ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

МАНСАБДОРИ РУС ГУФТ, МУҲОҶИРОНЕ КИ БА ҶАНГИ УКРАИНА НАМЕРАВАНД, АЗ ШАҲРВАНДӢ МАҲРУМ КАРДА ШАВАНД

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо мавқеи ошкоро миллатгароёна ва зидди муҳоҷирон ном баровардааст, тақозо дорад, то дар ҳолати аз иштирок дар “амалиёти махсуси ҳарбӣ” даст кашидани муҳоҷирон, онҳоро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кунанд. Мақомоти расмии Русия ҷанги зидди Украинаро “амалиёти махсуси ҳарбӣ”  ном кардаанд.

 “Ҳоло, ки амалиёти махсуси низомӣ ҷараён дорад, ба фикрам, муҳоҷиронро ба он ҷалб кардан лозим аст. Агар ту шаҳрвандии Русияро доштаву омода набошӣ, ки уҳдадории ҳарбии худро иҷро кунӣ, пас тасмим гирифтан лозим аст, ки чунин шахсон аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд”, – гуфт Бастрикин дар ҳамоиши фармондеҳони ҳарбии Русия.

Қариб тамоми суханронии Бастрикин дар ин ҳамоиш ба афзоиши ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон бахшида шуда буд. Бастрикин вақтҳои охир тафтиши аксари ҷиноятҳоеро, ки муҳоҷирон муттаҳам мешаванд, зери назорати худ мегиранд ва талаб мекунад, то нисбат ба муҳоҷирон ҷазоҳои шадидтаринро ба кор баранд.

Ӯ чанде пеш талаб карда буд, ки ба ширкату корхонаҳое, ки муҳоҷиронро ба кор мегиранд, “андози вазнин” банданд, то ки онҳо барои ба кор гирифтани сокинони Русия ҳавасманд шаванд. Ҳамин тавр, чанде пеш Бастрикин талаб карда буд, ки дар навбати аввали муҳоҷиронеро, ки шаҳрвандии Русия гирифтаанд, ба ҷанги зидди Украина баранд, то ки онҳо, ба гуфтаи ин мансабдори рус, “дар амал садоқати худро ба Ватани навашон нишон бидиҳанд”.

Ин дар ҳолест, ки артиши Русия, ки дар Украина ба камбуди шадиди нирӯ дучор шудааст, аз аввали ҷанг ба сурати фаъолона талош дорад, ки муҳоҷиронро бо ваъдаи маоши хубу имкони ба осонӣ гирифтани шаҳрвандии Русия ба ҷанг ҷалб кунад. Ҳамин тавр, ҳоло дар шаҳрҳои Русия бо мақсади ба қайди ҳарбӣ гузоштани муҳоҷироне, ки соҳиби шаҳрвандӣ шудаанд, рейдҳо гузаронда мешавад. Дар Маркази Сахарово ва дигар марказҳои ҳамсон, ки муҳоҷирон барои патент муроҷиат мекунанд, низ ба тақрибан ҳар муҳоҷири ҷинсаш мард бастани қарордод бо вазорати мудофиаи Русияро бо ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб пешниҳод мекунанд.

Сафорати Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ҷанги зидди Украина шаҳрвандони худро ҳушдор дода буд, ки тибқи моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон иштирок дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар то 20 соли зиндон муҷозот дорад.

Бо ин вуҷуд садҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик  ва ҳамин тавр, даҳҳо маҳбуси тоҷике, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҳукм мекарданд, ба ваъдаҳои дарёфти осони шаҳрвандӣ ва озодии зудтар аз маҳбас бовар карда, ба ҷанги Украина рафтанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Украина хабарҳо ба даст расидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button