ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ИСРОИЛ БА ЯК МИЛЛИОН СОКИНИ ШИМОЛИ ҒАЗЗА БАРОИ ТАРКИ ИН МИНТАҚА 24 СОАТ ВАҚТ ДОД

Ҳафтумин рӯзи даргириҳои ҲАМОС ва Исроил дар ҳоле оғоз шуд, ки бо дар баробари идомаи ҳамлаҳои густурдаи ҳавоии ба Ғазза ва афзоиши талафоти аҳолии осоишта, артиши Исроил ба сокинони шимоли ин минтақа 24 соат вақт додааст, то ин қисмати Ғаззаро пурра тарк намуда, ба тарафи ҷануби Ғазза кӯч банданд. Ин зарбулаҷали Исроил далели он аст, ки эҳтимоли оғози амалиёти заминии артиши Исроил ба Ғаззаро тақвият мебахшад.

Аммо дар ҳамин ҳол, ҲАМОС дастури артиши Исроил дар мавриди тарк намудани минтақаи шимолии Ғаззаро “таблиғоти пуч” номида, аз сокинони он хостааст ” ба таҳдидҳои душман аҳамият надиҳанд”. Ҳамос гуфтааст “фаластиниҳои Ғазза сарзамини худро тарк нахоҳанд кард. Мо ду интихоб дорем, ё поён додан ба ин ишғол ва ё мурдан дар хона худ”.

Созмони миллал муттаҳид гуфтааст, ки 1 миллиону 100 ҳазор нафар инсон наметавонад дар муддати 24 соат бахши шимолии навори Ғаззаро тарк кунанд. Аз ин рӯ СММ иҷрои ин дастури артиши Исроилро дар чунин муддати кӯтоҳ “душвор” ва натиҷаи онро “фоҷиабор” донистааст. Аммо дар ҷавоб ба ин нигаронии СММ аз аҳолии осоиштаи Ғазза, намояндаи доимии Исроил дар назди ин созмон вокуниши СММро мавриди интиқод қарор дода, онро “шармовар” донистааст.

Сухангӯи артиши Исроил низ гуфт, ки “дастури тахлияи ғайринизомиён аз бархе манотиқи Ғазза, иқдомоти башардӯстонаи Исроил аст”. Дар ҷавоб СММ хостори лағви чунин иқдоми Исроил шуд.

Сухангӯи Салиби сурхи Фаластин таъкид намудааст, ки “ҳеҷ роҳе вуҷуд надорад, ки як миллион нафарро дар муддати 24 соат ба таври оддӣ аз шимолии Ғазза ба ҷануби Ғазза интиқол дод. Мо инҷо бемор, маҷрӯҳ, шахсони солхӯрда ва кӯдакони ширхӯр дорем, ки дар бистари беморианд. Ба сари онҳо чӣ меояд, ҳоли онҳо чӣ мешавад мо намедонем? Аз ин рӯ пизишкони мо ба ҳеҷ ваҷҳ бемористонро тарк намекунанд ва беморонро низ танҳо намегузоранд”.

СММ гуфтааст, ки зимни ҳамлаҳои тайёраҳои ҷангии Исроил ба Ғазза беш аз 84 ҳазор нафар аз аҳолии осоиштаи он манзилҳои худро аз даст дода, беш аз 423 ҳазор нафари дигар дар Ғазза бидуни сарпаноҳ мондаанд.

Аз ин рӯ СММ аз кишварҳои ҷаҳон хостааст то барои расидагӣ ба оддитарин ниёзҳои аҳолии осоиштаи Ғазза, ки дасти кам 1 миллиону дусад ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ба 294 миллион доллар эҳтиёҷ дорад.

Ҳамчунин СММ гуфтааст, ки аҳолии Ғазза ба вазъияти душвор мувоҷеҳ аст, зеро маводи озуқаворӣ ва оби нӯшокӣ ба суръат рӯ ба тамомшавӣ аст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ таъкид кардааст, ки “50 ҳазор зани ҳомиладор наметавонанд ба хадамоти зарурии тиббӣ ва беҳдоштӣ дастрасӣ дошта бошанд. Гузашта аз ин то кунун 11 тан аз табибони мо зимни ҳамлаҳои ҳавоии Исроил кушта шудаанд ва Исроил таи як ҳафтаи гузашта 34 маротиба бемористонҳои Ғаззаро зери ҳадафи мушакҳои тайёраҳои ҷангии худ қарор дод”.

Бино ба гуфтаи Вазорати тандурусти Фаластин аз оғози ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Ғазза дасти кам 1400 нафар кушта ва 5600 захмӣ шудаанд.

Омори кушташудагон исроилӣ низ ба 1300 нафар расида, миқдори маҷрӯҳон бошад марзи 3300 нафарро убур кардааст.

