ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҶУМЪАБОЗОРИ ХУҶАНД БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Субҳи барвақти 2 октябри соли 2023, тақрибан соати 03:18 ҷумъабозори шаҳри Хуҷанд ба коми оташ рафтааст. Дар сабти видеоие, ки нусхааш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод”  расид, дида мешавад, ки оташ растаҳои бозорро фаро гирифтааст. Дар як акси дигар нишон дода мешавад, ки аз биноҳои бозор танҳо деворҳои бинои бозор ва чанд тахтаи сӯхтаву сиёҳшуда боқӣ мондааст.

Дар идораи сӯхторнишонии вилояти Суғд ба хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” хабар додаанд, ки майдони сӯхтор 100 метри мураббаъро ташкил дода, барои фурӯ нишонданаш 5 мошини сӯхторнишонӣ  аз Хуҷанд ва ноҳияи атрофи он сафарбар шуда буд.   

“Сӯхторнишонҳо баробари расидани хабари фаврӣ ба ҷои ҳодиса сафарбаршуда, соати 03:42 ба онҷо расиданд ва соати 04:15 сӯхтор пурра хомӯш карда шуд “, –  гуфтааст намояндаи идораи сӯхторнишонӣ.

Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. Дар идораи сӯхторнишонӣ ҳоло сабаб ва зарари расида аз сӯхтор дар ҷумъабозорро таҳқиқ доранд.

Ҷумъабозор яке аз бозорҳои бузурги фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад. 

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон низ баъдан сӯхтор дар ҷумъабозори Хуҷандро шарҳ дод: “2-юми октябри соли 2023, соати 03:18-дақиқа, дар нуқтаи савдо ва хизматрасонии мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Ваҳдат”-и ба номи Ҷӯраев Бақо, воқеъ дар кӯчаи Р.Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд, сӯхтор ба амал омадааст. Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор дар масоҳати 94 метри мураббаъ дохилу болопӯши мағозаҳоро фаро гирифта, хавфи паҳн гардидани он ба дигар қисмҳо ва нуқтаҳои савдо ба миён омадааст. Ҳангоми ҳодисаи мазкур 4-адад дӯкони фурӯши масолеҳи сохтмонӣ сӯхта зарар дид.Сӯхтор соати 04:14-дақиқа аз ҷониби оташнишонон ва 5-адад нақлиёти оташнишонӣ дар масоҳати аввалааш бо пуррагӣ хомӯш гардид. Ҳаҷми маблағи масолеҳи аз сӯхтор эмин монда, зиёда 3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Оид ба ҳодисаи сӯхтор санҷиш идома дорад”.

Ин ягона ҳодисаи сӯхтани бозорҳо дар Тоҷикистон нест. Тоза субҳи 31 августи соли ҷорӣ бозори масолеҳи сохтмон, машҳур ба “Тахтабозор” дар кӯчаи ба номи Ӯроқ Аловиддинови шаҳри Ҳисор низ дучори сӯхтор шуда буд.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 581 ҳодисаи сӯхтор сабт шудаааст, ки ин назар ба 476 сӯхтори нимаи аввали соли қаблӣ 106 сӯхтор бештар аст. Имсол дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар Тоҷикстон 18 нафар, аз ҷумла 9 ноболиғ ҷон бохта, ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 9 миллиону 376 ҳазор  сомонӣ зарари моддӣ расидааст. Соли гузашта ҳарчанд теъдоди ҳодисаҳои сӯхтор камтар буд, вале зарари расондаашон хеле бештар: 14 миллиону 484 ҳазор сомонӣ баровард шуда буд.

Пожар на рынке Худжанда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
202

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button