ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

ВИДЕО +18: АЗОБУ УҚУБАТ ВА ШИКАНҶАИ ЯК КӮДАКИ СИНФИ 9 АЗ СӮИ МАРДЕ БО НОМИ ФИРДАВС БО ЛАҚАБИ “ДАВСИК”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар канали “Парвиз ТВ” сабти видеоии латтукӯб ва бо электрошокер азобу уқубат ва шиканҷа додани як ноболиғ аз ҷониби як марди калонсол, ки як нафар дар ҷараёни сабт ӯро бо номи Фирдавс ном мебарад, нашр шуда, мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овардааст.

Корбарон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи  Тоҷикистон тақозо доранд, то ин нафарро  дастгир карда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бикашонанд.

Ба гуфтаи муаллифони видео, ин нафар Фирдавс ном ва “Давсик” лақаб дошта, гӯё аз Буниҳисорак (маҳаллае дар шаҳри Душанбе) будааст. Гуфта мешавад, ки “Давсик” як писари ноболиғи синфи 9-ро ба яке аз қабатҳои болоии яке аз  биноҳои маъруф ба “биноҳои зарди Қайроққум”, воқеъ дар наздикии маҳаллаи Буниҳисорак ва Донишгоҳи миллӣ бурда, дар тӯли тақрибан 2 соат бо электрошокер ва мушту лагат ӯро азобу уқубат ва шиканҷа додааст.

Сабаби даст ба шиканҷаи ноболиғ ва он ҳам бо электрошокер задани “Давсик” маълум нест. Маълум нест, ки ӯ корманди ягон мақомот аст ё худсарона даст ба “самосуд” задааст? Ин ҳам маълум нест, ки оё ин ноболиғ чӣ гуноҳ кардааст, ки ӯро бо электрошокер азоб медиҳанд?

Дар ҷараёни сабти кӯтоҳ, ки ҳамагӣ 20 сония аст, дида мешавад, ки ҳар дафъае, ки “Давсик” ба бадани наврас электрошокер мемонад, доду фарёди он наврас баланд мешавад ва “Давсик” аз ӯ мепурсад, ки “Сиёҳпичамарг! Боз мегӯӣ? Мегӯӣ? ” Дар байни сабт садои як нафар аз ҳамроҳони “Давсик” шунида мешавад, ки “бас, акаи Фирдавс!”

Ёдовар мешавем, ки қонунгузории Тоҷикистон барои худсарона ҷазо додан (“самосуд”) ва ҳамин тавр, барои азобу уқубат ва шиканҷа ҷазоҳои сахт муқаррар кардааст.

Аз ҷумла қисми дуюми моддаи 117 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  барои азобу уқубати нафари баръало ноболиғ ё шахсе, ки нотавон будани ӯ барои гунаҳгор аён аст, ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Агар ин “Давсик” корманди ягон мақомот бошад, пас кирдори ӯ ҳамчун шиканҷа метавонаж таъбир шавад. Қисми дуюми моддаи 143, иловаи яки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  барои шиканҷа, яъне қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар, ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. 

Моддаи 316 бошад барои баромадан аз ҳадди ваколат ҳамчун ҷазо ҷаримаи ҳангуфт ваё то 4 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Қонунгузории Тоҷикистон ҳамчунин барои ҷазои худсарона “самосуд”) муҷозоти сангинро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Панҷ моҳ пеш 23-юми июни соли 2023 шоҳиди чунин ҷиноят шудем, ки ба фалокат анҷомид.
    Давсик самосуд оянда муовини аввали раиси ягон бонкро дӯздида, дараи Варзоб мебарад ва бо электрошокер то дами марг шиканҷа дода, баъдан ба дарёи пуртуғён мепартояд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button