ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронФарҳангҶанг дар Украина

ҲУНАРПЕШАИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БА ҶОСУСӢ БАРОИ УКРАИНА АЙБДОР МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Телеграм-канали додгоҳҳои шаҳри Маскав (Московские суды общей юрисдикции) хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Лефортово рӯзи 10 октябри соли 2023 дар як ҷаласаи пушти дарҳои баста масъалаи интихоби чораи пешгирӣ нисбат ба як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бар асоси моддаи 275 Кодекси ҷиноятии Русия ба ҷосусӣ айбдор мешавад, баррасӣ кард ва ӯро ба муддати ду моҳ, яъне то 10 декабр ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Хадамоти матбуоти додгоҳҳои пойтахти Русия тафсилоти дигари надод, вале расонаҳои Русия хабар доданд, ки ин нафар Шарифҷон Тиллозода ном дорад. Аввалин шуда хабари бо иттиҳоми ҷосусӣ  барои Украина дастгир шудани Тиллозодаро нашрияи ба мақомоти қудратии Русия наздики Mash | Мэш нашр кард.

Ин нашрия навишт: “Як ҷосуси зодаи Тоҷикистонро дар Маскав боздошт ва алакай ҳабс карданд. Ӯ ба таври мунтазам ба Хадамоти амнияти Украина (СБУ) дар бораи макони ҷойгиршавии шабакаҳои дифои зиддиҳавоӣ дар атрофи пойтахти Русия маълумот мефиристод.

Бино ба иттилои мо, Шарифҷон Тиллозодаро дар ҳудуди як қисми ҳарбии махфӣ дастгир карданд. Аввал гумон карданд, ки ӯ мардикор асту роҳашро гум кардааст. Вале маълум шуд, ки ӯ акс мегирифт ва ба ураторҳои худ ба хориҷ мефиристод. Санҷиш нишон дод, ки ӯ мустақиман бо СБУ робита дошт. Ба ин муҳоҷир барои ҷосусӣ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад”.

Шарифҷон Тиллозода 32 сол дошта, худро ҳамчун ҳунарпешаи синамо муаррифӣ мекунад.

Шарифҷон Тиллозода 7 апрели соли 1991 дар деҳаи Филмандар дар канори шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буда, қариб ҳар рӯз аксу видео мегузошт ва талош дошт, ки дар филмҳои ҳиндию туркӣ нақш иҷро кунад. Ба ин хотир, Тиллозода як муддат ҳатто дар Туркия низ ба сар бурд.

Аммо дар матлабҳои охирини худ ӯ мегуфт, ки  барои кору зиндагӣ ба Маскав омадааст.

9 сентябри соли 2023 Шарифҷон Тиллозода хабар дод, ки ҳамсараш дар бемористони “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе духтар ба дунё овард. Рӯзи 13 сентябр ӯ хабар дод, ки падараш аз олам чашм пӯшид, вале ӯ дар хориҷ қарор дорад ва дар маросими дафни падараш иштирок карда наметавонад.

Вале алакай рӯзи 15 сентябр, яъне ҳамагӣ ду рӯз баъди даргузашти падараш, тавре аз аксҳои дар Фейсбук гузоштааш бармеояд, Шарифҷон Тиллозода бидуни ягон аломати мотам дар либосу ваҷоҳаташ ханда дар лаб ва кӯлоҳи сафеде бо навиштаҷоти “Россия, верю в тебя” (“Русия, ман ба ту бовар дорам”), Шарифҷон Тиллозода дар кӯчаҳо сайругашт дошту дар тарабхона ғизо мехӯрд.

Онҳое, ки  Шарифҷон Тиллозодаро мешиносанд, ӯро як одами соддаю зудбовар меноманд ва мегӯянд, бовар надоранд, ки инсоне бо чунин хулқ битавонад барои ҷосусӣ кор биояд.

 “Ӯ як наргис аст, яъне одаме, ки худашро хеле ва хеле дӯст медорад. Шарифҷон дӯст медошт, ки шабу рӯз аз худаш аксу видео бигирад ва нашр кунад. Ҳар рӯз пахши мустақим дошт, ҳар рӯз аксу видеоҳо мегузошт. Агар ӯ ҷосус бошад, пас ман попи Румам”, – нақл кард ба “Бомдод” яке аз онҳое, ки Тиллозодаро хуб мешиносад.

Шиноси дигари ӯ ба ёд овард, ки Тиллозода ончунон сода буд, ки як афсари оддии яке аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон муддати тӯлонии ӯро бо таҳдиди ба зиддаш кушодани парванда барои паҳн кардани матлабҳои “фабрикаи ҷавоб”, як гуруҳи троллҳои аз сӯи мақомоти қудратии ҷумҳурӣ ташкилшуда водор карда буд.

Вале як манбаи огоҳ аз ҷараёни ҳаводис ба “Бомдод” хабар дод, ки ахиран ба зидди Тиллозода дар Тоҷикистон дар воқеъ парванда кушоданд.

 “Рӯзи 15 сентябри соли 2023 ӯ баногоҳ дар Фейсбукаш видео нашр кард ва хабар дод, ки аз машқҳои ҳарбӣ гузашт ва акнун ба саффи артиши Украина мепайвандад. Видео ва аксҳо ҳам аз як урдугоҳи ҳарбӣ буд, ки сарбозон онҷо дар хаймаҳои ҳарбӣ шабро рӯз мекарданд. Тиллозода ин видео ва аксҳоро алакай баъди як рӯз пок кард, вале кормандони мақомот онҳоро алакай сабт карда гирифтанд ва рӯзи 18 сентябр дар Тоҷикистон ба зидди Шарифҷон Тиллозода бар асоси моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми иштирок дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар парванда кушоданд”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”. Аммо ӯ дар посух ба ин суол, ки оё мақомоти Русияро аз эҳтимоли фаъолиятҳои ҷосусии Тиллозода мақомоти Тоҷикистон хабардор кардаанд?, изҳори бехабарӣ кард.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ин хабарро то кунун шарҳ надодаанд, вале агар он тасдиқ шавад, парвандаи Тиллозода метавонад нахустин мавриди расонаишудаи ифтитоҳи парванда аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои иштирок дар ҷанги Украина шавад. Бо онки дар бораи иштироки садҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷанг ва асосан аз тарафи Русия ва ҳалокати даҳҳо нафари онҳо хабарҳо ба даст расидаанд, то кунун ягон хабар дар бораи ифтитоҳи парвандае аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои иштирок дар ин ҷанг расонаӣ нашудааст. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина шаҳрвандони худро ҳушдор дода буданд, ки ширкат дар ин ҷанг ҷавобгарии ҷиноиро дар пай дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button