ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БИБИОИШАИ 13-СОЛАРО ЁФТА, БА ПАДАРУ МОДАРАШ СУПУРДААНД

 Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон рӯзи 30 ноябри соли 2023 бо нашри акси духтари 13-солае, ки ду рӯз қабл хабари гум шуданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд, хабар дод, ки “раёсати кофтукови ҷиноятии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Раҷабова Бибиоиша Парвизовна, соли таваллудаш 2010, сокини шаҳри Душанберо, ки аз санаи 28.11.2023 сол аз манзили истиқоматиашон баромада, бедарак ғайб зада буд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дарёфт намуда, сиҳату саломат ба волидайнаш супорида шуд”.

Ин ниҳод дар бораи ин чанд муддат дар куҷо будани ин духтари наврас ва ҳамчунин чӣ гуна ва аз куҷо ёфтани ӯ ягон тафсилот надодааст. Аммо бисёриҳо дар зери эълони гум шудани Бибиоиша навишта буданд, ки дар ин синни 13 ё 14, ки синни гузариш аст, фарзандон, бахусус духтарон, хеле нозук мешаванд ва ҳатто як ранҷиши ночиз метавонад онҳоро ба иқдомҳое, чун фирор аз хона, таҳрик диҳад.

Рӯзи 28 ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълоне нашр шуд, ки дар он гуфта мешуд, Раҷабова Бибиоиша Парвизовна, санаи таваллудаш 08.05.2010, субҳи 28 ноябри соли 2023, соати 6:30 аз хона баромада, бедарак шудааст. Бори охир тақрибан баъди соати 7:00 Бибиоишаро дар атрофи мактаби Гагарин дида будаанд. Волидони Бибиоиша аз аҳли ҷомиа хоста буданд, ки дар ҷустуҷӯи ҷигарбандонашон дасти кумаки худро дареғ надоранд.

Хушбахтона, ин қазия бо фарҷоми хуш ба поён расид ва Бибиоишаро сиҳату саломат ба канори падару модараш баргардонданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button