ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

СӮХТОР ДАР НОНВОЙХОНАИ ТОҶИКҲО ДАР ШАҲРИ ТУЛАИ РУСИЯ: ЯК КАС ҶОН БОХТ (ВИДЕО)

Хадамоти матбуоти МЧС вилояти Тулаи Русия хабар дод, ки шаби 12 октябри соли 2023 бар асари сӯхтор дар як нуқтаи савдо дар кӯчаи Пирогови шаҳри Тула як марди 23-сола ҷон дода, бадани як ҷавони дигари 21-сола сӯхтааст.

Бино ба иттилои расмӣ, сӯхтор шабона соати 01:35 сар шуда, бар асари ин офат, дохили нуқтаи савдо пурра сӯхта, хокистар шудааст. Барои фурӯ нишондани сӯхтор 8 сӯхторнишон ва  3 мошини сӯхторнишонӣ ҷалб шуда буд. Сӯхторнишонҳо танҳо баъди пурра фурӯ нишондани оташ аз дохили нуқтаи савдо ҷасади он марди 23-соларо берун кашидаанд.

Бино ба фарзияи муқаддамотӣ, сӯхтор дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо сар задааст. Ҳоло санҷиши ҳодиса идома дорад ва бар асоси натиҷаҳои он бояд тасмим бигиранд, ки оё дар робита ба ин ҳодиса парванда бикушоянд ё на?

МЧС дар бораи ин ҳодиса ва шахсияти қурбониён тафсилоти дигар надодааст. Вале Телеграм-канали Қорӣ Исмат хабар дод, ки ин нуқтаи савдое, ки ба коми оташ рафт, нонвойхона буд ва ба як зодаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон тааллуқ дошт. Бино ба иттилои канали Қорӣ Исмат, дар ин ҳодиса се муҳоҷири тоҷик осеб дидаанд – якеи онҳо дар ҷои ҳодиса ҷон додааст ва ду нафари дигарро бо ҷароҳатҳои зиёд дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button