ВидеоҲодисаҶомеа

ОИЛАИ МОРО ВАЙРОН КАРД… ДАР РЕГАР ЯК ҶАВОН ХУШДОМАНИ СОБИҚАШРО ЧАНД КОРД ЗАДААСТ (ВИДЕО)

Як сокини 27-солаи Турсунзода ба қасди куштани хушдомани собиқаш айбдор мешавад.

Бино ба гузорише, ки шоми 4 октябри соли 2023 дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, Ғайрат Қӯзимуродов, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Хӯҷанақширон дар канори шаҳри Турсунзода шаби 20 сентябри соли 2023, тақрибан соати 23:30, ба рӯ ниқоб кашида, бо корд мусаллаҳ шудааст ва бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили зисти хушдомани собиқаш Эшбӯриева Муҳаббат дар ҷамоати ба номи Тӯйчиев шуда, занро, ки дар бистараш хоб буд, 5 зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, феълан дар беморхона таҳти табобат қарор дорад.

ВКД мегӯяд, Ғайрат Қӯзимуродов соли 2018 ба духтари Эшбӯриева Муҳаббат хонадор шуда буд, вале ба сабаби фарзанддор нашуданашон оилаи онҳо фурӯ пошид ва Эшбӯриева ахиран духтарашро дубора ба шавҳар додааст.

Ба назари тафтишот, маҳз ҳамин, яъне ба каси дигар ба шавҳар додани ҳамсари собиқаш Ғайрат Қӯзимуродовро ба сӯиқасд ба ҷони хушдомани собиқаш таҳрик додааст, чунки ӯ дар вайрон шудани оилааш хушдоманаш Эшбӯриева Муҳаббатро гунаҳкор медонистааст.

Худи Қӯзимуродов ва наздикони ӯ барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нестанд, вале тафтишот мегӯяд, ҳамлаи шабонаи ӯ ба манзили хушдомани собиқаш вақте сурат гирифт, ки нимашаб буд ва хушдомани собиқаш Эшбӯриева Муҳаббат дар хонааш ҳамроҳи ду набераи хурдсолаш масти хоб будааст.  Гуфта мешавад, кӯдакон бедор шуда, доду фарёд бардоштаанд ва доду фарёди кӯдаконро шунида, дигар аъзои хонаводаи Эшбӯриевҳо ҳам бедор шуда, ба ҷои ҳодиса меоянд ва Қӯзимуродов аз тарси ошкор шудан шитобон рӯ ба фирор меорад.

Ба гуфтаи тафтишот, азбаски зарбаҳои корд ба аъзои ҳаётан муҳими бадани Эшбӯриева зада шуда буд, ҷабрдида дар ҷои ҳодиса аз ҳуш рафта буд ва ӯро дар ҳамин ҳоли мадҳушӣ бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” бурда, танҳо дар беморхона бо ёрии табибон ба ҳуш оварданд.

Ба зидди Ғайрат Қӯзимуродов бар асоси моддаи 147 (ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзил) ва моддаҳои 32 – 104 (сӯиқасди одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ва қасди куштори хешовандони наздик, бахусус кушта шудани ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштори ҳамсарон ва сӯиқасд ба ҷони онҳо дар аксари мавридҳо дар заминаи рашк сурат мегирад.

Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.

Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 24 мавриди  одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва ҳамчунин 54 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Ин назар ба 39 куштор ва 67 мавриди расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки дар нимаи аввали соли 2022 сабт шуда буд, камтар аст, вале нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button