ВидеоИқтисодНомаҳо ба президентТоҷикистон

ЧАРО 7 СОЛ БОЗ ПУЛҲОИ АМОНАТГУЗОРОНИ БОНКИ БАРҲАМХӮРДАИ “ТОҶПРОМБОНК”-РО БАРНАМЕГАРДОНАНД?

Аз расво (банкрот) шудани “Тоҷпромбонк” инак қариб 7 сол гузашт ва 31 июли соли 2023 ин бонкро расман барҳам доданд, вале то ҳол беш аз 130 миллион сомонӣ қарзи ин бонк, аз ҷумла 26,6 миллион сомонӣ қарзаш аз 169 амонатгузори боқимонда то ҳол пардохт нашудааст.

Қарзҳои боқимондаи “Тоҷпромбонк” аз инҳоянд:

  1. 77 миллион сомонӣ қарзи вазорати молияи Тоҷикистон
  2. 27 миллион сомонӣ  қарзи Бонки миллии Тоҷикистон
  3. 26,6 миллион сомонӣ – қарзи 169 амонатгузори боқимонда, ки дар вақташ шартҳои 50 ба 50 ва ҳатто 25 ба 75 ҳисса гирифтани пасандозҳои худро беинсофӣ хонда, напазируфтанд
  4. 2 миллион сомонӣ қарзи лоиҳаи давлатӣ
  5. Қарзи шахсони ҳуқуқӣ (корхонаву ширкатҳо).

Барои баробар кардани ҳисобҳои бонк инак қариб 7 сол боз дар “Тоҷпромбонк” маъмурияти беруна амал мекунад. Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе 5 сентябри соли 2023 Шодмон Холовро мудири махсуси “Тоҷпромбонк” таъйин кард. Холов аз ин вазифаи ҷанҷолӣ даст кашид, вле 21 сентябр додгоҳи иқтисодии пойтахт дигарбора ӯро ба ин мақом таъйин кард ва Холов Шодмон, амалан метавон гуфт, ки маҷбурӣ ба иҷрои ин вазифа оғоз кард.

Мудири нав тамоми моҳи октябрро барои омӯхтани мушкилоти бонк саргардон буд ва моҳи ноябр билохира қарор баровард, ки ба ҳар амонатгузори боқимондаи “Тоҷпромбонк” 400 сомонӣ, баробари тақрибан 36 доллар, пул ҷудо кунанд.  Барои 169 нафаре, ки ба ҳисоби миёна, ҳар кадомаш дар “Тоҷпромбонк” камаш 155 ҳазор сомонӣ доштт ва ин бо қурби аввали соли 2017, замони қатъи фаъолияти “Тоҷпромбонк”, ин беш аз 20 ҳазор долларро ташкил медод!

Амонатгузорон мегӯянд, аз ин қабл моҳи июли соли ҷорӣ мудири махсуси  ҳамакнун собиқи  ин бонк Фирӯз Шарипов барои ҳар кадоми онҳо 500 сомонӣ ҷудо карда буд.  Яъне дар нимаи дуюми соли ҷорӣ ҳар як амонатгузор аз бонке, ки пасандозҳояшонро онҷо гум кардааст, ҳамагӣ 900 сомонӣ гирифтааст, ки ба гуфтаи амонатгузорон, барои таъмини ҳатто як гӯшаи зиндагиашон ҳам аслан кифоят намекунад.

Буҳрони иқтисодии даҳаи дуюми асри 20 боиси аз байн рафтани 4 бонк дар Тоҷикистон шуд. “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” моҳи феврали соли 2017 қатъи фаъолият карданд ва ду бонки бузургтари “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” баъди кӯшишҳои нокоми бо кумаки ёронаҳои ҳукумат аз вартаи варшикастагӣ берун кашидани онҳо – дар моҳи майи соли 2021.

