ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ ТАСДИҚ КАРД, КИ АЗ 1 ЯНВАР ВОРИДОТИ МОШИНҲОИ ТО СОЛИ 2013 БА ТОҶИКИСТОН МАНЪ МЕШАВАД

Вазири нақлиёти Тоҷикистон расман тасдиқ кард, ки аз 1 январи соли 2024 бо қарори ҳукумат воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2013 ба Тоҷикистон манъ карда мешаванд. Феълан аз хориҷ овардани мошинҳои сохти то соли 2006 мумкин аст.

Азим Иброҳим рӯзи ҷумъа, 28 июли соли 2023 дар нишасти хабарии вазорати нақлиёт гуфт, тоҷирони мошин то соли нав фурсати кофӣ доранд, ки нақшаҳои худро бар асоси қарори нави ҳукумат барномарезӣ кунанд.

Вазири нақлиёт ин тасмимро ба ҳимояти муҳити зист аз газҳои партобӣ рабт дод ва гуфт: “Тавре медонем, ҳар қадр мошин зиёдтар истифода шуда бошад, ба муҳити зист зарараш бештар мешавад. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки ин иқдоми хуб аст”.

Қаблан пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки ба зудӣ воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2013 ба Тоҷикистон манъ карда мешаванд.  Дар гуруҳҳои мошинфурӯшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нусхаи номаи расмие нашр шуд, ки дар он аз президент ва раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон манъ кардани воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2013 дархост карда мешавад.

Дар ин нома бо имзои раиси Дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон, ки нусхааш ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ расид, аз ҷумла гуфта мешавад, ки қисми зиёди газҳои зараровар, ки аз воситаҳои нақлиёт ба фазо хориҷ мешаванд, асосан ба нақлиёти кӯҳна рост меояд ва “мувофиқи омори расмӣ, аксари садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки нақлиёти автомобилии кӯҳна рӯй дода истодааст”.

Ба ин далел, дар ин нома, ки ташаббускоронаш, бино ба иттилои дарёфтӣ, чанд идораи дахлдор, аз ҷумла Хадамоти гумрук ва идораи ҳифзи муҳити зист мебошанд, хулоса додаанд ки: “Бо мақсади ба танзим даровардани равандҳои болозикр, бори дигар қабул намудани қарори дахлдори ҳукумати ҶТ ва тавассути он манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти бароришон то соли 2013 ба ҳудуди ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад мебошад”.

Бисёре аз тоҷирони мошин мегӯянд, ки ин ташаббуси мақомот барояшон ногаҳонӣ буд ва бисёре аз мошинфурӯшонро ғофилгир кард.

Як тоҷири мошин рӯзи 20 июли соли 2023 ба “Бомдод” гуфт: “Соҳибкороне ҳастанд, ки дар Литва то 400 мошини харида доранд. Бархеи дигараш аз 20 то 40 мошин. Беларус бо мошинҳои боркаш интиқол додани мошинҳоро иҷозат намедиҳад. Русия ҳам ғам дода истодааст вақтҳои охир. Вагон намерасад, мардум намедонад, мошинҳои харидаашонро бо кадом роҳ то ба Тоҷикистон расонанд? Агар ин гуна қарор қабул шавад, маҷбурем, мошинҳои харидаамонро майда-майда карда, ҳамчун қисмҳои эҳтиётӣ барем, ки сахт насӯзем”.

Бовар меравад, ки ин тасмим метавонад сабаби боло рафтани нархи мошин, аз ҷумла нархи мошинҳои кӯҳнаи қаблан воридшуда дар бозори мошини Тоҷикистон шавад. Нигаронии дигар аз он аст, ки манъи воридоти мошинҳои то соли 2013 имкони харидани мошинро барои бисёриҳо дастнорас мекунад, чунки нархи мошинҳои баъди соли 2013 дар бозор хеле баланд аст.

Ҳамсуҳбати “Бомдод” аз гумрук дар шарҳи сабаби интихоботи соли 2013 гуфт: “Баъди соли 2013 мошинҳо алакай бо меъёрҳои муосир, аз ҷумла бо меъёрҳои шадидтар дар мавриди партоби газҳои зараровар ба атмосфера, истеҳсол карда мешаванд. Ҳамчунин, аз соли 2013 ба ин сӯ, мошинсозон меъёрҳои бехатариро дар маҳсулоти худ низ хеле боло бурдаанд, ки ин хатари садамаҳо, бахусус садамаҳои марговарро дар роҳҳо коҳиш медиҳад”.

Тоҷикистон корхонаҳои мошинсозӣ надорад ва бозори кишвар бо воситаҳои нақлиёт аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад. Бино ба ҳисобҳо, солона ба Тоҷикистон то 70 ҳазор мошин ворид карда мешавад. Ҳаҷми умумии  бозори мошинфурӯшии Тоҷикистон солона аз 400 то 500 миллион доллар баровард мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button