ВидеоТоҷикистонҲодисаҶомеа

АВВАЛИН ВИДЕОҲОИ БОЗПУРСИИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК”: АВВАЛ МЕХОСТАНД, КИ МО ШЕРАЛӢ КАБИРРО АЗ БАЙН БАРДОРАНД… (3 ВИДЕО)

Ба  дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз манобеи муътамад се сабти видеоии кӯтоҳ аз ҷараёни бозпурсиҳои Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақабҳои “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”, муттаҳами асосӣ дар парвандаи рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев расид. Ин сабтҳо пеш аз ҳама як чизро нишон медиҳанд, ки “Дилшоди Красавчик” бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ дорад ва хеле аз ҷузъиёти паси пардаи қазияи рабудани бонкдори маъруфро нақл карда истодааст.

“Дилшоди Красавчик”, ки риш дорад ва зоҳиран дар ҳузури адвокаташ баёнот медиҳад, дар яке аз ин сабтҳо эътироф мекунад, ки рабудани Шуҳрат Исматуллоевро аз онҳо Қамар Азизов, як соҳибкори сокини пойтахт, бародари овозхонҳои гуруҳи овозадори “Анис” хостааст. Ба гуфтаи “Дилшоди Красавчик”, гӯё Қамар Азизов, ки бо Исматуллоев тиҷорати муштараки хонасозӣ дошт, аз вай дуюним ё се миллион доллар қарздор шудааст ва “ба мо гуфт, ки намешавад, ки Шуҳратро аз байн бардорем?”

Ӯ меафзояд, ки Қамар ба онҳо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои Тоҷикистон ва менҷери собиқи ширкати алюминсозии ТАЛКОро низ “наводка” дода буд, ки “аз Шуҳрат дида Шералӣ пули бисёртар дорад. Вале мо қабул накардем, чунки Шералӣ ба ҳама ёрдам мекунад, дасти кушод дорад”.

“Дилшоди Красавчик” ҳамчунин дар баёноташ эътироф кард, ки ҳамчун пешпардохт “аз Қамар 50 ҳазор доллар гирифта, ба як шогирдам додам, ки барои иҷрои нақша мошин бихарад ва ягон манзилро иҷора бигирад. Ба бачаҳо ҳам якмиқдорӣ пул додам. Аз сари ҳамин пул мо мошини “Ҳюндай Соната”ро харидам ва ҳам як хонаро дар деҳаи Шодоб дар Чорбоғ иҷора гирифтем”.

Ба гуфтаи “Красавчик”, Қамар Азизов ба онҳо ваъда додааст, ки баъди анҷоми кор як мағозаашро фурӯхта, пули онҳоро пардохт мекунад. Маълум нест, ки “Дилшоди Красавчик” ва шариконаш, ё ба истилоҳи худи ӯ, “шогирдонаш” дар ивази чанд пул ба рабудани Исматуллоев розӣ шудаанд?

Бино ба фарзияи тафтишот, шоми 23 июни соли 2023 Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хӯҷаев ва Бахтовар Сафаров –  баъди чандин рӯзи таъқиби  муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро аз назди манзилаш дар маркази шаҳри  Душанбе ба мошин бор карда, ба як манзили аз қабл иҷорагирифташуда дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Исматуллоев соати сеи субҳи 24 июн баъди 7 соати шиканҷааш дигар ба ин ҳама азобу уқубат тоб наоварда, ҷон додааст. Одамрабоён ҷасади ӯро ҳамроҳи мошин ба дарёи Зарафшон партофта фирор кардаанд. Ҷасади Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯ  рӯзи 12 август аз мавзеи Саразми Панҷакент дар наздикии марз бо Ӯзбекистон пайдо карда, рӯзи 30 август ба хок супурданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки нақшаи рабудани Исматуллоевро “Дилшоди Красавчик” ҳанӯз моҳи марти соли 2022 кашида буд. Додситонӣ гуфт, дар ин кор 16 нафар даст доштанд, ки 13 нафараш алакай то миёнаи моҳи август дастгир шуда, якеи дигараш: Рустам Ашӯров дар роҳи фирор дар Молдова кушта шуд.

Рӯзи 10 октябри соли 2023 дар расонаҳо акси “Дилшоди Красавчик” бо дасту пои завлонапеч нашр шуд ва гуфта шуд, ки Русия билохира ӯро ба Тоҷикистон супурдааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол хабари истирдоди ӯро расман тасдиқ накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button