БАР АСАРИ ТАРКИШ ДАР БЕМОРИСТОНИ ҒАЗЗА САДҲО ФАЛАСТИНӢ КУШТА ШУДАНД
Шоми сешанбе, 17 октябри соли 2023 бар асари таркиши мушак дар бемористони “Ал-Аҳлӣ” дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғазза садҳо нафар кушта шуданд. Дар ин беморхона нафақат беморон табобат мегирифтанд, балки садҳо тан аз сокинон аз бомбаборони Исроил ба инҷо паноҳ бурда буданд. Гуруҳи ҲАМОС, ки назорати навори Ғаззаро дар даст дорад, дар бораи ҳалокати ҳудуди 500 нафар хабар дод ва Исроилро дар ин ҳамла гунаҳкор кард. Исроил шумораи эълоншудаи кушташудагонро муболиға номид ва дар айни замон даст доштани худ дар ин ҳамларо рад карда, онро натиҷаи хато рафтани як мушаки гуруҳи фаластии “Ҷиҳоди исломӣ” хонд.
Раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос дар сарзаминҳои фаластинӣ ба ёди қурбониёни ҳамла ба бемористони Ғазза ва ҳамаи қурбониёни дигар 3 рӯзи мотам эълон кардааст.
Намояндаи артиши Исроил контр-адмирал Даниэл Хагари субҳи 18 октябр ба журналистон хабар дод, ки шоми сешанбе, соати 18:15 ба вақти маҳаллӣ гуруҳи ҲАМОС ба сӯи қаламрави Исроил чандин мушак партоб кард. Соати 18:59 “Ҷиҳоди исломӣ” ба партоб кардани мушакҳояш сар кард ва дар ҳамин вақт, хабари таркиш дар беморхонаи Ғазза расид. Хагари гуфт, ҲАМОС медонад, ки таркиш дар беморхонаи Ғазза натиҷаи хато хӯрдани мушаки “Ҷиҳоди исломӣ” аст, вале “маъракаи ҷаҳониро ба роҳ андохтааст, то ки Исроилро айбдор кунад”.
“Ҷиҳоди исломӣ”, созмони фаластиние, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад ва дар ҳамлаи ҲАМОС ба зидди Исроил фаъолона иштирок дошт, бар асари хато рафтани мушаки ин созмон таркидани бемористонро рад мекунад ва иддаои Исроилро дурӯғ меномад.
Таркиш дар бемористони Ғазза пурқурбонитарин ҳодиса аз замони оғози ҳамлаи ҲАМОС ба зидди Исроил ба шумор меравад. Ин таркиши пурқурбонл мавҷи эътирозҳоро дар Ғазза, сарзаминҳои фаластинии каронаи бохтарии рӯди Ӯрдун, дар Амон, пойтахти Урдун, Истанбул ва чандин кишвари дигари мусалмоннишин ба бор овард.
Намояндаи вазорати тандурустии Фаластин субҳи 18 октябр гуфт, амалиёти берун кашидани ҷасадҳои қурбониён дар бемористон ҳамчунон идома дорад.
Ин ҳамла дар ҳоле рух дод, ки президенти Амрико Ҷо Байден ба хотири баррасии буҳрони ахир роҳии Ховари Миёна буд, то бо роҳбарони Исроилу Фаластин ва Мисру Урдун мулоқот кунад. Подшоҳи Урдун дар пайи таркиш дар бемористон нишасти сарони Амрикову Мисру Урдун ва Фаластинро лағв кардааст. Байден, ки субҳи 18 октябр вориди Исроил шуд, ҳамла ба бемористони Ғаззаро маҳкум кард.
Русия ва Имороти Муттаҳидаи Араб хостори баргузории нишасти изтирории Шӯрои амнияти Созмони Милал барои баррасии ин ҳодиса шудаанд. Ин нишаст субҳи 18 октябр ба вақти Ню Йорк доир мешавад.
Роҳбарони ҷаҳон дар умум таркиш дар бемористони Ғаззаро маҳкум карданд. Аммо дар ҳоле ки сарони давлатҳои арабӣ Исроилро гунаҳкор мекунанд, роҳбарони ғарбӣ ва сарони созмонҳои байналмилалӣ аз айбдор кардани ин ё он ҷониб хештандорӣ мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ рӯзи 18 октябр дар як баёния бомбаборони беморхонаи Ал-Аҳлиро шадидан маҳкум карда, бо изҳори таслият ба пайвандони кушташудагон ва таманнои шифои комил ба захмиён, амалҳои зӯровариро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват кард.
“Иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд”, таъкид шудааст дар изҳороти вазорати хориҷаи Тоҷикистон.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), як ҳизби оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯъ низ рӯзи 18 октябр дар як изҳорот ҳамла ба бемористони Ғаззаро “ҳамлаи Исроил” номида, маҳкум кард. ҲНИТ ин ҳамларо “мухолиф бо тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва ҳамаи арзишҳои инсонӣ” номид ва таъкид кард, ки “ин ҳамла ҳеҷ тавҷеҳе надорад ва ин ҷанг бояд ҳарчӣ зудтар мутаваққиф шавад”.