ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАЪДИ ЧАНД РӮЗ АЗ ХУД БО ИРСОЛИ БАРҚИЯИ ТАСЛИЯТ БА ШАЙХИ ИМОРОТ ДАРАК ДОД

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 31 июли соли 2023 хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 июл ба президенти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён ба сабаби марги бародараш барқияи таслият ирсол кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи таслияташ навиштааст:

 «Аълоҳазрат,

Хабари даргузашти бародаратон Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид.

Вобаста ба ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи наздикону пайвандонатон таъзияву таслияти сидқии ин ҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам. Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат ва ҷояшро ҷаннат гардонад.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».

Ин аввалин хабари расмӣ дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чандин рӯзи охир ах маҳзари ом ғоиб шудааст ва ин сарусадоҳои мухталиф ва нигарониҳоеро дар байни мардум ба бор овардааст.

Аммо хадамоти матбуоти президент зикр накардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ин барқияро аз куҷо ирсол кард: Аз Душанбе? Ё ягон макони дигар?

Рӯзи 31 июл дар хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ҳамчунин ба хабаргузории русии “Спутник-Тоҷикистон” хабар додаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба наздикӣ бо варзишгарони барандаи мусобиқоти муътабари байналмилалӣ мулоқот мекунад. Қарор аст, ин мулоқоти президент бо варзишгарони номии кишвар рӯзи 10 август, дар Рӯзи варзишгарон баргузор шавад.

 Пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан хабар дод, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашташ аз сафари Арабистони Саудӣ, ки ӯ дар ҷараёни ин сафар дар нишасти нахустин сарони кишварҳои халиҷ ва Осиёи Марказӣ ширкат варзида, бори панҷум Ҳаҷҷи Умра кард, аз маҳзари ом ғайб задааст.

Сафари ӯ ба Саудӣ рӯзҳои 18 ва 19 июли соли 2023 сурат гирифт. Баъди он хадамоти матбуоти президент танҳо рӯзи 21 июл дар бораи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, ва рӯзи 24 июл дар бораи раисиҷумҳури Ӯзбекистонро ба муносибати зодрӯзи 66-умаш табрик кардани президенти Тоҷикистон ду иттилоияи расмӣ нашр кардаасту тамом. Охирин акси нашршудаи Эмомалӣ Раҳмон низ аз 21 июл аз ҷараёни мулоқоташ бо сарвазири Ӯзбекистон аст ва охирин видеои ӯ аз ҷараёни Ҳаҷҷи Умрааш дар Макка.

Рӯзи 28 июли соли 2023 ҷаласаи ҷамъбастии моҳонаи ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд. Барои бори аввал дар чанд соли охир ин ҷаласаро на Эмомалӣ Раҳмон, балки сарвазир Қоҳир Расулзода пеш бурд. Хабари ҷаласаро низ хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кард ва дар сомонаи расмии президент дар бораи ҷаласаи ҳукумат на хабаре буд ва на аксу видео. Дар аксҳое, ки “Ховар” нашр кард, дида мешавад, ки дар ҷаласаи ҳукумат на Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт, на фарзандонаш  – раиси Дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ.

Нозирони умур мегӯянд, чунин иттифоқро, ки дар ҷаласаи ҳукумат на президент ҳузур дошта бошаду на фарзандони мансабдораш, дар чанд соли охир бори аввал дучор мешаванд.

Бо ин ҳол, мухолифини ҳукумат бо такя ба манобеи худ хабар медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сабаби бад шудани вазъи саломатиаш баъди сафари Саудӣ ба хотири ташхису табобати худ ба Аврупо рафтааст ва ё дар Швейтсария ваё дар Олмон таҳти табобат қарор дорад.

Дар бораи ба Аврупо рафтани президенти Тоҷикистон ваё дигар шахсони масъуле, ки ҳаққи истифода аз борти №1, яъне ҳавопаймои президентиро дошта бошанд, маълумоти расмие то имрӯз дар ягон ҷо нашр нашудааст. Вале  EAT European Aviation Team, як пойгоҳи хабарҳои соҳаи авиатсия, ки мавридҳои таваҷҷуҳбарангези нишасту хези ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Мюнхен ва дигар фурудгоҳҳои Олмону Аврупоро пайгирӣ мекунад, рӯзи 23 июли соли 2023 акси лаҳзаи дар ин рӯз дар фурудгоҳи Мюнхени Олмон нишастани ҳавопаймои марбут ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамғаи “Boeing 787-8 Dreamliner”, рақами сабташ EY-001-ро нашр кард ва инро як ҳодисаи муҳими рӯз барои фурудгоҳи Мюнхен номида, гуфт, ҳавопаймои Тоҷикистон ба инҷо  аз фурудгоҳи Сюрихи Швейтсария омад.

Бино ба иттилои пойгоҳи иттилоотии Рlanespotters.net, EY-001 рақами ҳавопаймоест, ки қаблан ба нирӯҳои ҳавоии артиши Мексика тааллуқ дошта, ҳамчун ҳавопаймои президенти Мексика истифода мешуд, вале моҳи апрели соли ҷорӣ ҳукумати Мексика онро ба нархи 92 миллион доллар ба ҳукумати Тоҷикистон фурӯхт ва  акнун ин ҳавопаймо бо ин рақам ҳамчун ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” сабти ном шуда, ҳамчун ҳавопаймои президенти Тоҷикистон хидмат мекунад.

Дар ҳоле ки мухолифин аз бад шудани аҳволи саломатии Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин далел, ҳамроҳаш ба Аврупо рафтани аҳли хонаводааш, аз ҷумла Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ҳарф мезананд, манобеи наздик ба ҳукумат ва хонаводаи президент мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад ва дар ин муддат вазъи саломатиашро низ ташхис мекунад.

Як ҳамсуҳбати пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, президент бисёре аз аъзои тимашро ҳам ба истироҳат фиристодааст ва “барои мисол, сухангӯяш Абдуфаттоҳ Шарифзода низ ин рӯзҳо дар Искандаркӯл дар истироҳат қарор дорад”. Ӯ фаъол набудани сомонаҳову саҳифаҳои расмии президентро ба таътили аксари кормандони хадамоти матбуот рабт дод.

Аммо дар ин бора, ки президент дар худи Тоҷикистон саломатиашро ташхис мекунад ваё дар ҳақиқат ба Аврупо рафтааст?, касе аз ҳамсуҳбатони “Бомдод” посухи аниқе дода натавонист.

Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи октябри соли ҷорӣ ба синни 71 мерасад, аз поёни соли 1992, инак қариб 31 сол боз раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад. Дар соли 2016 ба Эмомалӣ Раҳмон расман унвони “Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” ва ҳаққи пешбарии бидуни маҳдудияти номзадиаш ба президентӣ дода шуд. Ӯ баъди интихоботи президентии соли 2020 замони раёсати худро дастикам то соли 2027 тамдид кард.

Чандин сол боз дар Тоҷикистон дар бораи нақшаи ба Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон супурдани мақоми президентӣ суҳбат меравад ва ба ин хотир ҳанӯз соли 2016 синни ҳадди ақали номзадӣ ба президентиро аз 35 то 30 пойин оварданд. Вале ҳар дафъа иҷрои ин нақша ба баҳонаҳои мухталиф, вале ба бовари аксари нозирон, асосан ба далели адами хоҳиши қотеъи худи Эмомалӣ Раҳмон, ба таъхир андохта мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button