Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК СОКИНИ ХОВАЛИНГ ДАР ПОЙТАХТ ЯК ҶАВОНЗАНИ ХОВАЛИНГИРО ЛАТТУКӮБ КАРДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи дар пойтахт, шаҳри Душанбе латтукӯб шудани як ҷавонзани 20-сола аз ноҳияи Ховалинг хабар дод.

 Бино ба иттилои ин ниҳод, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавонзани 20-солаи сокини ноҳияи Ховалинг муроҷиат намуд, хабар додааст, ки 28-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 16:10, ҳангоми дар маҳаллаи Сомонии пойтахт қарор доштанаш, шахси номаълум бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, 3 маротиба бо мӯшт ба узвҳои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВКД гуфт, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Ховалинг бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Тафсилоти дигари ҳодиса нашр нашудааст. Сабаби дар пойтахт кофта ёфтану ба ҷавонзани ҳамшаҳриаш дарафтодани ин сокини Ховалинг маълум нест.

ВКД гуфт, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button