АфғонистонВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО УЗБЕКИСТОН 90 КИЛО ҲЕРОИНУ АФЮН ВА ҲАШИШИ “БЕСОҲИБ” ЁФТААНД (ВИДЕО)

Кормандони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар вилояти Сурхондарё ҳамроҳ бо марзбонони ӯзбек аз як пинҳонгоҳ дар наҳди деҳаи Чашмаи ноҳияи Сариосиё дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон миқдори бузурги иборат аз 90 кило маводи мухаддир пайдо кардаанд.

Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки 39 килою 409 грамм маводи мухаддири ёфтшуда ҳероин, 35 килою 715 граммаш афюн ва 14 килою 545 грамми боқимондааш ҳашиш будааст.  Ҳамаи ин маводи мухаддир, ки дар маҷмӯъ 89 килою 699 граммро ташкил медиҳад, мусодира гардида, дар робита ба ин қазия аз ҷониби шуъбаи рафтишоти раёсати амнияти вилояти Сурхондарё бар асоси қисми дуюми моддаи 246 Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон бо иттиҳоми қочоқ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Дар бораи ба кӣ тааллуқ доштани ин миқдори бузурги маводи мухаддир, ки нархашро дар бозори сиёҳ чанд миллион доллар рақам мезананд,  чизе гуфта намешавад. Дар иттилоия танҳо гуфта шудааст, ки “барои муайян кардани шахсияти соҳибони ин маводи мухаддир чораҳои зарурӣ андешида мешаванд”.

Ин нахустин мавриди дарёфт ва мусодираи миқдори бузурги маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон нест.

Ёдовар мешавем, субҳи барвақти 7 сентябри соли 2023 кормандони боҷхонаи “Сариосиё” дар марзи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон  бо шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон аз дохили мошини боркаши тамғаи “Волво”, ки холӣ ва бе ягон бор аз Тоҷикистон ворид шуда буд, дар 66 баста  қариб 70 кило маводи мухаддар ёфтаанд. Гузаргоҳи “Сариосиё” дар рӯбарӯи гузаргоҳи “Пахтаобод”-и Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ташхис нишон дод, ки дар 30 баста қариб 32 кило ҳероин ва дар 36 бастаи дигар беш аз 37 кило афюнро ҷобаҷо карда будаанд.

Моҳи ноябри соли 2021 кормандони боҷхонаи “Ойбек” дар марзи вилояти Тошканди Ӯзбекистон бо вилояти Суғди Тоҷикистон аз як пинҳонгоҳ дар дохили мошини боркаше, ки аз Тоҷикистон ба Русия қариб 21 тонна ангур мебурд, дар умум 156 кило маводи мухаддири “афғонӣ”, аз ҷумла наздики 150 кило кило ҳашиш (чарс), қарим чоруним кило афюн ва беш аз якуним кило ҳероин ёфт ва мусодира карда буданд.

Моҳи феврали соли 2022 бошад, дар ҳамин боҷхонаи “Ойбек” аз як пинҳонгоҳ дар дохили як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон тавассути Ӯзбекистон ба Русия бор мебурд,  232 бастаи вазни умумиашон 229 кило ҳероинро пайдо карданд. Он вақт гуфта буданд, ки нархи ин миқдори ҳероин дар бозори сиёҳи Аврупо аз 12 то 14 миллион доллар баровард мешавад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст. Як қисми аъзами ин маводи мухаддир аз ҷониби қочоқбарон бо истифода аз қаламрави Ӯзбекистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, интиқол дода мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button