СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ОБИГАРМ, ВАРЗОБ ВА ЧИРТАКИ ВАҲДАТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2023
Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар бар асари чаппа шудани воситаи нақлиёт
Шаби 9-уми октябри соли 2023, тахминан соати 21:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Самиев Шаҳобуддин Зайниддинович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Оби гарм ба самти деҳаи Қандак, дар роҳи сохтмонаш нотамоми “Оби гарм-Нуробод” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 80 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, худи ронанда Самиев Ш.З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам шаби 9-уми октябри соли 2023, тахминан соати 22:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Ренур”, Восидзода Фарҳоди Қодир, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Намозгоҳ ба самти шаҳри Душанбе, дар 51-ум километри ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба чуқурии 2 метр чаппа шуда, сипас, ба кӯҳпораи тарафи чапи роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Восидзода Ф.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири автомашинаи мазкур, Мирзозода Билоли Маҳмадмурод, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи мазкур, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нимашаби 10-уми октябри соли 2023, тахминан соати 02:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Сафаралӣ Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Норак, дар 18-ум километри роҳи мошингарди деҳаи Чиртак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Искандаров Фирдавс Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст. Дар натиҷа, Искандаров Ф.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Боздошт гардидани ноболиғи 15-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 35-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми августи соли 2023, тахминан соати 12:30-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 8 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.