ВидеоИқтисодКоррупсияНуқтаи назар

КИТОБ АЙБДОР МЕШАВАД: АНҶОМИ ТАФТИШИ ПАРВАНДАҲОИ АБДУХАЛИЛ ХОЛИҚЗОДА ВА АБДУҚОДИРИ РУСТАМ

Рӯзи 13 октябри соли 2023 Абдуқодири Рустам, нависанда ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик ба синни 65 расид. Адиби маъруф зодрӯзашро бори аввал дар боздошт таҷлил мекунад.  Ӯ рӯзи 31 августи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Додситонии кулли Тоҷикистон дар чорчӯби парвандаи ҷилди дуюми китоби ёддоштҳои мудири бемористони “Ибн Сино” Абдухалил Холиқзода боздошт шуд. Худи Холиқзода ҳанӯз рӯзи 7 август ва Сӯҳроб Раҷабзода, мудири нашриёти “Эр-Граф”, ки китоби ҷанҷолбарангезро чоп карда буд, 14 август дастгир шуданд.

Бо вуҷуди дар ҳабс қарор доштанаш, рӯзи 13 октябр даҳҳо нафар Абдуқодири Рустамро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфта, бисёриҳо барояш озодии ҳарчӣ зудтар орзу кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи муътамади пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаҳои муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” Абдухалил Холиқзода ва муҳаррири ин китоб Абдуқодири Рустамро рӯзи 6 октябри соли 2023 анҷом дода, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ парвандаи Абдухалил Холиқзодаро барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва парвандаи Абдуқодири Рустамро ба додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт супурдааст.

Ҳардуи онҳо бар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ айбдор мешавад. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Манбаи “Бомдод” гуфт, Додситонии кул тафтиши парвандаи Сӯҳроб Раҷабзодаро, ки ӯ ҳам бар асоси ҳамин қисми дуюми моддаи 189, банди “г” ба барангехтани кинаву адоват айбдор мешавад, ҳанӯз идома дода истодааст ва парвандаи ӯ то ҳол ба додгоҳ нарасидааст.

Ҷилди аввали китоби ёддоштҳои Абдухалил Холиқзода бо номи “Моҷарои рафта” соли 2019 ва ҷилди дуюми ёддоштҳояш бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман” моҳи марти соли 2023 нашр ва муаррифӣ шуд. Вале моҳи июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар атрофи ин китоб баҳси гарме барпо шуд ва бархе корбарон Холиқзодаро ба маҳалгароӣ ва паст задани шаъну эътибори намояндагони минтақаҳои дигари Тоҷикистон айбдор карданд. Як иттиҳоми умда ба зидди муаллиф дар китобаш ҷой додани қиссаи ҷавонзане аз Ховалинг буд, ки дар солҳои бистуми асри 20 аз ҳамлаи Артиши Сурх ҳамроҳи шавҳараш ба Афғонистон паноҳ мебарад ва дар онҷо аз ҷониби як қизилбоши маҳаллӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор мегирад.

Абдухалил Холиқзода рӯзи 7 августи соли 2023, Сӯҳроби Раҷабзода 14 август ва Абдуқодири Рустам 31 август дастгир шуданд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 15-уми август дар нишасти хабариаш гуфт, ки фармони боздошти Абдухалил Холиқзодаро шахсан худи ӯ додааст.

“Ӯ бо моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии ҶТ боздошт шудааст. Ман худам дастури боздошташро додам. Ба ҷои шукргузорӣ аз сиёсат ва шароит, ба танқиди шадиди он, таҳқири миллати тоҷик, ба ҷудо намудани минтақаҳои гуногуни мамлакат, ба таҳқир намудани намояндагони маҳалҳои гуногуни мамлакат, ба кинаю адоват андохтан, аҳолии Тоҷикистонро ҷудо кардан ба мазҳабҳои гуногун, ба динҳои гуногун ва мақсади асосӣ – шӯру ғавғо андохтан, ноорому ноамн намудани мамлакат фаъолияташро равона намуда, дар китобаш “Хаводиси рӯзгори ман” ҳамаи ин масъалаҳоро навиштааст”, – изҳор дошт Юсуф Раҳмон дар шарҳи тасмимаш.

Аммо мунтақидон ва мухолифони ҳукумат парвандаи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ҳамлаи бепарда ба озодии баёни бе ин ҳам дар Тоҷикистон хеле маҳдудшуда номида, маҳкум мекунанд. Ба ақидаи мунтақидон, сабаби аслии таъқиби муаллифи китоб интиқодҳояш аз фазои имрӯзаи кишвар, бахусус аз фишор ба сармоягузорону соҳибкорон ва ба як маризи фарогир табдил ёфтану фасоду коррупсия дар Тоҷикистон асту қиссаи он ҷавонзан танҳо як баҳона шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button