ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЗАНОЗАНИИ СЕ СОКИНИ ХУҶАНД БО ЯК МЕҲМОН АЗ ДУШАНБЕ ДАР КЛУБИ ШАБОНАИ “ХВАКАНТА”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 19 октябри соли 2023

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати се нафар бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

155

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми октябри соли 2023, нисбати мардони 35, 33, 32-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд оғоз карда шудааст.

Гумонбаршавандагон шаби 15-уми октябри соли 2023, тахминан соати 00:30-дақиқа, бо мақсади истироҳат намудан ба маркази дилхушии «Хваканта» рафта, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанашон бе ягон асос бо марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб кардаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

116

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 54-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми октябри соли 2023, марди 35-солаи сокини пойтахт бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 5 ҳазору 400 доллари амрикоӣ ва таҷҳизоти рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 59 ҳазору 850 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button