АфғонистонВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

130 МОШИН ЁРИИ БАШАРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ЗАРАРДИДАИ АФҒОНИСТОН

Рӯзи 18 октябри соли 2023 як корвони бузурги кумакҳои башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон ба роҳ баромад.

Хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дод, ки ин корвони кумакҳои башарӣ бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фиристода мешавад ва “Ховар” онро “намунаи олии ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми давлати ҳамсоя” номидааст.

Ба иттилои “Ховар”, кумакҳои башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрока, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарур иборат буда, наздик ба 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.Гуфта мешавад, ки ин кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад.

Ахиран овозхони шинохтаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин низ эълон кард, ки ба ёди шаҳидони заминларзаи Ҳирот нашри клипи навашро ба таъхир гузоштааст ва ҳам тасмим гирифтааст, ки аз фурӯши ҳар чиптаи силсилаи нави консертҳояш, ки аз 11 ноябр то 31 декабри соли 2023 дар чанд шаҳри Аврупо, аз ҷумла дар Стокҳолм, Амстердам, Вена, Франкфурт ва Ҳамбург барпо мешаванд, 5 еврояшро барои кумак ба зарардидагон гузаронад.

Вилояти Ҳирот дар шимолу ғарби Афғонистонро дар нимаи аввали моҳи октябр  дар байни як ҳафт якбора се заминларзаи сангини шиддаташон беш аз 6 балл такон дод. Бино ба ҳисоби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар заминларзаи аввал, ки рӯзи 7 октябр рух дод ва марказаш ноҳияи Зиндаҷони вилояти Ҳирот буд, 1480 нафар кушта шуда, наздики 2000  нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Бархе манобеи дигар шумори қурбониёни ин заминларзаро беш аз 2 ҳазор нафар, вале мақомоти “Толибон” беш аз 1000 нафар мегӯянд. Заминларзаи рӯзи 11 октябр мунҷар ба ҳалокати 3 нафар ва захмӣ шудани 169 тани дигар гардид. Заминларзаи сеюм, ки рӯзи 15 октябр рух дод, 3 кушта ва 160 захмӣ ба ҷо гузошт.

Созмонҳои имдодӣ мегӯянд, ин офатҳои табиӣ даҳҳо ҳазор сокини вилояти Ҳиротро аз хонаву дар маҳрум кард. Ба ҳисоби Созмони Милал, танҳо барои ироаи кумакҳои оҷил ба зарардидагон дастикам 93 миллион доллар лозим аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button