ВидеоСиёсатТоҷикистон

ТАЪҚИБИ НАЗДИКОНИ ОНҲОЕ, КИ ДАР БЕРЛИН МОШИНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО БО ТУХМ ЗАДАНД (ВИДЕО)

Тарафдорони мухолифин, аз ҷумла онҳое, ки дар эътирозҳои рӯзҳои 28 ва 29 сентябр дар шаҳри Берлин иштирок карданд, аз боздошту бозпурсиҳои наздиконашон дар Тоҷикистон хабар медиҳанд. Аксари ин боздоштҳо дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифтаанд.

Мақомот то кунун ин мавҷи ахири боздоштҳоро, ки дар пайи эътирозҳои мухолифин дар рӯзҳои сафари президенти Тоҷикистон ба Берлин, пойтахти Олмон сурат гирифт, шарҳ надодаанд ва тасдиқи ин хабарҳо тавассути манобеи дигар мушкил ба назар мерасад.

Аммо ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” дар як изҳорот хабар дод, ки мақомот аз ҷумла падари 81-солаи роҳбари кумитаи иҷроияи ҳаракат Дилшод Шарифов ва 2 додарарӯсаш ҳанӯз рӯзи 29 сентябр аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба ШВКД шаҳри Кӯлоб  овардаанд ва то ҳол ҷавоб надодаанд. Ду хоҳар ва ду бародари Дилшод Шариповро дар шаҳри Душанбе дастгир кардаанд. Хоҳарони ӯро баъди чаҳор соати пурсупос озод кардаанд, вале бародаронаш ҳанӯз дар боздошт будаанд.

Дилшод Шарифов сабти суҳбат бо хоҳару модарашро нашр кард, ки дар ин сабт онҳо ин фаъоли мухолифинро барои ба сарашон овардани мушкилот дар Тоҷикистон мазаммат мекунанд, вале Дилшод Шарифов аз онҳо мепурсад, ки “агар ман “гуноҳ” карда бошаму ба ман савол доранд, шуморо барои чӣ мебаранд?”

“Гуруҳи 24” дар изҳороташ ҳамчунин дар бораи боздошти наздикони дастикам ду нафар аз онҳое, ки мошини президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар Берлин бо тухм заданд, хабар додааст. Аз ҷумла мақомоти қудратии ноҳияи Ховалинг аъзои хонаводаи Исмоил Маҳмадов, нафарро, ки ки дар тухмборон кардани мошини президент ва дар занозанӣ бо яке аз муҳофизони Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт, бо худ бурдаанд.

Ҳамин тавр, Ҷамшед Шарифов, узви “Гурӯҳи 24” ва яке аз иштирокдорони фаъоли тазоҳуроти Берлин ва тухмборон кардани мошини президент хабар додааст, ки мақомоти қудратии шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) соати дуи шаби 29 ба 30 сентябр омада,  бародар ва ду амакашро бо худ бурдаанд.

Дар изҳороти “Гуруҳи 24” дар бораи Юсуф Мирзоев, боз як нафаре, ки мошини президентро бо тухм зад, чизе гуфта нашудааст, вале манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки падари ӯро ҳам мақомоти қудратии шаҳри Кӯлоб дастгир кардаанд. Юсуф Мирзоев аз минтақаи Даҳанаи Кӯлоб аст ва дар сабти лаҳзаи тухборони мошини президент дар Берлин дар тан либоси сафед дошт. Нафаре, ки либоси тираранг дошт, Исмоил Маҳмадов будааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”,  падару додар ва боҷаи Муҳаммадҷон Абдуллоев ва додари Зафар Ғоибов, як корманди собиқи милисаро дар Кӯлоб дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои манобеи “Бомдод”, мақомот ҳамин тавр,  7 узви хонаводаи Муҳаммадраҷаб Сайидалиев, собиқ намояндаи “Гуруҳи 24” дар Олмонро дастгир карда, дар Исфара барои пурсуҷӯ ба хонаи Хурсанд Наҷмуддинов рафтаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи манобеи “Бомдод”,  Сайдалиев ва Наҷмуддинов дар эътирозҳои Берлин иштирок надоштанд.

