ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК: ВОРУХ АНКЛАВ НЕСТ! МУЗОКИРОТИ МАРЗӢ БОЯД ОШКОР БОШАД!

Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи 4 гуруҳи оппозитсияи тоҷик, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст, рӯзи 4 октябри соли 2023 дар як изҳорот ҳалли масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз тарқи музокирот ва авлавият додан ба роҳҳои ҳалли сулҳомезро тарафдорӣ карда, дар айни замон таъкид кардааст, ки “ин қазия бояд одилона ва бо назардошти он ҳалли ниҳоии худро пайдо кунад, ки Ворух ҳеҷгоҳ анклав набуд ва наметавонад бошад. Ҳамагуна ҳали дигар аз тарафи миллати тоҷик мардуд аст ва пазируфта нахоҳад шуд”.

Ин изҳорот дар пайи музокироти рӯзи 2 октябри ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба раҳбарии вазирони амнияти ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бодканд аст, ки дар поёни он санаде бо номи “Протоколи 44” ба имзо расид. Матни ин протокол то ҳол дар ягонҷо чоп нашудааст, вале ҳам Ятимов ва ҳам Тошиев изҳори итминон карданд, ки ин санад ба масоили марзии мавҷуда нуқта гузошта, роҳро барои расидан ба тавофуқи ниҳоӣ дар масъалаи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон мекушояд.

Бархе расонаҳои қирғизии наздик ба Тошиев иддао карданд, ки гӯё Тоҷикистон дар ҷараёни ин даври музокирот аз даъвоҳои қаблии худ дар масъалаи марз даст кашидааст.  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон то ҳол ин иддаоҳо дар бораи гӯё аз даъвои заминҳояш даст кашидани Душанберо ягон шарҳе надодаанд ва рад ё тасдиқ накардаанд.

Аммо Паймони миллӣ дар изҳороташ мегӯяд, “дар сурати мувофиқати мақомоти Тоҷикистон ба анклав будани Ворух ва додани заминҳо ба кишвари ҳамсоя ин як хиёнати ошкор ба миллат ва ҷинояти давлатӣ мебошад”.

Ин созмони мухолифи ҳукумат талаб кардааст, ки тамоми ҷузъиёти протоколи марзии имзошуда ва рафти гуфтушунидҳо ба мардум ошкор карда шавад.  “Миллати тоҷик даҳҳо афсарону сарбоз ва мардуми шарифи Исфара беҳтарин фарзандони худро барои он қурбонӣ надодаанд, ки имрӯз мақомот дар баробари изҳороти кишвари ҳамсоя оиди «даст кашидани тоҷикон аз даъво» хомӯш бошанд”, таъкид шудааст дар изҳороти мухолифин.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 240 нафар  кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button