ВидеоҲодисаҶомеа

ШАКЛИ ПУРРАИ ВИДЕОИ ЛАТТУКӮБИ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ ДАР ҶУМЪАБОЗОРИ МАСТЧОҲ

Канали “Парвиз ТВ” рӯзи 15 октябри соли 2023 шакли пурратари видеои латтукӯби корманди милитсия дар “ҷумъабозор”-и ноҳияи Мастчоҳро нашр кард. Дар навор дида мешавад, ки бозоракиҳо ба кумаки корманди БДА, ки дар дар канори роҳ дар рӯи замин ба пушт афтидааст, шитофта, ӯро аз замин мехезонанд ва ба по рост мекунанд. Дар  видео дар қисмати чакка ва атрофи чашми чаппи корманди БДА ҷароҳат дида мешавад, ки зоҳиран асароти афтударафти ӯ бо ҳамлагарони ношинос аст. Дар ҳоле ки мардум корманди БДАро ба пой рост мекарданд, ӯ аз ҳама хоҳиш дошт, ки аз паси мошини ҳамлагарон рафта, онҳоро дастгир кунанд. Дар пайи ин садои бо шаст аз ҷояш ба ҳаракат кардани як мошин ба гӯш мерасад ва шоҳидон ба ронанда машварат медиҳанд, ки “аз паси “Мерседеси Сечка” бирон!”

“Парвиз ТВ” ҳамчунин хабар додааст, ки ҳамлагарон алакай муайян ва дастгир шудаанд ва тафтиши ин қазия идома дорад.

Канали “Парвиз ТВ” қаблан бо нашри як видеои кӯтоҳ хабар дод, ки рӯзи 13 октябри соли 2023 дар “ҷумъабозор”, ки дар байни деҳаҳои Сомониён ва Зарафшони ноҳияи Мастчоҳ амал мекунад, шахсони номаълум корманди БДАро латтукӯб кардаанд.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Сабаби латтукӯби корманди БДА низ гуфта нашудааст.

 Мақомот ин қазияро то ҳол шарҳ надодаанд.

Дар Тоҷикистон мавридҳои бо кормандони милиса, махсусан бо кормандони БДА, ки ба порагирӣ ном баровардаанд, тую ман кардани шаҳрвандон зиёд мушоҳида мешавад, вале ҳолатҳои бо корманди БДА дастбагиребон шудани сокинон хеле кам рух медиҳад. Моддаи 328 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат, хусусан ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ қарор доштанаш, ҳамчун ҷазо то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ноҳияи Мастчоҳ беш аз 130 ҳазор аҳолӣ дошта, дар масоҳати 1000 километри мураббаъ дар шимоли Тоҷикистон, дар масофаи тақрибан 55 километр дар шимолу ғарби шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст. Аксари аҳолии Мастчоҳро мардуме, ки дар миёнаҳои асри 20 аз Кӯҳистони Мастчоҳ ба дашти Дилварзин муҳоҷир карда шуданд, ташкил медиҳанд.

Ин ҳодисаи нави ҳамла ва латтукӯби корманди БДА дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки тоза чанд рӯз пеш як ронанда дар посгоҳи БДА дар шоҳроҳи Душанбе Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Хуросон як корманди ин посгоҳро бо мошинаш ба шаст зад ва аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Лаҳзаи зери чархи мошин мондани корманди милитсия ба дурбини видеокамераи назоратӣ афтодааст. Дар ин сабти кӯтоҳ, ки рӯзи 7 октябри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, як корманди БДА дар посгоҳи воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе Бохтар бо мақсади манъ кардани кадом як мошин ё бо кадом мақсади дигар чӯбдаст дар дасташ мехоҳад аз роҳи мошин убур кунад. Ӯ бо чӯбдасташ ба мошинҳое, ки бо шаст меомаданд, ишора карда, аз мошине, ки бо хатти якум ҳаракат мекард, бидуни мамониат мегузарад, вале ронандаи мошине, ки бо хатти дуюм ва бо суръати баланд меомад, корманди БДА-ро бо шаст зер мекунад.

Раёсати БДА баъдан дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки он ронандаро қаблан дигар кормандони ин ниҳод манъ карда буданд, вале ӯ ба амри онҳо итоат накарда, фирор кард. Онҳо ба посгоҳи БДА дар бораи ронандаи қонуншикан хабар додаанд, вале кӯшиши дар посгоҳ манъ кардани он мошин ба он анҷомид, ки ӯ корманди милитсияро пахш карду гурехт. Саймӯъмин Ҳасанзода, сухангӯи раёсати БДА ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ронандаи фирориро алакай муайян ва дастгир кардаанд ва ба зиддаш парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ ҳам барои дидаю дониста пахш кардани корманди давлат ҳамчун ҷазо то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button