3 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРГИ РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР САДАМА ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

Нимаи дуюми рӯзи 30 июли соли 2023, тақрибан соати 18:45, як ронандаи 30-сола аз Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Тоснои вилояти Ленингради Русия дар садама ҷон бохтааст.

Тавре нашрияи маҳаллии “Мегаполис” бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ленинград хабар дод,  ин садама дар километри 636-уми шоҳроҳи М10 “Россия”, дар гардиши деҳаи Ушаки  рух додааст. Ушаки дар 10-километрии ҷануби шаҳри Тосно ва тақрибан 70-километрии ҷанубушарқи шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.

Сокини 35-солаи Петербург, ки савори мошини тамғаи “ГАЗ NEXT Луидор” (“Газел” ё “Ғизол”) ҳаракат дошт, фосиларо дуруст ҳисобу китоб карда натавониста, ба мошини тамғаи “Рено Кенго”, таҳти идораи шаҳрванди сисолаи Тоҷикистон, ки барои гаштан ба тарафи чап манъ карда буд, бархӯрдааст. Зарба чунон сахт буд, ки мошини “Рено Кенго”, ё ба қавли мардум, “каблук”, ба самти муқобили роҳ баромада, зери чархҳои мошини боркаши тамғаи “Volvo Fll 4X2”, таҳти идораи сокини 54-солаи ноҳияи Москваи шаҳри Петербург мондааст.

Ронандаи “Рено”, ки аз Тоҷикистон буда, дар шаҳраки Шушари дар канораҳои ҷанубии Петербург сабти ном доштааст, бар асари ҷароҳатҳои муҳлики бардоштааш ба ҳалокат расидааст.

Нисбат ба ронандаи “Газел” (“Ғизол”) бар асоси қисми сеюми моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо то 4 сол корҳои ислоҳӣ ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button