ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ФОҶИАВИИ КАФШЕРГАРИ ТОҶИК ДАР ЯК СОХТМОН ДАР КАНОРИ МАСКАВ

Як кафшергари барқӣ (электрогазосварщик) аз Тоҷикистон дар як сохтмон дар ҳавзаи шаҳри Митишии вилояти Маскав ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудааст. Дар ин бора рӯзи 17 октябри соли 2023 бо такя ба манбааш нашрияи “МК –Московская область” хабар дод.

Бино ба иттилои манбаи “МК”, ин ҳодисаи фоҷиавӣ дар сохтмони ангар (як навъи анбор) дар шаҳраки Птитсефабрики  рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми ҷо ба ҷо кардани чӯбу тахта, яке аз ин тахтаҳо тасодуфан ба як профили оҳанин расидааст ва профил ба болои сари кафшергар чаппа шудааст.  Дар натиҷа, кафшергар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд, вале табибон натавонистаанд мардикори тоҷикро аз чанги марг наҷот диҳанд. Кафшергар баъди чанд соат дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Ному насаб ва синну соли марди ҳалокшуда нашр нашудааст. Танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ зодаи Тоҷикистон будааст.

Шаҳраки Птитсефабрики дар шимоли Маскав, дар соҳили дарёи Клязма, дар фосилаи ҳаманӣ 12 километр аз МКАД, шоҳроҳи ҳалқаии атрофи пойтахти Русия ҷойгир шудааст. Аз инҷо то шаҳраки Северний, ки ахиран ба шаҳри Маскав ҳамроҳ карда шуд, ҳамагӣ 8 километр роҳ аст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button