ВидеоИқтисодИлму фанноварӣ

ИЗҲОРИ ОМОДАГИИ РУСИЯ БАРОИ БУНЁДИ НИРӮГОҲИ АТОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Николай Спасский, мудири бахши фаъолиятҳои байналмилалии корпоратсияи давлатии русии “Росатом” изҳор дошт, ки ин ширкат барои баррасии масъалаи сохтани нирӯгоҳи хурд ё бузурги ҳастаӣ (атомӣ) дар Тоҷикистон омода аст. Суханони ӯро  хабаргузории русии ТАСС нашр кард.

Николай Спасский рӯзи 3 октябри соли 2023 дар ҳошияи маросими бахшида ба поккории қаламрави майдонҳои партовҳои ҳастаии “Табошар” дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ба хабарнигорон гуфт: “Албатта, пинҳон намекунам, ки ин мавзӯи солҳои баъдӣ аст, вале дар оянда бо дарназардошти он зарфияти бузурги равобити инсоние, ки байнми мову ҳамкорони тоҷикистониамон ба вуҷуд омадааст, агар ҷониби Тоҷикистон барои бунёди энергетикаи атомӣ ва сохтани нирӯгоҳи атомии хурд ё бузург дар ин кишвар бар асоси тарҳи нирӯгоҳҳои русӣ таваҷҷуҳ нишон бидиҳад, <…> мо аз ин хеле хушҳол хоҳем шуд. Мо салоҳияти инро дорем, фанновариҳояшро дорем, ва аз ҳама асосӣ собиқаи равобити инсонӣ, шарикӣ ва дӯстиро дорем, ки ба мо имкон медиҳад пиромуни тарҳҳои хеле мураккабу хеле бузург низ бияндешем”.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аксарияти кулли нирӯи барқиашро дар нирӯгоҳҳои обӣ ва як қисми хурдашро дар марказҳои гармидиҳӣ тавлид мекунад. Энергетикаи атомӣ дар кишвар рушд накардаст ва тақрибан вуҷуд ҳам надорад. Танҳо дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як реактори хурди атомӣ вуҷуд дорад, ки озмоишист ва асосан барои корҳои илмӣ ва таълимӣ истифода бурда мешавад.

Ҳайъати “Росатом” бо ҳадафи иштирок дар маросими анҷоми барномаи поккории гӯристони партовҳои уран дар Табошар ба Тоҷикистон омада буд. “Росатом” гуфт, ки ҷониби Русия ин барномаи поккории корхонаи маъдани уран ва 4 партовгоҳро пурра ба анҷом расондааст.

 “Бо шарофати тасмимҳои муҳандисӣ баландии партовҳои уран аз 65 то 35 метр пойин оварда шуда, бо якуним метр қабати хоку санг пӯшонда шуд. Сатҳи радиатсия дар атрофи иншооти поккоришуда то ҳадди табиияш пойин фаромад, ки инро мониторинги Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионо ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ тасдиқ кард”, – хабар додааст ТАСС.

Гӯристонҳои партовҳои атомӣ дар Табошар дар атрофи конҳои уран ҷойгир шудаанд. Дар замони Шӯравӣ аз маъдани урани Табошар барои барномаҳои ҳастаии СССР, аз ҷумла барои сохтани бомбу мушакҳои ҳастаии Шӯравӣ фаровон истифода мешуд. Баъди фурӯпошии СССР, Тоҷикистон ин партовгоҳҳои ҳастаии барои саломатии инсонҳо хатарнок дар Табошарро асосан бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ нигоҳубин мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button