ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ҲАМЛАИ ГУРГ БА ЯК СОКИНИ ИШКОШИМ. ҲАМСОЯҲО ГУРГРО КУШТА, ӮРО НАҶОТ ДОДААНД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар шарқи ин кишвар ҳамлаи гург ба инсон рух додааст. 

Бино ба иттилои ин ниҳод, субҳи барвақти 1 октябри соли 2023, тақрибан соати 05:30, сокини 48-солаи деҳаи Яхшволи ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди ҳамлаи гург қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи Кумита, доду фарёди ӯро шунида, ҳамсояҳо ба кумаки ин мард расидаанд ва гургро кушта, ҷабрдидаро наҷот додаанд. Вале як нафари огоҳ хабар дод, ки гургро худи марди ҳадафи ҳамла қароргирифта куштааст.

Сокини Яхшволро дар бемористони ноҳиявӣ бистарӣ кардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар ҳоли ҳозир табибон вазъи саломатии ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд.

Дар соли ҷорӣ ин нахустин мавриди сабтшудаи ҳамлаи гургон ба инсонҳо дар Тоҷикистон аст.

Ҳамлаи гургон – ин дарандаҳои ваҳшӣ ба чорвои хонагӣ ва инсон аз қадим аз ҷумлаи ҳодисаҳоест, ки аҳён-аҳён рух медиҳад. Бахусус агар гургон дар минтақае сайд пайдо накунанд, аз кӯҳҳо ба водиҳои аҳолинишин фаромада, ба одамон ва чорвои хонагӣ дармеуфтанд. Ҳамлаҳои гургон ба чорво ва инсонҳо бахусус дар фасли сармо зиёд мешавад, чунки дарёфти ғизо дар ин фасли сол барои гургон мушкил мешавад. Дар солҳои охир дар Тоҷикистон ин гуна ҳодисаҳо чандин бор рух додаанд.

ГУРГҲО ЧӢ ҲАЙВОНАНД?

Гургҳо ба оилаи сагсонҳо дохиланд ва аз миёни сагҷинсон бузургтаринҳо ба шумор меравад. Дар гузашта гург дар рӯйи Замин аз ҷумлаи ҳайвоноти паҳншудатарин ба шумор мерафт ва ба ҳаёти одамон чӣ он замон ва чӣ ҳоло таъсири амиқ дорад. Маҳз гург сарнасли гунаҳои мухталифи сагҳои хонагӣ ба шумор меравад.   

ЧӢ БОЯД КАРД, КИ АЗ ҲАМЛА НАҶОТ ЁБАНД?

Аввалан, кӯшиш кунед ба он ҷойе наравед, ки аз ин пештар гургон шуморо дар он ҷо мушоҳида карда буданд. Талош кунед ноаён бимонед. Баъзан гургон тани танҳо гардиш мекунанд, вале маъмулан ба ҳам ва бо гала шикор мекунанд.   

Дуввум, агар гург шуморо дид, пас оҳиста аз назди вай дур шавед. Ҳаргиз аз вай чашм наканед ва ба гург пушт нагардонед. Агар тасмим гирифтед, ки аз наздаш меравед, пас ақибнокӣ равед. Агар гург дар паси шумо қарор гирад, пас метавонад ғаризаи ваҳшонияташ бар ӯ ғолиб ояд ва ба шумо аз пас ҳамла кунад.

Сеюм, надавед. Гургон хеле ҳайвонҳои тезраванд ва суръати ҳаракати онҳо болотару тезтар аз суръати ҳаракати инсон аст, бахусус агар онҳо дар ҷангал бошанд. Ва агар онҳо ҷавобан ба фироратон ба шумо дар аввал ҳамла ҳам накунанд, вале баъдан ҳатман ин корро мекунанд.

ЧАНД МАСЛИҲАТИ ХЕЛЕ КУТОҲ

Гурги танҳо гумон аст аз пеш ҳамла кунад, ҳамлаи гургона ҳамеша аз пас аст. Бахусус, онҳо ба одамони бузургҷусса аслан ҳамла намекунанд. Аз ин рӯ, қомати худро баланд гиред: дастонатонро паҳн кунед, ашёи калонро дар даст дошта бошеду онро авлонҷ диҳед. Табиатан гургон аз одамон метарсанд.

Агар ба гургон дучор омадед, нагурезед, зеро гургон ғаризаи таъқиби сайди дар ҳоли фирорро доранд.

Агар ба маҳалле меравед, ки медонед он ҷо гургон муқиманд, талош кунед хислати онҳоро донед, ҳар қадар дар бораи онҳо зиёдтар донед, имкони зинда монданатон аз ҳамлаҳои гургона зиёд аст.

Гургон насли худро басо дӯст медоранд ва хуш надоранд, ки ба гургбачаҳои онҳо касе даст расонад. Гургон ҳатто метавонанд гургбачаҳоро баъди иртиботашон бо инсон раҳо кунанд ва аз галаи худ ронанд. Агар шумо гургбачаро дидед, ҳаргиз ба вай наздик нашавед!

Фикр накунед, ки гург ба мисли саг аст. На, ҷоғи гург аз ҷоғи саг ба маротиб пурқувваттар аст.

Аз гург чашм наканед, вале ҳеч вақт РОСТ БА ЧАШМОНАШ НИГОҲ НАКУНЕД! Ин метавонад сабаби хашми вай шавад.

Танҳо ба сафар набароед. Вақте одамон гурӯҳӣ сафар мекунанд, имкони бештари пирӯзӣ бар галаи гургон доранд.

Гургон низ чун дигар дарандагон хеле эҳтиёткоранд ва ба хотири ғизо ҷони худро ба хатар намеандозанд. Агар бинанд, ки шумо барояш як сайди хатарнокед, худро пас мекашанд ва ба роҳи худ мераванд.

Агар ба гурги хобида рӯбарӯ омадед, оҳиста ва бе ягон мағал аз вай дур шавед. Ҳеч вақт ба он наздик нашавед. Дар ёд дошта бошед, ки дар назди шумо даранда хобидааст ва амали вай пешгӯинашаванда аст. Метавонад ногаҳон ба шумо даруфтад!

Агар шуморо гург газид, пас фавран бояд ба бемористон равед. Талаб кунед, ки на танҳо захмро даво кунанд, балки ташхиси ҳорӣ низ гузаронанд.

Аз галаи гургон фирор накунед. Бо ҳам бошед, бачаҳо ва пирсолонро дар миёна гиред. Ба сӯи онҳо сангпартоӣ кунед, баланд садо занед, мағал бардоред.

Ба гург ғизо надиҳед! Агар гургонро сер кардед, онҳо одат мекунанд ва дигар аз одамон наметарсанд. Гурге, ки аз дасти одам ғизо мехӯрад, билохира ба вай дармеуфтад, чун дигар ҳисси тарс аз инсон аз ӯ гум мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Гургро мардум не, балки хамон шахси осебдида куштааст. Ва дуюм номи деҳа Яхшивул нею Яхшвол аст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button