ВидеоНомаҳо ба президентСиёсат

БАРКАНОРИИ ГЕНЕРАЛ ПИРАКЗОДА АЗ МАҚОМИ МУОВИНИ АВВАЛИ ФАРМОНДЕҲИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ БАЪДИ ҲАМАГӢ 4 МОҲИ КОР (ВИДЕО+6 АКС)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 декабри соли 2023 бо имзои ду фармон ва ду қарори ҳукумат дар мақомҳои баланди фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ чанд тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Аз ҷумла бо фармони президент Пиракзода Ҳикматулло “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини якуми фармондеҳ — сардори Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ озод карда шуд. Бо фармони дигари президент ба ин мақом билофосила Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб таъйин гардид.

Ба кадом “кори дигар” гузаштани генерал Пиракзода низ зуд маълум шуд. Бо қарори ҳукумат аз рӯзи 22 декабр Пиракзода  сардори Донишкадаи олии сарҳадии  КДАМ ҶТ таъйин гардида, Мирзозода Саломатшо Бозорбой “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи сардори ин донишкада озод карда шуд. Дар бораи ба кадом “кори дигар” гузаштани Мирзозода ягон маълумот дода нашудааст.

Сабаби ин тағйироти ахири кадрӣ низ номаълум боқӣ мемонад. Бахусус дар ҳоле ки генерал Пиракзода тоза чор моҳ пеш – 8 августи соли 2023 ба мақоми муовини аввали фармондеҳи Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Лозим ба гуфтан аст, ки генерали собиқадори қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон Ҳикматулло Пиракзода инак бори дуюм аз мақоми муовини аввал фармондеҳ ба курсии сардори Донишкадаи сарҳадӣ “бадарға” карда мешавад.

Пиракзода аз соли 2017 то 2020 муовини аввали фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ буд ва моҳи июли соли 2020 аз ин мақоми баланд низ ба ҳамин мақоми начандон баланди сардори Донишкадаи олии сарҳадӣ “бадарға” шуда буд ва се сол онҷо кор кард. 8 августи соли ҷорӣ генерал Пиракзодаро дубора ба мақоми муовини аввали генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ оварданд, вале ин бор ӯ дар ин курсии баланд ҳамагӣ 4 моҳ кор кард.

Сабаби ба чунин зудӣ тарки ин мансаби баланд кардани генерал Пиракзода суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ки ҳанӯз беҷавоб боқӣ мондаанд.

Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон билофосила дар пайи тағйироти кадрии анҷомшуда  бо кадрҳое, ки дар мақомоти роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадӣ таъин гардиданд, суҳбат кардааст.

Нахуст Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аз вазъи имрӯзаи печидаву пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, Қӯшунҳои сарҳадиро “сипари боэътимод дар таъмини суботу амнияти ҷомеа ва неруи асосии пешгирикунандаи ҳама гуна амалҳои халалдоркунандаи ҳаёти осоиштаи мардум” арзёбӣ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки иҷрои ин вазифаи муқаддасу пуршараф аз ҳар як афсари ин ниҳод поквиҷдонӣ, маҳорати баланди касбӣ, фидоии миллату давлат будан ва руҳану ҷисман омода будан ба таъмини ормонҳои миллӣ ва фазои амнияту осоишро талаб менамояд.

Пешгирии ҳамагуна зуҳуроти барои ҷомеа хатарнок экстремизм, терроризм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, молу маҳсулот, риояи ҳатмии оинномаҳои ҳарбӣ, таъмини назорати пурраи сарҳади давлатӣ, таъминот бо техника ва лавозимоти зарурии ҳарбӣ, машқҳои мунтазами низомӣ ва баланд бардоштани сатҳу савияи донишҳои техникии афсарону аскарони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз мавзуъҳои асосии суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони Қӯшунҳои сарҳадӣ ном бурда мешавад. Дар фарҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон итминон додааст, ки дар оянда низ баҳри беҳтар намудани шароитҳои хизмати ҳар як низомии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Таъиноти кадрӣ 22.12.2023

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Пиракзода Ҳикматулло

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Пиракзода Ҳикматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
22 декабри соли 2023
№662

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми Фармондеҳи
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҷабзода М. Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
22 декабри соли 2023
№663

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 22 декабри соли 2023 №557
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Донишкадаи
олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Мирзозода С.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мирзозода Саломатшо Бозорбой бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 22 декабри соли 2023 №558
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Донишкадаи
олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Пиракзода Ҳикматулло

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Пиракзода Ҳикматулло сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда  шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button