ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президентТоҷикистон

ҲАМАРО БАРДОШТА БУРДАНД: БОЗПУРСИИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ ВА 10 МАНСАБДОРИ ДИГАР ДАР ПАЙИ ГУЗОРИШИ “РАДИОИ ОИЛАВИИ АЮБОВҲО”

Як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки шоми ҷумъа, 1 сентябри соли 2023 кормандони додситонӣ ва амният беш аз 10 мансабдори баландпояи шаҳри Кӯлоб, бо шумули раиси ин шаҳр Бахтиёр Назарзода ва ҳамаи муовинонашро бо худ ба бозпурсӣ бурдаанд.

Мақомот то кунун хабари мавриди бозпурсӣ қарор гирифтани гуруҳи бузурги мансабдорони баландпояи шаҳри Кӯлобро расман ягон шарҳ надодаанд, вале манбаи “Бомдод”, ки ӯ ҳам барои бозпурсӣ бурда шуда буд, аз қавли муфаттишон хабар дод, ки ин бозҷӯиҳо гӯё бо дастури бевоситаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи нашри як гузориши таҳқиқотӣ дар бораи дар қонуншиканиҳо, аз ҷумла дар коррупсия даст доштани шаҳрдори кунунии Кӯлоб Бахтиёр Назарзода сурат гирифтааст.

“Ҳамаро бардошта бурданд. Асосан дар бораи раиси шаҳр Бахтиёр Назарзода ва ширкату корхонаҳои марбут ба хешу табори ӯ  пурсиданд. Муфаттиш ба ман гуфт, гӯё худи Ҷаноби олӣ супориш додаанд, ки аъмоли Назарзодаро мӯшикофона бисанҷанд”,  – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод” ба шарти наовардани номаш.

Як мансабдори дигар аз шаҳри Кӯлоб, ки низ бино бар мулоҳизаҳои амниятӣ бурдани номашро салоҳ надонист, дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт, ки худи ӯро ҳанӯз бозпурсӣ накардаанд, вале “алакай миёнаравҳое пайдо шудаанд, ки ба одамони соҳибвазифа барои халос шудан аз ин дарди сар кумаки худро пешниҳод карда истодаанд. Шунидам, ки аз як раис барои онки ба зиддаш парванда накушоянд, 20 ҳазор доллар талаб кардааст чунин миёнарав”.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” дар ин бора, ки оё бар асоси натиҷаҳои ин мавҷи бозпурсиҳо касе боздошт шудааст ё на?, изҳори бехабарӣ карданд. Ин ҳам маълум нест, ки ин бозпурсиҳо оё дар чорчӯби ягон парвандаи алакай бозшуда сурат гирифтаанд ваё масъалаи кушодан ё накушодани чунин парванда бар асоси натиҷаҳои ин ҳаракатҳои тафтишотӣ баррасӣ хоҳад шуд?

Аммо Орзу Ҳамидиён, яке аз муовинони раиси шаҳри Кӯлоб, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст, рӯзи шанбе, 2 сентябр низ дар Фейсбук ҳамчунон фаъол буд ва дар гуруҳи  расмии шаҳрдории Кӯлоб ду матлаб: як гузориши телевизионӣ дар бораи корхонаҳои саноатии ин шаҳр ва як суратгузориш дар бораи аксияи тозагӣ ва нарм кардани бехи даракхтон дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ихтиёриёнро нашр кардааст.

