ЁБУ ГИР! МАНСАБДОР НЕЮ ПИЁДАГАРДЕ, КИ МУРД, ГУНАҲКОР БУДААСТ…

Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 31 июли соли 2023 дар нишасти матбуотиаш гузориши пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар бораи садамаи марговар бо иштироки муовини раиси ин ноҳия Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзодаро тасдиқ  кардааст, вале гуфтааст, ки ӯ ҳангоми рондани мошин маст набуд.

“Акбар Муҳиддинзода соати яки шаб модари беморашро ба беморхона мебурдааст, ки садама рух додааст. Ронанда не, балки пиёдагард маст буд. Илова бар ин, ягон одам бе душман нест”, – нақли қавл кардааст хабаргузории “Азия Плюс” аз суханони Салимзода дар нишасти матбуотӣ.

Худи Акбар Муҳиддинзода дар нишасти матбуотӣ ҳузур надошт ва шарҳи ҳодиса аз забони худи ӯ маълум нест. Мақомоти корҳои дохилаи кишвар низ расман ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодааст.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан хабар дод, ки додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаи ҷиноятии муовини раиси ин ноҳия Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзодаро қатъ кардааст. Ба дунбол, Акбар Юсуфӣ дигарбора сари кор баргашта, нафақат ҳамчун муовини раиси ноҳия кор карда истодааст, балки тавре ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод,  Юсуфӣ ахиран аз ҳавзаи Шайхбурҳон вакили маҷлиси ноҳиявӣ интихоб гардида, рӯзи 21 июли соли 2023 дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия савганди вакилӣ ёд кардааст.

Ин мансабдори баландпоя ба он айбдор мешуд, ки моҳи мй дар ҳолати мастӣ сари фармони мошини “Мерседес С”, ё ба қавли мардум “Сечка”, рақамҳояш 87 86  нишаста, дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Унҷӣ сокини  ин ҷамоат Нодирҷон Назаровро пахш кардааст.

Нодирҷон Назаров бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористони марказии ноҳия ҷон дод. Аз ӯ се фарзанди хурдсол ятим монд.

Бар асоси қисми чоруми моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба Акбар Юсуфӣ барои роҳ додан ба садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати 10 сол таҳдид мекард.

Бо кадом тавҷеҳ қатъ шудани парвандаи муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маълум нест. Дар парвандаҳои марбут ба садамаҳо гоҳо дар заминаи муомилаи байни ронандаи гунаҳкор ва аҳли хонаводаи ҷабрдида тавофуқоте ба даст меояд, ки барои мисол, нафари гунаҳкор таъмини зиндагии фарзандони ятиммондаи ҷабрдидаро бар дӯш мегирад ва дар иваз, он тараф аз даъвои худ мегузарад. Аммо сокинони Унҷӣ мегӯянд, Акбар Юсуфӣ ба тарафи ҷабрдида ягон кумак накардааст. Ҳамсари Нодирҷон Назаров баъди марги ӯ ҳатто маҷбур шудааст, ки се фарзанди хурдсолашро гирифта, ба хонаи падару модараш баргардад.

Ин ҳам маълум нест, ки масъалаи дар ҳолати мастӣ мошин рондани Акбар Юсуфӣ чӣ гуна “ҳал” шуд? Сокинони Унҷӣ мегӯянд, дар лаҳзаи садама ӯ ширакайф буд ва инро кормандони БДА дар протоколашон сабт карда буданд. “Аммо инки ин протокол баъд чӣ хел “таҳрир” шуд?, чизе гуфта наметавонем. Ин ҳам дар ҳоле ки президент Эмомалӣ Раҳмон соли 2017, вақте ҷазоро барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин шадид карданд, таъкид карда буд, ки дар ин масъала набояд ба ягон кас тараҳҳум карда шавад. Сарфи назар аз мансаби давлатӣ ё пушту паноҳи вазнин доштанаш”, – мегӯянд ҳамсуҳбатони “Бомдод”.

Додситонии ноҳия то кунун сабабҳои қатъи парвандаи мансабдори баландпояро, ки дар ҳолати мастӣ мошин ронда, сабабгори садамаи маргбор шудааст, шарҳ надодааст. Аммо сокинони Унҷӣ мегӯянд, ки бастани парвандаи муовинашро аз додситонӣ раиси тозатаъйини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода (собиқ вазири тандурустии Тоҷикистон) “хоҳиш” кардааст.

Салимзода 11 январи соли 2023 раиси ин ноҳияи бузургтарини Тоҷикистон таъйин шуд ва Акбар Юсуфӣ, ки аз соли 2016 ба ин тараф раҳбари дастгоҳи раиси ноҳия буд, баъди омадани Салимзода муовини раиси ноҳия таъйин шуд.

Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода 1 июли соли 1977 дар ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) ба днуё омада, соли 1994 мактаби миёнаи  №26–и чамоати дехоти Ҳайдар Усмонов ва соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 1999 ба ҳайси омӯзгор дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №26 оғоз намуда,  то соли  2004 дар ин вазифа фаъолият намудааст.

Акбар Юсуфӣ аз соли 1999 то 2014 ба касби омӯзгорӣ машғул буд ва чандиин сол муовини мудири мактабҳои №26 ва №12 буда, аз соли 2011 то 2015 мудири мактаби №26 ва аз соли 2015 то 2016 раиси ҷамоати ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов буд. Аз моҳи марти соли 2016 то соли 2023 ба ҳайси роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корд карда, дар аввали соли 2023 муовини раиси ноҳия таъйин шуд.

Ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ахиран дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки санаи 21.07.2023 иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) баргузор гардида, дар он ваколати вакилони интихобшуда дар ҳавзаҳои интихоботии «Ваҳдат, №1», «Сафедтеппа, №18» ва «Шайхбурҳон, №26» тасдиқ карда шуд.

“Вакилони тозаинтихоб Салимзода Нусратулло – раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҳакимзода Ҳомид – муовини якуми раиси ноҳия ва Юсуфӣ Акбар – муовини раиси ноҳия дар назди иштирокдорони маҷлис савганди вакилӣ ёд намуданд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.       

Ин бори аввал нест, ки парвандаҳои мансабдорони баландпоя ваё фарзандони мансабдорон, ки ба садамаҳои нақлиётии маргбор роҳ додаанд, хапу дам баста мешаванд ва касе ҷазо намегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button