Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ СЕ ДУЧАРХАРОН ВА ЯК ПИЁДАГАРД ДАР 4 САДАМА ДАР 2 РӮЗИ 26 ВА 27 ОКТЯБР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати 4 нафар: 3 дучархарон ва як пиёдагард дар 4 садамаи рӯзҳои 26 ва 27 октябри соли 2023 хабар дод.

Аз ҷумла шаби 26-уми октябри соли 2023, тахминан соати 21:30, ронандаи мошини тамғаи “Тoйота-Кoролла”, Абдуллоев Дӯстмурод Ғолибович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо дучарха таҳти идораи ронанда, Ғозиев Абдулло Ишназарович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бархӯрдааст. Дучархарон дар натиҷаи ин бархӯрд ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, зери мошини тамғаи “Тoйота-Кемри”, таҳти идораи ронанда, Абдукаримов Комилҷон Амонуллоевич, соли таваллудаш 1995, афтидааст. Дар натиҷа, дучархарон Ғозиев А.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Нимаи дуюми рӯзи 26-уми октябри соли 2023, тахминан соати 17:30, ронандаи дучархаи тамғаи “Минск”, Боронов Баҳодур Бозорович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи дучархааш набаромада, ба чуқурии канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, Боронов Б.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Субҳи 27-уми октябри соли 2023, тахминан соати 09:00, ронандаи мошини боркаши  тамғаи “ЗИЛ ММЗ3-4502”, Ҷоншоҳи Тошӣ Ғуломзода, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба дучархаи тамғаи “Peda-suher” таҳти идораи ронанда, Абдуев Абдураҳмон Умарқулович, соли таваллудаш 1999, сокини ҳамин ноҳия, ки бе ҳуҷҷати ронандагӣ аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Данғара ҳаракат мекард, бархӯрдааст.Дар натиҷа, ронандаи дучарха, Абдуев А.У. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Шоми 27-уми октябри соли 2023, тахминан соати 18:20, ронандаи мошини тамғаи “Ҳово”, Ҷабборов Саидмухтор Худойдодович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи М.Турсунзода ба самти кӯчаи У.Аловиддинов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳаётов Абдумаҷид Мирзоевич, соли таваллудаш 1952, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Ҳаётов А.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button