Аз 4600 амонатгузори “Тоҷпромбонк” беш аз 4400 нафараш бо дарёфти як қисми ночизи пасандозҳои худ (асосан бо таносуби 50 ба 50  ва ҳатто 25 ба 75 ва он ҳам на бо пули нақд, балки бештар бо услуби “бартер”, яъне ягон иншоот ё техника дар ивази пул) иктифо карданд, вале 169 нафар то имрӯз истодагарӣ карда истодаанд ва ҳаққи худро талаб доранд.

Амонатгузорон мегӯянд, имкони воқеии пӯшондани тамоми қарзҳои бонк аз ҳисоби фурӯши амволи ҳабсшудаи раиси пешини “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёев вуҷуд дорад, вале на роҳбарони Бонки миллӣ, на раиси додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ва на судяи ин додгоҳ Зулфия Саидзода, ки иҷрои ҷараёни барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” ба дӯши ӯ вогузор шудааст, онҳроро қабул намекунанд ва пешниҳодҳояшонро шунидан намехоҳанд.

Раиси собиқи “Тоҷпромбонк”, ки моҳи декабри соли 2020 ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд, ба гуфтаи амонатгузорон барои пӯшондани қарзҳои бонк бинову иншоот ва корхонаҳои зиёдеро ба мақомот супурда буд. Амонатгузорон мегӯянд, ба ҳисоби Палатаи ҳисоб ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳамон вақт нархи иншооти супурдаи Ҷамшед Зиёев 250 миллион сомониро ташкил медод ва барои пурра пӯшондани қарзҳои бонк кифоят мекард.

11 бинову иншооти супурдаи Ҷамшед Зиёев то ҳол дар ҳабси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор дорад. Бар асоси қарори муфаттиши Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нусхааш дар ихтиёри идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” қарор дорад, ин иншооти Зиёев ба ҳабс гирифта шудаанд:

  1. Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Кирови шаҳри Душанбе
  2. Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Кирови шаҳри Душанбе
  3. Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Кирови шаҳри Душанбе
  4. Манзили истиқоматӣ дар гузаргоҳи дуюми кӯчаи Ҳусейнзодаи шаҳри Душанбе
  5. Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Деҳлавии шаҳри Душанбе
  6. Манзили истиқоматӣ дар Ховарон (Теппаҳои шарқӣ) дар шаҳри Душанбе
  7. 50% саҳмияҳои ҶСК “Шарбат”, воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент
  8. 100% саҳмияҳои ҶДММ “ТПБ Аква”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 201 шаҳри Душанбе
  9. 100% саҳмияҳои ҶДММ “ТПБ ПЕТ”,  воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 201 шаҳри Душанбе
  10. 60% саҳмияҳои ҶДММ “ТПБ Аква” дар ҶСП “RC Душанбе”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 201 шаҳри Душанбе
  11. 50% саҳмияҳои ҶДММ “Азиз Ко ЛТД”, воқеъ дар  гузаргоҳи дуюми кӯчаи Титови шаҳри Душанбе

Амонатгузорон мегӯянд, яке аз хонаҳои марбут ба Ҷамшед Зиёев, ки ҳоло дар ҷои он бинои баландошёна сохта истодаанд, дар вақташ 3 миллион доллар арзиш дошт. Ҳамин тавр, арзиши корхонаи нӯшокиҳои “ПЕТ” дар вақташ 64 миллион сомонӣ баровард шуда буд.

Амонатгузорон мегӯянд, агар ин иншоотро аз ҳабс бароварда, бо мақсади пӯшондани қарзҳои боқмондаи “Тоҷпромбонк” ба фурӯш гузоранд, масъала барвақт ҳал мешуд,  вале чунин ба назар мерасад, ки доираҳои алоҳидаи пурнуфузе дар мақомоти баландпоя ба ҳалли ин масъала ва  пурра пӯшондани мушкили “Тоҷпромбонк” ва қарздоронаш манфиатдор нестанд.

Чанд мудири махсуси “Тоҷпромбонк” низ дар суҳбатҳои инфиродӣ бо амонатгузорон эътироф кардаанд, ки агар мақомоти баландпояи сиёсӣ тасмим бигиранд, ҳалли мушкили пардохти қарзи онҳо барои маъмурияти муваққати бонк ду карат ду аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button