РЕКТОР Ё “РЭКЕТИР”? 23 УСТОДИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ РАШТРО АЗ ХОБГОҲИ ИН ДОНИШКАДА ПЕШ КАРДААНД (3 АКС)
Нашрияи “Пайк” бо нашри се акс дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки аз соати ҳашти субҳи 29 ноябри соли 2023 ректори Донишкадаи омӯзгории Рашт Раҷабзода Маҳмадёр Носир ҳамроҳи муовинонаш ва муҳофизони донишкада 23 омӯзгори ин муассисаи таълимиро худсарона аз хобгоҳи донишкада пеш кардаанд. “Пайк” навиштааст, рафтори ректори донишкада Раҷабзода ба “рэкетир” шабоҳати бештар дошт, то ба ректор.
Сабаби чунин тасмими маъмурити донишкада маълум нест, вале бино ба иттилои Саид Ҳайдар, муаллифи гузориш, “чизу чораи омӯзгоронро дар саҳни донишгоҳ рехта ва ҳатто дар пеши чашми донишҷӯён омӯзгоронро таҳқир карданд”. Ӯ меафзояд, ки ректор Раҷабзода худаш “бо як бераҳмии махсус на ҳамчун ректор, балки чун “рэкет”дарҳои ҳуҷраҳои хоби устодонро дар хобгоҳи муаллимон шикаста, бо зердастонаш ҷиҳози онҳоро ба берун бароварда партофтанд ва муалимонро ҳар гуна суханҳои бад гуфта талаб намудааст, ки ӯ вазифадор нест, ки муаллимонро бо хобгоҳ таъмин намояд.”
Ин дар ҳолест ки баъзе аз устодон аз ноҳияҳои Сангвор, деҳаҳои дурдасти ноҳияи Нуробод, аз ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод буда, ба ҷуз аз ин хобгоҳ сарпаноҳи дигаре дар Рашт надоранд. Гуфта мешавад, омӯзгорони рондашуда қариб ҳамаашон устодони таҷрибадору унвондор будаанд.
Муқимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт низ дар сӯҳбат бо “Пайк” аз Донишкадаи омӯзгорӣ барояш расидани хабарҳои ташвишоварро тасдиқ карда, гуфтааст: “Донишкадаи омӯзгории Рашт ҳамқадами истиқлолияти давлатӣ буда, соли 2008 маҳз бо ташаббуси президент Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини кадрҳои омӯзгории минтақа бунёд карда шудааст. Ҳоло дар ин муассисаи олии таълимӣ 3500 донишҷӯ таҳсил доранд, ки баҳри ҷавобгӯ будан ба мутахассиси замони нав аз тарафи давлат тамоми шароити лозима муҳайё карда шудааст. Вале вақтҳои охир аз чӣ бошад, ки баъзе аз проблемаҳо дар ин донишкада пайдо гардида истодаанд, ки аз бемасъулиятии раёсати донишкада дарак медиҳад”.
Ректори Донишкадаи омӯзгории Рашт Раҷабзода то кунун ин хабарҳоро шарҳ надодаст, вале “Пайк” ректор Раҷабзодаро айбдор кардааст, кти ба ҷои боло бардоштани обрӯи муаллимону бо имтиёзҳо таъмин кардани онҳо, обрӯи муаллимони донишкадаро “баракс ба хоки сиёҳ яксон намуд”. Дар гузориш акидан таъкид шудааст, ки манзараи чӣ гуна аз хобгоҳ бо зӯрӣ пеш кардани муаллимонро садҳо донишҷӯи ин муассисаи таълимӣ тамошо мекард ва табиист, ки дидани чунин аҳволи зори омӯзгорон ин донишҷӯёнро нисбат ба касби омӯзгорӣ чандон дилгарм намекунад.
“Пайк” менависад, ки то кунун шумори зиёде аз омӯзгорони Донишкадаи Рашт, аз ҷумла Авазов Рабон, Тақтиров Абдуназар, Сайвалиев Наҷибулло, Одинаев Маҳмадулло, Шарипов Ҳоким, Худойдодов Ҳаким, Сурхаков Муслиҳиддин, Мирзоев Ҳикматулло, Азимов Лутфулло, Мақсудов Исматулло, Рустамов Насимҷон, Алимов Н, Мададхонов Маҳмадрӯзӣ, Азимов Фирдавс баъди ректор таъйин шудани Раҷабзода тарки кор карданд ва ”бар асари хунукназарии ректор имрӯз 23 устоди Донишкада баякбор мехоҳанд тарки вазифа намоянд”.
Нашрия пурсидаст, ки “ба ин кирдори булаҷабонаи ректори Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт Раҷабзода Маҳмадёр Носир мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла мақомоти прокуратура, раиси ноҳияи Рашт, Вазири маориф ва илм чӣ баҳои қонунӣ медода бошанд?”