БА АБДУҚОДИР ТАЛБАКОВ ИҶОЗАТ НАДОДААНД, КИ НОМАШРО БА ОРИЁМЕҲР ЗАРДУШТ ИВАЗ КУНАД (ВИДЕО)

Журналист ва китобдори тоҷик Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) рӯзи 29 июли соли 2023 бо нашри як видео дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки талошҳои чандинмоҳааш барои ба Ориёмеҳр Зардушт иваз кардани ному насабаш бенатиҷа анҷом ёфтанд ва ҳатто вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ин дархости ӯро рад кардааст.

Абдуқодир Талбаков дар аввалҳои соли 2023 аз гароиданаш ба дини зардуштӣ ва азмаш барои таъсиси ҷамъияти пайравони дини зардуштӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Вақте ки бархе корбарон мазамматаш карданд, ки пас чаро ному  насаби мусалмонии решаҳояш арабиро ҳифз кардааст, ӯ эълон кард, ки ному насабашро ба Ориёмеҳр Зардушт иваз мекунад ва талош хоҳад кард, ки ҳама санадҳояшро ҳам расман ба ин ному насаб гардонад.

Аммо дар вазорати адлия ба Абдуқодир Талбаков аз лиҳози қонунӣ ғайримумкин будани чунин шеваи тағйири ному насабро фаҳмонда, пешниҳод кардаанд, ки аз Ориёмеҳр Зардушт ба ҳайси тахаллуси эҷодӣ истифода кунад.

Абдуқодир Талбаков баъди берун омаданаш аз қабули Музаффар Ашӯриён гуфт: “Инак охирин умеди мо ҳам барбод рафт. Навакак аз қабули вазири адлия баромадам. Воқеан, ҷаноби вазир ҳақ аст. Қонун касеро истисно намекунад.  Аслан ҳадафи ман чӣ буд? Пурра дигар кардани ному насабам ба ному насаби ориёӣ. Шояд ин аввалин ҳодиса буд, ки ман табдили дин кардам ва мехоҳам табдили ном кунам. Шояд аз ин баъд дар қонун тағйироте ворид карда шавад, ки масалан, агар шахс бихоҳад, ки аз ному насаби решаҳояш пурра арабӣ ба ному насаби ориёӣ бигзарад, шояд қонун ба ин иҷозат бидиҳад. Ба ҳар сурат, дар ҳолати ман ин кор нашуд ва баҳсу суҳбату вохӯриву… ҳатто баҳсу суҳбатҳои шадид дар ҳама зинаҳои ин вазорат оқибат нуқта гузошта шуд. Яъне ман наметавонам ному насабамро Ориёмеҳр Зардушт кунам. Фақат тавсияи мутахассисон ин буд, ки ман метавонад тахаллуси Ориёмеҳр Зардушт бигирам”.

Абдуқодир Талбаков дар поёни суҳбаташ аз парлумони Тоҷикистон хост, то дар қонуни ному насаб (“қонуни ЗАГС”) таҷдиди назар кунад.

Абдуқодир Талбаков, ки бо тахаллуси Абдуқодири Абдуқаҳҳор ном баровардааст, 49 сол дошта, зодаи ноҳияи Фархор ва хатмкардаи риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатӣ (ҳоло Донишгоҳи миллӣ)-и Тоҷикистон аст. Ӯ солҳои зиёд дар соҳаи радио ва телевизиони Тоҷикистон кор карда,  чандин сол мудири радиои Тоҷикистон ва мудири ТВ “Пойтахт” (ҳоло ТВ “Душанбе) буд.

7 соли охир ӯ дар мақоми мудири китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ кор мекард ва тоза моҳи марти соли 2023 аз ин мақом рафт.

Дар солҳои “бадарға” шуданаш ба китобхонаи шаҳрӣ, Абдуқодир Талбаков дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар масоили доғи Тоҷикистон изҳори назар мекард, вале назарҳояш дар бораи масоили динӣ ба вокуниши тунди пайравони дини Ислом рӯбарӯ шуд. Ихтилофи назари байни ӯ ва диндорон ба ҳадде шиддат гирифт, ки моҳи январи соли 2023 Абдуқодир Талбаков дар пайи даргузашти Одина Шоҳӣ, яке аз охирин пайравони дини Зардуштӣ аз ноҳияи Ш.Шоҳин (собиқ Шӯрообод) ба сари қабри ӯ рафта, онҷо эълон кард, ки ба дини Зардуштӣ мегарояд ва ҷамъияти зардуштиҳои Тоҷикистонро барқарор мекунад.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки ба идораи ЗАГС ҷиҳати аз Абдуқодир Талбаков ба Ориёмеҳр Зардушт иваз кардани ному насабаш муроҷиат кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Абдуғаффор Ҳасан Холмуҳаммадзода, Коршиноси масоили ақидатӣ гуяд:

    Як журналисти озод, мустақил, муҳаққиқ, “китобдор” ва ба зоҳир донишманд чунин тасмими ғайриоқилона мегирад, воқеъан боиси таассуф аст. Вақте, ки мусалмон ба ҳалоле пушт мегардонад, худованд ҳамон ҳалолро ҳам барояш ҳаром мегардонад, ислом дини ҳалол аст, бузургтарин динҳои заминию осмониро ба чолиш талабидааст, ҳама моту мабҳутанд, ки чӣ кор кунем, ин оғо (талбаков) як дини “гумном”-ро “идеал”-и худ қарор додааст. Агар дилу гурда дорӣ, бо илму мантиқу факту далелу бурҳони қотеъ баҳсу мунозира бикун, сарсарӣ бо иддаоҳои пӯчу бемаънӣ худро саргардон кардан чӣ суд?!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button