ВИДЕО: АФСАРИ ПУЛИС ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ БА ДАСТИ МУҲОҶИР ОБ РЕХТ, ТО Ӯ ТАҲОРАТ КУНАД

Рӯзи 28 июни соли 2023 як афсари савобҷӯи пулис ҳангоми навбатдорӣ дар назди масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба дасти муҳоҷире, ки ба намози ид дер мекард, об рехт, то ӯ таҳорат кунад. Ин лаҳзаро як муҳоҷири дигар ба навор гирифта, дар Интернет паҳн кард ва садҳо нафар ба ин афсари пулис барои ин кори хайраш офарин гуфтанд ва изҳори сипос карда, навиштанд, ин корманди пулис нишон дод, ки ҳамаи инсонҳо бародаранд.
Дар видео дида мешавад, ки як марди муҳоҷир, ки дар танаш либоси корӣ (униформа) дорад, дар каноре бо шитоб таҳорат мекунад ва ҳангоми дасту рӯ ва пойҳояшро шустани ин муҳоҷир, афсари пулис пурсаброна ба дастони ӯ об мерезад, ки таҳораташро анҷом диҳад ва ба намоз бирасад.
Чанд разгузар бо нафаре, ки ин лаҳзаро ба навор мегирифт, вориди суҳбат мешавад ва аз тоҷикӣ суҳбат кардани онҳо маълум мешавад, ки наворбардор тоҷик аст.
Аз кадом кишвар будани муҳоҷире, ки афсари пулис барояш оби таҳорат мерехт, дақиқ нест, вале чандин нафар дар зери ин видео навиштаанд, ки ӯ аз Тоҷикистон аст.
Рӯзи 28 июни соли 2023 аксари мусалмонони ҷаҳон иди Қурбонро таҷлил карданд. Иди Қурбон дар баробари иди Рамазон яке аз ду иди аз ҳама муҳим барои мусалмонон аст. Мутаассифона, ҳар сол садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба муҳоҷирати корӣ мераванд, ин идҳоро дар мулки ғурбат, дур аз Ватану дур аз азизони худ таҷлил мекунанд.
Шахсияти он милисачонро муайян кунед иншоаллох хамаи точикону мусулмонхои дигар подаркаборон карда силлионераш мекунем.