст.

Кабирӣ аз Созмони Шанхай ва кишварҳои узви он хостааст, ки ин нигарониҳоро ҷиддӣ гирифта, барои пешгирӣ аз сиёсатҳои, ба таъбири ӯ буҳронзои  ҳукумати Тоҷикистон иқдом кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ин номаи Кабириро, ки рӯзи 9 январи соли 2024 нашр шудааст, то ҳол шарҳ надодаанд. Созмони ҳамкории Шанхай низ дар бораи ин нома ҳанӯз изҳори назар накардааст.

Созмони ҳамкории Шанхай бузургтарин созмони минтақавӣ буда, 9 кишвар: Хитой, Русия, Ҳинду Покистон, Эрон, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистонро муттаҳид мекунад. Аз соли 2022 дабири кулли ин созмон намояндаи Хитой Чжан Мин аст. Тоҷикистон чанд сол боз талош дорад, то Созмони ҳамкории Шанхай созмонҳои оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯъ, бахусус ҳизби наҳзати исломиро ба рӯйхатти сиёҳаш шомил кунад.

Муҳиддин Кабирӣ, зодаи ноҳияи Файзобод ва вакили собиқи парлумони Тоҷикистон, 59 сол дошта, соли 2006, дар пайи даргузашти асосгузори ҲНИТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ раиси ин ҳизби умдаи мухолифи ҳукумат ва соли 2018, билофосила баъди таъсисаш раиси Паймони миллӣ, як эътилофи умдаи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик интихоб шуд. Муҳиддин Кабирӣ соли 2015, ҳанӯз чанд моҳ қабл аз бастани ҳизбаш тарки Тоҷикистон кард ва ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад. Дар Тоҷикистон ҲНИТ ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳо ифротӣ ва террористӣ дароварда шудааст. Паймони миллӣ соли 2019, ҳамагӣ як сол баъди таъсисаш дар Тоҷикистон ба рӯйхатти сиёҳи созмонҳои ифротӣ шомил карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзора, Насиҳати моро ҳам гӯш кунед! гуяд:

    “Чун қофия танг ояд, шоир ба ҷафанг ояд!”
    Авҷи исломситезӣ дар аврупо, рейдҳои “зиддитеррористӣ”, боздоштҳо бо гумони тарҳрезии амалҳои террористӣ, шакку шубҳа ба паноҳҷӯёни мазҳабӣ ва ғайра баъзеҳоро водор кардааст, ки созмонеро “насиҳат” кунанд, ки сарони кишварҳои аъзои он “гулчин”-и диктаторҳо ҳастанд.
    Ду чиз ба диктатор нафъ мерасонад: якум агар диктатор зидди “террор” биҷангад; дуввум агар “террор” зидди диктатор биҷангад (ҳарду ҳолат ба зарари ислом ва муслимин хоҳад буд).

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button