Хабари бозҷӯии мансабдорони баландпояи Кӯлоб дар ҳолест, ки ахиран радиои оилавии зану шавҳар Аюбовҳо (србиқ радиои Озодӣ) гузориши муфассалеро дар бораи даст доштани раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода дар ҷиноятҳои коррупсионӣ нашр кард. Дар ин гузориш, ки рӯзи 29 августи соли 2023 бо номи “Раиси шаҳри Кӯлоб бо “қонунҳо”-и худаш кор мекунад?” нашр шуд,  гуфта мешавад, ки Бахтиёр Назарзода аз мансаб ба фоидаи ширкати худаш бо номи “Далер”, ки ба исми писараш Далер Назаров гузоштааст, сӯиистифода мекунад, пули андозу барқро намесупорад, мактабу хиёбонҳоро ба номи наздиконаш номгузорӣ кардааст ва аз ҳисоби журналистон гуруҳеро созмон додааст, ки ҳар амали ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд бо иғроқ ва муболиға таърифу тавсиф кунанд.

Дар ин гузориш шаҳрдори Кӯлоб аз ҷумла ба он айбдор мешавад, ки замони раиси идораи молияи вилояти Хатлон буданаш тарҳи сохтмони як мактаб дар маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлобро ба ширкати писараш додааст, хонаводаи шаҳрдор меҳмонхонаи “Кӯлоб”-ро хусусӣ карда, гирифтаанд, ширкатҳову корхонаҳои марбут ба хонаводаи шаҳрдор аз пули барқ ва андоз қарздоранд.  Бахтиёр Назарзода дар ин гузориш ҳамчунин ба он муттаҳам мешавад, ки маҷмааи 2700-солагии Кӯлобро, ки онҷо ягона нишони таърихӣ будани шаҳрро ёфта буданд, ба бозор ва таваққуфгоҳи мошинҳо табдил дода, қудояш Меҳриддин Тошовро раиси Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Кӯлоб таъйин кардааст, мактаби дар маҳаллаи Чаманзор сохташударо ба номи бобояш Назар Шариф, иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ гузошта, ҳанӯз соли 2005-ум, ки Бахтиёр Назаров, вакили Маҷлиси маҳаллӣ ва сардори Идораи молияи Кӯлоб буд, талош кард, яке аз хиёбонҳои марказии шаҳрро бо номи падараш Худоёр Назаров номгузорӣ кунад. Ҳол онки, менависад радиои оилавии зану шавҳар Аюбовҳо, Худоёр Назаров аз замони шӯравӣ устои тармими оадио ва телевизион буд ва дар ҳамон меҳмонхонае, ки баъдан хусусӣ кард, устохонаи хурде дошт.

Ҳамин тавр, бино ба ин гузориш, Бахтиёр Назарзода ба шарафи падарарӯсаш Шариф Саидов, ки замони Шӯравӣ гуштингирӣ мекард, вале зиёд шинохта набуд, 2 сол боз аз ҳисоби шаҳрдорӣ мусобиқаҳои гуштигирӣ доир мекунад ва дар ҷодаҳои шаҳри Кӯлоб овезаҳое ба ифтихори “Устоди варзиш Шариф Саидов” насб кардаанд.

Моҷарои дигари марбут ба раиси шаҳри Кӯлоб муҷассамаи “Дуои модар” буд, ки гуфта мешавад, симояш ба симои модари Бахтиёр Назарзода монанд будааст. Пайкарасозон баъдан эътироф кардаанд, ки шаҳрдори Кӯлоб дар ҳақиқат акси модарашро барои сохтани муҷассама пешниҳод карда буд ва онҳо симои модарро бар асари ҳамин акси модари раиси шаҳр сохтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Хоомуҳаммадзода, зидди монополияи радиои озодӣ гуяд:

    Чунин ба назар мерасад, ки бахши тоҷикии радиои “озодӣ” бо мақомоти кишвари аккредитатсиядиҳанда ҳамкории танготанг дорад, вагарна чаро ба фарқ аз бахшҳои дигари ғайритоҷикии радиои озодӣ, радиои “аюбӣ” тазоҳуроту намоишҳои эътирозии ҳатто кишварҳои дур аз Тоҷикистонро низ инъикос намекунад, дар ҳоле, ки рисолати аслии радиои озодӣ эҳтиром ба раъйи мардумон (ақалияту аксарият) дар ҳар тазоҳуроту эътирозот аст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button