ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ТАФСИЛОТИ НАВИ ПАРВАНДАИ “КОЛЯ ТОҶИК”: ДӮСТОНАШ МЕГӮЯНД, ЯК ЗАНИ ТОҶИКИ БЕРОҲА ӮРО АЗ РОҲ ЗАДААСТ (ВИДЕО)

Блогерҳои тоҷики муқими Русия Бобоҷон 88 ва Бобои Лангарӣ дар як видео бархе тафсилоти нави то ҳол ношуфтаи парвандаи блогери шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Комронро, ки бо тахаллуси “Коля Таджик” (“Коля Тоҷик”) машҳур буд ва бо ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла аз корфармоёни беинсоф кашида гирифтани ҳаққи заҳмати тоҷикҳо ном баровардааст, нақл карданд. Тавре қаблан хабар додем, “Коля Тоҷик” рӯзи 4 октябри соли 2023 дар вилояти Маскав бо иттиҳоми одамрабоӣ ва тамаъҷӯӣ дастгир шудааст ва ҳоло дар ҳабс қарор дорад.

Бино ба фарзияи Бобоҷон 88 ва Бобои Лангарӣ, тақрибан моҳи декабри соли 2022 як ҷавонзани тоҷик ба “Коля Тоҷик” барои ҳимоят муроҷиат мекунад. Ин ҷавонзан нақл кардааст, ки ӯро гӯё як мард аз Ӯзбекистон” нафақат ба маблағи 400 ҳазор рубл “кидат” кардааст, балки зӯран ба номусаш низ расидааст. Нақли ин ҷавонзан, ки дар тӯли чандин моҳ аз “Коля Тоҷик” ҳимояту пуштибонӣ тақозо дошт, дар ниҳоят ин блогери ҳомии тоҷиконро ба номус меорад ва ӯ моҳи апрели соли 2023 ба суроғи он марди ӯзбекистонӣ рафта, ӯро аз корхонааш берун бароварда, пиромуни ин қазия бо вай баҳс мекунад. Аммо марди ӯзбекистонӣ ба “Коля Тоҷик” фарзияи комилан бараксро нақл мекунад. Ба фарзияи ин мард, ӯ чанд сол пеш ба ин ҷавонзани тоҷик бо никоҳи мусулмонӣ издивоҷ карда буд ва ба номуси ӯ таҷовуз накардааст, чунки зани никоҳиаш буд. Ин мард гуфтааст, ки як рӯз занашро дар ҷогаҳи хобаш ҳамроҳи як марди бегона қапида, сараш додааст. Баъди талоқ гирифтан ҷавонзан иддао кардааст, ки шавҳари собиқаш аз вай 400 ҳазор рубл қарздор асту бояд пулашро бидиҳад. Вақте он мард рад кардааст, ҷавонзан бо бофтани қиссаи таҷовуз ба номусаш бачаҳои тоҷикро ба сари он марди ӯзбек овардааст. Яке аз ин фиребхӯрдагони қиссаҳои дурӯғи он зан “Коля Тоҷик” буд.

Бобоҷон 88 ва Бобои Лангарӣ мегӯянд, “Коля Тоҷик” баъди фаҳмидани ҳақиқати ҳол дигар ба суроғи он марди ӯзбекистонӣ нарафт, вале он ҷавонзан баъди “Коля Тоҷик” тавонистаст боз ду гуруҳи дигари ҷавонони тоҷикро фирефта, ба сари шавҳари собиқаш фиристад.  Ин ду гуруҳи баъдӣ бидуни фаҳмидани “нархи сабзию пиёз” он мардро латтукӯб кардаанд ва ӯ ҳам, ки аз ин ҳама ба ҷон омада буд, ба пулис муроҷиат кардааст. Мутаассифона, дар сабти видеокамераҳои назоратӣ лаҳзаи ба сари он мард омадани “Коля Тоҷик” ҳам омадааст ва ба ҳамин далел, ӯро ҳам дастгир кардаанд.

Бобоҷон 88 ва Бобои Лангарӣ  гуфтанд, ки мехостанд исми он зани бероҳаро нашр кунанд, вале бо хоҳиши хешовандони ӯ аз ин кор худдорӣ кардаанд. Хешовандонаш гуфтаанд, ки ӯро барои бероҳагиаш барвақт оқ кардаанд, вале метарсанд, ки ин амали ӯ номи ҳамаи онҳоро доғдор хоҳад кард.

Блогер Бобоҷон Сафаров, маъруф бо тахаллуси “Бобоҷон 88”, ки бо кумакҳояш ба муҳоҷирон, аз ҷумла бо ҷамъоварии маблағҳои хайрия барои табобати муҳоҷирони бемор ва фиристодани ҷасадҳои тоҷикҳои дар Русия фавтида ном баровардааст, қаблан ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дода буд, ки “Коля Тоҷик” рӯзи 4 октябр дар шаҳри Литкарино, як шаҳри бандарии воқеъ дар соҳили дарёи Москва, дар ҳамагӣ 6-километрии ҷанубишарқи МКАД ва 10-километрии шаҳри Любертсии вилояти Маскав дастгир шуда, додгоҳи Любертси ӯро рӯзи 5 октябр барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, “Коля Тоҷик” бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 127 (одамрабоӣ) ва 163 (тамаъҷӯӣ) айбдор мешавад ва ба ӯ бар асоси моддаи 127 то 5 соли зиндон ва бар асоси моддаи 163 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

 “Коля Тоҷик” дар байни блогерҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз маъруфтаринҳо ба шумор мерафт ва каналаш дар Ютуб бо номи “Коля Таджик” 234 ҳазор обуначӣ дошт. Бархе  нафарон густохона болои сари корфармоёнро гирифтану аз онҳо додани музди муҳоҷирони тоҷикро талаб кардани “Коля Тоҷик”ро ғайриқонунӣ хонда, қабул надоштанд. Вале бисёриҳо ӯро “Робин Ҳуди тоҷик” номида, барои ҳимояташ аз тоҷикҳо дар Русия ситоиш мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button