Равшан Юсупов, як паноҳҷӯи тоҷик дар Олмон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки ӯ дар рӯзҳои тазоҳурот дар шаҳри Брилон, ки аз Берлин 400 километр дур аст, дар ҷои кор буд, вале бо ин вуҷуд, мақомоти қудратии ноҳияи Исмоили Сомонӣ падари 64-солааш Умар Юсуповро, ки дар маҳаллаи Хуҷамбиёи поён ба сар мебарад, аввал рӯзи 14 сентябр бозпурсӣ карда, рӯзи 30 сентябр дастгир кардаанд ва инак 2 рӯз боз аз вай дараке надоранд.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid035dfcCqa3KvGXQjcwo2nVfFv9DekLgepw1bLCHjrQa18craS1oNGKQVs8LNoctAoAl&id=100063543542046&paipv=0&eav=AfYvlu1Nh4-23vP8ZZYGGLanq1Ssr3DJ2BVab2ZUn8vFym_vYYlZhufhFXypV9Byc_M&_rdr
Равшан Юсупов ва падараш

Ҳамин тавр, Фарҳод Одинаев, як фаъоли мухолифини тоҷик хабар додааст, ки мақомоти амниятии Ҳисор бародарзодаашро бо худ бурдаанд.

“Ба хона рафта, аввал хостаанд, ки модари пиронсоламро баранд. Сипас бародаразодаамро бурдаанд. Ба модарам гуфтаанд, чаро ором намешинад, ба мошини ҷаноби олӣ бо тухм задаанд?” – нақл кардааст Одинаев ба радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ).

Шарофиддин Гадоев, роҳбари Ҷунбиши оппозитсионии ислоҳот ва рушди Тоҷикистон низ ба ин расона гуфтааст, ки мақомоти ноҳияи Фархор модари 72солаи ӯ Оишамоҳ Абдуллоеваро бо худ бурдаанд. “Дар вақти бурдани модарам кормандони амният бо хашм пурсидаанд, ки чаро писарат ҷаноби олиро диктатор гуфт, чаро ба мошини президент тухм задааст, ором гардад намешавад?” – нақл кардааст Гадоев.

Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, як паноҳҷӯи тоҷик дар Олмон низ дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 30 сентябр мақомоти амниятии Панҷакент падару модар ва апаи ӯро бо худ бурдаанд ва аз телефонҳои онҳо занг зада, ба Шоҳимӣ таҳдидҳо кардаанд.

“Гуруҳи 24” рӯзи 1 октябр хабар дод, ки мақомот бародари калонии ҷонишини роҳбари “Гурӯҳи 24” Ҳусейн Ашӯров, Раҳматулло Ашӯровро боздошт кардаанд. Намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Иттиҳоди Аврупо Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор низ аз боздошти падари пиронсолаш дар ноҳияи Рашт хабар дод. Инчунин мақомоти амнияти ноҳияи Рашт падари 64солаи сухангӯи “Гурӯҳи 24” – Убайдулло Саидиро аз ҷамоати Нусратулло Махсум, деҳаи Шул бо худ бурдаанд. Намояндаи дигари “Гурӯҳи 24 “ – Абӯзар Хоҷазода хабар додааст, ки мақомот падару модар ва бародару додарашро бо худ бурдаанд. Узви дигари “Гурӯҳи 24” Исмоил Исмонов , ки дар тазоҳуроти Берлин ширкат карда буд, аз боздошти бародараш Аслуддин Исмонов ва тағояш Умар Юсуфов аз ҷониби мақомоти амниятӣ хабар додааст.

Аз ин қабл, масъули бахши иттилоот ва таблиғоти ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва муҷрии барномаи “Садои мардум” Беҳрӯз Тағойзода, ки бо тахаллуси Салмон Холиқов ҳам маъруф аст,  рӯзи 30 сентябри соли 2023 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон шаби 29 сентябр, соати 22 падари 60-солааш Холиқов Тағоймуродро, ки муаллими мактаб аст, аз хонаашон дар деҳаи Шайхони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ гирифта бурдаанд ва то ҳол дараке аз падараш надоранд.

Лаҳзаҳое ки ин гузориш барои чоп омода мешуд, Паймони миллии Тоҷикистон, як ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯъ дар як изҳорот боздошти наздикони тарафдорони мухолифин аз ҷониби мақомоти ин кишварро ҳамчун амали ғайриқонунӣ ва ҷиноят шадидан маҳкум кард.

Мо шак надорем, ки ин ҳама боздоштҳо ва гаравгон гирифтани хонаводаи мухолифон аз ҷониби мақомот, посух ба фаъолияти сиёсии онҳо буда, бо мақсади фишор овардан болои мухолифони ҳукумат аст”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Паймони миллӣ аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии билофосилаи ҳамаи дастгиршудаҳоро талаб кард ва аз ҳамаи созмонҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват кард, то ҳарчи зудтар вориди қазия шуда, ҳукумати Тоҷикистонро ба риояи ӯҳдадориҳояш дар масъалаи озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон водор созанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button