ВидеоҶомеа

ОҒОЗИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БО “КУЛЧАГАЗОН”: 1 ВИЛОЯТ, 7 НОҲИЯ ВА 2 ҶАМОАТ АЛАКАЙ ДАР РӮЗИ АВВАЛ АЗ ИҶРОИ НАҚША ХАБАР ДОДАНД

Рӯзи 1 октябри соли 2023 дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ расман оғоз ёфт. Ин мавсими даъват ду моҳ, то 30 ноябр давом мекунад.

Алакай дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ чанд минтақа, аз ҷумла вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои минтақаи Рашт (Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт), ноҳияҳои Вахшу Фархори вилояти Хатлон ва ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳи Исфара, ду нуқтаи аз ҳама доғ дар марзи ҳассоси Тоҷикистону Қирғизистон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват хабар додаанд.

Дар аксари минтақаҳо гусели нахустин гуруҳҳои ҷавонони даъватшуда бошукӯҳ: бо рақсу суруд ва маросими “кулчагазон” доир шуд. Ин маросим чунин аст, ки ҷавони ба хидмат даъватшуда порае аз як кулча ё нонро мегазад ва наздиконаш боқимондаи он нонро то замони аз хидмат баргаштани ӯ ҳифз мекунанд. Боваре ҳаст, ки ин луқмаи нотамом ҳаёти фарзанди ин хонадонро ҳифз мекунад ва ӯро ба хонаашон солиму бардам бармегардонад.

Дар маросими “кулчагазон”, ки субҳи 1 октябр дар ҳудуди қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали вазорати мудофиаи ҶТ дар ноҳияи Рашт доир шуд, раиси ҷамоати шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Шамсияи Назригул иброз дошт, ки ӯ пеш аз ҳама фарзанди худашро ба зидмат фиристодааст.

“Фарзанди ман Рустамҷон Сиямардов мисли шумо ҷавонмардона ба саффи Артиши миллӣ шомил гардиду бо сари баланд даъвати Модар — Ватанро адо менамояд. Ба ҳайси як модар гуфта метавонам, ки имрӯзҳо дар қисмҳои низомӣ беҳтарин шароит муҳайё гардидааст ва ҳамеша афсарону роҳбарон аз ҳоли сарбозон бохабар ҳастанд. Бояд падару модарони азиз масъулият ҳис намуда, барои ҳифзи нангу номуси миллии хеш фарзандонашонро барои хизмати Ватан-Модар фиристанд ва қарзи мардонагии хешро дар назди Ватан иҷро намоянд, – гуфтааст ин мансабдори маҳаллӣ.

Солҳои ахир мардум зиёд шикоят дошт, ки ба хидмати ҳарбӣ асосан фарзандони мардуми камбағал ва бесоҳибро даъват мекунанд ва мансабдорон фарзандони худро ба артиш намефиристанд. Чанд даъвати ахир бархе мансабдорони сатҳи миёна аз фиристодани фарзандони худ ба хидмати ҳарбӣ хабар медиҳанд, вале ин ҳанӯз як падидаи фарогир ва бидуни истисно нашудааст.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, хидмати ҳарбӣ барои ҳамаи ҷавонони аз синни 18 то 27 ҳатмист. Хидмати ҳарбӣ 2 солро дар бар мегирад. Даъват ба саффи артиш дар Тоҷикистон соле ду маротиба: дар баҳор дар моҳҳои апрелу май ва дар тирамоҳ дар моҳҳои октябру ноябр сурат мегирад.

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ба тақрибан 15 то 16 ҳазор нирӯи тоза ниёз доранд. Вале бо онки дар кишвар тақрибан 700 ҳазор ҷавонони аз синни 18 то 27 ба сар мебаранд, ҳар сол мақомот дар иҷрои нақшаи даъват мушкилӣ мекашанд. Ба ин далел, ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Ҳамин тавр, мақомот гоҳо волидони ҷавонони даъватшавандаеро, ки дар мардикорӣ дар Русияанд, “гаравгон” мегиранд ва танҳо баъди бозгашти фарзандашон ҷавоб медиҳанд. Вақтҳои охир мақомот аз усули нав кор гирифта, интиқоли нирӯи барқро ба ин ё он минтақа қатъ карда, шарт мегузоранд, ки танҳо дар сурати иҷрои нақшаи даъват, яъне аз ҳар ҷо, аз ҷумла аз Русия баргардондану  ҷамъ овардан ва ба хидмат фиристодани ҷавонони сокини ин минтақа, барқи онҳоро аз сар хоҳанд дод.

Дар ҷомиа чунин шеваҳои маҷбуран ба саффи артиш бурдани ҷавононро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, мақомоти ҳарбӣ бояд шароитро дар артиш хубтар кунанд, то ки волидон бо дили пур фарзандонашонро ба хидмат равон кунанд ва ҷавонон низ аз хидмати ҳарбӣ нагурезанд.

Соли 2021 дар Тоҷикистон қонуни хидмати алтернативӣ қабул шуд, ки бар асоси он, бархе шаҳрвандон метавонистанд бо пардохти маблағи муайяне ба ҷои ду сол ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Бовар мерафт, ки ин иқдом метавонад коррупсияро дар низоми комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ коҳиш бидиҳад.  Аммо аз 1 сентябри соли 2023 маблағи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон аз 28 ҳазор то 51 ҳазор боло бурда шуд, ки ба бовари бисёриҳо, хеле зиёд буда, метавонад шумораи талабгорони хидмати алтернативиро кам ва дигарбора деги коррупсияро дар комиссариатҳои ҳарбӣ гарм кунад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони даъват дар маҳалҳо мегӯянд, ки дар давоми як соли охир нақшаи даъватро мақомот аз 50% то ду маротиба боло бурдаанд, ки ин иҷрои онро боз ҳам мушкилтар мекунад. Аз ҷумла масъули даъват дар яке ноҳияҳои вилояти Суғд гуфт, ки агар як сол қабл онҳо дар як мавсим бояд 270 нафарро ба артиш мефиристоданд, ҳоло нақшаи онҳоро қариб ба 500 нафар расондаанд.

АКСҲО АЗ “ХОВАР”:




Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button