ФОҶИАИ МАРГБОР ДАР РӮЗИ ИД: ДАР ХУШЕКАТ МОШИН ЗЕРИ САНГРЕЗ МОНД…

Санаи 28 июни соли 2023, дар рӯзе, ки мардум дар Тоҷикистон иди саиди Қурбонро таҷлил мекарданд, рӯзи ид барои сокинони деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ ба мотам мубаддал шуд.

Дар рӯзи ид дар Хушекат, дар километри 134-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар натиҷаи резиши санг, мошини як сокини деҳаи Хушекат зери санг монда, тавре дар акс мебинед, тамоман пачақу корношоям гардид.

Мутаассифона, ин фоҷиа қурбонии ҷонӣ низ дар пай дошт. Бар асари ин садама, Амон Маскуров, як ҷавони 22-солаи сокини деҳаи Хушекат ҳалок гардида, ду нафари дигар аз сокинони ин деҳа бо ҷароҳатҳои мухталифи ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса то ин лаҳза дастрас нашудааст.

Деҳаи Хушекат дар канори шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ва дар фосилаи ҳамагӣ 6 километр аз маркази ноҳияи Айнӣ ҷойгир шудааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расида, аз аввали моҳи июн дар бораи дар садамаҳо ҷон бохтани алакай беш аз 20 нафари дигар хабарҳо ба даст расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button