Рӯзномаи исроилии Haarets хабар медиҳад, ки миқдори кушташудагони нерӯҳои артиши Исроил ба 222 нафар расида, дасти кам 97 тани дигари онҳоро ҲАМОС ба асорат гирифтааст.

То ин дам расонаҳои исроилӣ хабари 150 тан аз шаҳрвандони рабудашудаи худро тасдиқ кардаанд. Бино ба гуфтаи мақомоти Исроил ҲАМОС онҳоро бо худ ба Ғазза бурда, ҳамчунин гаравгон нигоҳ медорад. Аммо The Washington Post пас аз баррасии сабти дурбинҳои назоратӣ ба халоса омадааст, ки гурӯҳи ҲАМОС 106 танро асир гирифтаанд ва ба ин рӯзнома муяссар шудааст шахсияти 64 нафари онҳоро тасдиқ кунад. Бино ба гуфтаи онҳо ҲАМОС бо худ ба Ғазза ба ҳайси гаравгон 14 низомии исроилиро бурдааст.

Пештар ҲАМОС расонаҳои ғарбиро танқид намуда,  гуфт буд, ки “аз ҳар дурӯғу тавтеаи Исроил пуштибонӣ намуда, бе ягон далел онҳоро нашр мекунад ва аз куша шудани занону кӯдакони фаластинӣ чашм мепӯшанд” Аз ҷумла расонаҳои исроилӣ ва ғарбӣ навишта буданд, ки “ҷангҷӯёни ҲАМОС кӯдакони исроилиро сар бурида онҳоро оташ задаанд”. ҲАМОС ин хабарро низ рад кард. Дар ҷавоб Нахуствазири Исроил чанд аксеро дар саҳифаи худ нашр намуд, ки дар он як рахти хоб оғӯшта ба хун буд ва дар акси дигаре як тифли навзод хунолуд ба назар мерасид. Вале ягон далеле нест, ки ин корро маҳз ҲАМОС карда бошад.

Дар навбати худ мавҷи эътирозҳо ба BBC низ боло гирифта шуд ва ҳатто ҳукуматдорони Британия низ аз BBC хостанд то гурӯҳи ҲАМОСро гурӯҳи террористӣ ба қалам диҳад. Аммо дар ҷавоб BBC гуфт, ки “кори онҳо хабарросонӣ аст, на ҳукмбарорӣ”.

Дар ҳамин  ҳол, пас аз шиддат гирифтани ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии Исроил дар муддати 24 соати гузашта ба Ғазза, гурӯҳи ҲАМОС хабар дод, ки дасти кам 13 тан аз асирон бар асари ин ҳамлаҳо кушта шудаанд. Бино ба гуфтаи сухангӯи артиши Исроил шаби 12-ум ба 13-уми октябр онҳо 750 мушак ба Ғазза шиллик кардаанд.

Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки артиши Исроил аз мушакҳои мамнӯи фосфорӣ зимни ҳамлаҳои ҳавоии худ ба Ғазза истифода кардааст ва ин рафтори артиши Исроил “далели дағалона поймол кардани қоидаҳои ҷанг аст”. Дар ҳамин ҳол масъулони вазорату мудофиаи Исроил ба агентии Reuters гуфтаанд, ки аз ин гуна хабарҳои “огоҳӣ” надоранд.

Дар ҳоле, ки задухӯрдҳо байни ҲАМОС ва Исроил идома дорад, вазири корҳои хориҷии Амрико ва вазири мудофиаи Амрико ба Исроил сафар намуданд. Ҳамчунин Нахуствазири Британия ва Садри аъзам Олимон низ гуфтанд, ки дар паҳлӯи Исроил хоҳанд истод, то ӯ аз худаш дифоъ кунад. Онҳо мегӯянд ба ҳар ваҷҳ аз Исроил пуштибонӣ хоҳанд намуд.

Вале вазири корҳои хориҷии Норвегия гуфтааст, ки “Исроил ҳақ дорад аз худ дифоъ кунад, аммо дар ин роҳ наметавонад аз ҳар шеваи мумкин истифода кунанд”. Аз ин рӯ ба гуфтаи намояндаи Норвегия “муҳосираи Ғазза ғайри қобили қабул аст”.

Дар ҳамин ҳол вазири корҳои хориҷии Эрон низ ба Лубнон сафар намуда, бо роҳбари “Ҳизбуллоҳ” вохӯрӣ анҷом дод.

Гудфа мешавад вазири корҳои хориҷи Эрон ба Сурия низ сафар хоҳад намуд. Аммо артиши Исроил фурудгоҳи шаҳри Димишқро низ зери ҳадафи мушакҳои тайёраҳои ҷангии худ қарор дод.

Коршиносон соҳа бар он назаранд, ки сафарҳои вазири корҳои хориҷӣ Эрон ба кишварҳои арабӣ шояд боиси кушода шудани ҷабҳаҳои нави ҷанг аз тарафи Лубнон ва Сурия шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button