ВидеоФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

ДАРГУЗАШТИ МУҲАҚҚИҚИ ЗАБОНИ МУОСИРИ ТОҶИКӢ ҲУСНИГУЛ ТАЛБАКОВА

Ҳуснигул Талбакова, номзади илми филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 29 июни соли 2023 дар пайи бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷанозаи марҳум дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе баргузор шудааст. Ба гуфтаи ҳамкоронаш, ӯ чанд вақт боз бемор буд. Агар умр вафояш мекард, моҳи декабри соли ҷорӣ Ҳуснигул Талбакова ба синни 80 мерасид.

Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт, раёсати Донишгоҳи миллӣ, садорати риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллӣ ва ҳамкасбони зиёдаш дар марги Ҳуснигул Талбакова сӯгворӣ навишта, ба наздикону шогирдонаш  изҳори ҳамдардӣ кардаанд.

Ҳуснигул Талбакова 24 декабри 1943 дар ноҳияи  Қизилмазор, ки соли 1953 ба Совет ва соли 2004 ба Темурмалик номаш иваз шуд, ба дунё омада, дар ҳаминҷо ба камол расидааст. Ҳуснигул Талбакова соли 1966 риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои зиёде дар ҳамин донишгоҳ машғули фаъолиятҳои илмӣ ва омӯзгорӣ шудааст.

Ҳуснигул Талбакова соли 1978 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Хусусиятҳои лексикӣ ва фразеологии романи «Маъвои дил»-и Раҳим Ҷалил» ҳимоя карда, солҳои тулонӣ ба сифати дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии ДМТ ба донишҷӯён дарс гуфтааст.

Шодравон соли 2001 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ бо унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 1984 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор дониста шудааст.

Аз ӯ чандин китоб, аз ҷумла китоби «Лексикаи забони адабии тоҷик» (бо ҳаммуаллифӣ) (1997), “Вожашиносии забони муосири тоҷик” (бо ҳаммуаллифӣ) (1999), “Усули таҳлили луғавӣ ва фразеологии вожаҳо” (2006), «Забон ва услуби коргузорӣ» (барномаи таълимӣ) (2006), «Луғати антонимҳои забони адабии тоҷик» (2008), «Антонимҳои номӣ яке аз воситаҳои муҳимми тасвир» (2010), «Дурахши маънӣ» (2014), ҳамчунин беш аз 100 мақолаи илмӣ ва дастурҳои илмию методӣ ва садҳо шогирд ба ёдгор монд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button