ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

МАОШУ НАФАҚАҲО АЗ 30 ТО 40 ФОИЗ ЗИЁД МЕШАВАД: БАРОИ МАҚОМОТИ ҚУДРАТӢ – АЗ 1 ЯНВАР, БАРОИ ДИГАРОН – АЗ 1 ИЮЛ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 январи соли 2024 фармони №671 дар бораи боло бурдани маошу нафақаҳоро имзо кард. Аз 30 то 40 фоиз боло бурдани маошу нафақаҳо дар соли 2024 аз ҷумл ваъдаҳои асосии Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш дар санаи 28 декабр буд.

Бар асоси фармони президент «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо”,  маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алакай аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуд.

Хадамоти матбуоти президент дар шарҳи ин фармон навишт, вобаста ба ин, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар  карда мешавад.

Инчунин андозаи маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти дар боло ишорашуда ба андозаи 1390 сомонӣ муқаррар мегардад.

Ҳамзамон бо ин дар фармони президенти Тоҷикистон ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.

Маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 40 фоиз зиёд мегардад.

Вобаста ба ин аз 1 июли соли 2024 андозаи маоши заминавии хизматчиёни маъмурии хизмати давлатӣ барои мансабҳои категорияи олӣ 1120 сомонӣ, барои мансабҳои категорияҳои якум, дуюм, сеюм, чорум 1045 сомонӣ ва барои мансабҳои категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтум 1160 сомонӣ муқаррар шудааст.

Инчунин, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба 620 сомонӣ баробар гардид.

Стипендияҳои кунунии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 40 фоиз боло бурда мешаванд. Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо аз 1 июли соли 2024 дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон зиёд карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, маблағгузории хароҷоти зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо дар соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмин мегардад.

Сокинон аз тасмими боло бурдани маошу нафақаҳо дар Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ мекунанд, вале дар айни замон аз он шикоят доранд, ки ҳанӯз фармони афзоиши маошу нафақаҳо имзо ношуда, мақомот нархи барқу обу хидматҳои коммуналӣ ва дигар хидматрасониҳоро боло бурданд, ки ин самара ва таъсири мунтазираи афзоиши маошҳоро ба сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ тақрибан ҳеҷ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз лиҳози сатҳи маошу нафақа дар байни собиқ кишварҳои Шӯравӣ дар зинаи аз ҳама охирин ҷой гирифтааст.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии
хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:

1. Аз 1 январи соли 2024:

— маоши вазифавӣ (меъёрҳои тариф)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 40 дарсад зиёд карда шавад;

— маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар карда шавад;

— андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомонӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, муқаррар карда шавад.

2. Аз 1 июли соли 2024:

— ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

— маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ 40 дарсад зиёд карда шавад;

— андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 40 дарсад зиёд карда шуда, 620 сомонӣ муқаррар карда шавад;

— андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияи олӣ 1120 сомонӣ, категорияҳои якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба андозаи 1045 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1160 сомонӣ муқаррар карда шавад;

— стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 40 дарсад зиёд карда шаванд;

— нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

— амалишавии фармони мазкурро дар соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;

— дар муҳлати як моҳ санадҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд;

— ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва ҳолатҳои дигар ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд (ба ғайр аз нафақа)-ро мутобиқи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудааст, амалӣ намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
9 январи соли 2024
№671

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button