ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ҚАТЛИ БЛОГЕР ВА СТЕНДАП-КОМИКИ МАШҲУРИ ТУРКМАН МУҲАММАД МАММЕДОВ

Блогер и стендап-комики 30-солаи туркман Муҳаммад Маммедов шаби 4 октябри соли 2023 дар наздикии хонааш дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон дар натиҷаи ҳамлаи як гуруҳи ношинос кушта шуд. Як манбаъ аз шоу-бизнеси Туркманистон ба шарти ифшо накардани номаш ба нашрияи Turkmen.news хабар дод, ки шаби 4 октябр Маммедов ҳамроҳи як дӯсташ ба хонааш, ки дар касабаи 11-уми Ишқобод ҷойгир шудааст, бармегашт. Дар наздикии хонаашон ба онҳо як гуруҳи ношинос ҳамла овардааст. Ба эҳтимоли ғолиб, ҳадафи ҳамлагарон Маммедов будааст, чунки дӯсти ӯро осеби ҷиддие нарасондаанд. Баъди латтукӯб ҳамлагарон Маммедовро ба хонаашон дароварда, зери кӯрпа кардаанд ва сипас фирор кардаанд. Дари хона боз будааст. Манбаи ин хабар гуфтааст, ки азбаски Муҳаммад бисёр вақтҳо дер меомад, падараш дари хонаро шабҳо боз мегузошт.

Субҳи 5 октябр ҷасади алакай сардшударо блогерро падараш ва писари 9-солаи Муҳаммад Алиасғар пайдо кардаанд. Рӯзи 6 октябр Маммедовро дар зодгоҳаш этрапи Сарахси вилояти Ахал ба хок супурданд. Дар Туркманистон ноҳияро этрап мегӯянд, ки решааш вожаи “атроф” аст.

Манбаи Turkmen.news ҳамчунин хабар додааст, ки он дӯсти Маммедовро, ки он шаб ҳамроҳаш буду баъди латтукӯби блогер гум шуд, “ҳоло барои бозҷӯӣ ба пулис кашонда истондаанд”. Номи ин дӯсти Маммедов нашр нашудааст.

Маълум нест, ки оё дар робита ба  ин ҳодиса ягон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ё на? Мақомоти Туркманистон дар бораи ҷиноятҳое, ки дар ин кишвар рух медиҳанд, ягон маълумоти расмӣ нашр намекунанд ва ин боиси ба вуҷуд омадани овозаҳои гуногун мешавад. Аз ҷумла дар мавриди марги Муҳаммад Маммедов низ, бино ба иттилои Turkmen.news, овозаҳое дар бораи эҳтимоли дар ин ҷиноят даст доштани “ҷиянҳо” пайдо шудаанд. Дар Туркманистон зери мафҳуми “ҷиянҳо” хешу табори сершумори президенти собиқи ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро дар назар доранд. Ҳарчанд Бердимуҳаммадови калонӣ соли 2022 курсии президентиро расман ба писараш Сардор супурд, вале амалан ҳамчунон умури раҳбарии ин кишвари собиқ Шӯравии саршор аз манобеи нафту гази Осиёи Марказиро дар дастони худ нигоҳ доштааст.

Turkmen.news ҳамчунин ба бархе паҳлуҳои норӯшани ин қазия ишора мекунад.

“Ҳамкорони марҳум ва шореҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе паҳлуҳои номафҳуми ин қазияро ба мушоҳида гирифтаанд. Аввалин, авбошони оддӣ ё ҳамлагарони тасодуфӣ магар як одамро то мурдан зада, сипас ӯро ба хонааш медароранд?  Талотуми ҳодисот баёнгари ҳолати баракс аст:  Ҳамлагарон роҳи Маммедовро мепоиданд ва ӯро дидаю дониста латтукӯб кардаанд. Сониян, дар Ишқобод қариб дар ҳар қадам ғуфраҳои пулис “02” гузошта шудаанд, ки дар онҳо кормандони пулис ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд. Чӣ гуна дар ҳоле ки дар зери бинии онҳо чунин занозанӣ рух додааст, касе чизеро пай набурдааст? “ – менависад Turkmen.news.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button