ЯК ҶАВОНИ 18-СОЛА ДАР РӮДИ ДУШАНБЕ ҒАРҚ ШУД (3 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки кормандонаш рӯзи 28 июни соли 2023 ҷасади як ҷавони 18-солаи ғарқшударо аз дарёи Душанбе берун овардаанд.

Бегоҳии 27-уми июни соли 2023 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар расид, ки сокинон дар рӯди Душанбе як ҷасадро мушоҳида кардаанд.

Маълум гардид, ки ин ҷавон 18 сол дошта, сокини шаҳри Душанбе будааст. Вай ҳангоми убур аз соҳили чапи дарё ба соҳили рости он аз тариқи қатори бетонҳо ба дарё сарнагун шудааст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки гармои шадиди рӯзҳои охир сабаби об шудани барфу ях дар қуллаҳои кӯҳҳо шуд ва оби шорида боис гардид, ки сатҳи оби рӯдхонаҳо боло равад. Рӯди Душанбе, ки аз дарёи Варзоб сарчашма мегирад, истисно нест. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки сатҳ ва масрафи об дар рӯди Душанбе 100  метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад.

Рӯзи 28-уми июн ҷасади ин ҷавон пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон як бори дигар сокинонро огоҳ мекунад: оббозиву шиноварӣ танҳо дар ҷойҳое мумкин аст, ки иҷозат дода шудааст. Ҷойҳое, ки ғаввосон навбатдорӣ мекунанд.

Ба ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли ҷорӣ дар обҳои кишвар алакай ҳудуди 70 нафар ғарқ шудаанд, ки беш аз нисфи онҳо, тақрибан 40 нафар аз ғарқшудагон кӯдакон ва наврасони то 16-сола мебошанд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдакон ва наврасони то синни 16 ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button