ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

САҲНАСОЗӢ? ОҒОЗИ МУРОФИАИ 5 ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ҚАСДИ ТАРКОНДАНИ БИНОИ ФСБ

Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбӣ дар Маскав рӯзи 23 октябри соли 2023 ба муҳокимаи парвандаи пурсарусадои 6 нафари муттаҳам ба узвият дар гуруҳи террористии ДОИШ ва қасди таркондани бинои ФСБ (Хадамоти федералии амнияти Русия) дар майдони Лубянка дар маркази пойтахти Русия оғоз кардааст. Дар ин бора рӯзи 26 октябр дар хадамоти матбуоти ин додгоҳ ба хабаргузории расмии русии  ТАСС хабар доданд. Бино ба иттилои додгоҳ, яке аз муттаҳамон сокини қаблан барои дуздӣ судшудаи Доғистон ва 5 нафари боқимонда аз Тоҷикистон буда, ҳамагӣ аз 19 то 25 сол доранд:

  1. Ҳоҷимурод Ҳасаналиев, зодаи Доғистон
  2. Манучеҳр Бӯриев ва
  3. Амакбачааш Раҷабалӣ Бӯриев
  4. Абдумалик Самиев
  5. Самандара Тошмуродов
  6. Абдуқодир Тоиров.

Дар ин парвандаи муттаҳами ҳафтум низ будааст, вале азбаски ӯ бо тафтишот аз аввал ҳамкорӣ дошт, парвандаи ӯро алоҳида баррасӣ хоҳанд кард.

Худи муттаҳамон барои шарҳи парванда дастрас нестанд, вале тафтишот мегӯяд, ки онҳо дар Маскав дар сохтмонҳо ё ҳамчун курйер кор мекарданд ва гӯё Абдуқодир Тоиров, ки ҳамагӣ 23 сол дорад, розӣ шудааст, ки нақши ҳамлагари маргталабро иҷро карда, худро дар дохили бинои ФСБ дар маркази Маскав битарконад.

Адвокатҳо ин парвандаро сиёсишуда номида гуфтаанд, ки дар асл нафарони зери ҳимояти онҳо қурбони амалҳои таҳрикомези кормандони ФСБ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни тафтишот 5 тан аз айбдоршавандагон гуноҳи худро пурра ё қисман эътироф карда, танҳо якеаш гуфтааст, ки худро гунаҳкор намешуморад.

Додгоҳ гуфт, адвокатҳо талаб кардаанд, ки тамоми парвандаро ба забони тоҷикӣ тарҷума кунанд, чунки нафарони зери ҳимояи онҳо русиро хуб намедонанд. Вале дар додгоҳ инро “кӯшиши бо коғазбозӣ тӯл додани мурофиа” номида, гуфтаанд, дар рӯзи аввали мурофиа матни айбномаи ниҳоиро ба тоҷикӣ тарҷума карда, айбдоршавандагонро бо он шинос кардаанд. Ҷаласаи навбатии додгоҳ рӯзи 1 ноябр доир мешавад.

Бино ба фарзияи тафтишот, “аз моҳи март то апрели соли 2022 айбдоршавандагон шуъбаи созмони террористии дар Русия мамнӯи ДОИШро ташкил карда, ба ҳамдигар байъат супурдаанд ва баъди худро дар маркази майдони Лубянка таркондани шаҳидашон бояд ҳамчун талаби асосӣ хуруҷи нирӯҳои Русия аз Сурияро матраҳ мекарданд”.

Вобасӣа нақшашон ба зидди ин 6 нафар бар асоси 6 банди Кодекси ҷиноятии Русия айб эълг шудааст:

Қасди анҷоми террористӣ тибқи маслиҳати пешакӣ аз сӯи гуруҳи шахсон

Гирифтани таълим барои анҷоми фаъолиятҳои террористӣ
ғайриқонунӣ тайёр кардани маводи тарканда

Ташкили созмони террористӣ

Ташкили фаъолияти созмони дар Русия террористӣ эътирофгардида

Мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ.

Тафтишот мегӯяд, ки муттаҳамон гӯё мехостанд  барои сохтани бомба глитсерин ва шайбаҳои оҳанин бихаранд. Ба онҳо ҳамчун ҷазо то ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқ бисёре аз парвандаҳо бо иттиҳоми терроризм ба зидди муҳоҷирон дар Русияро зери шубҳа гузошта, мегӯянд, аксари ин парвандаҳо бофтаю сохта буда, кормандони ниҳодҳои амниятии Русия аз ҳисоби муҳоҷирони беҳуқуқ ва беҳимоят мехоҳанд натиҷаҳои худро дар роҳи мубориза бо терроризму ифротгароӣ аз будаш зиёдтар нишон бидиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button