МЕДАЛИ ТИЛЛОИ АБУБАКР ШЕРОВ ДАР “RUSSIAN JUDO TОUR ЧЕЛЯБИНСК-2023”

Паҳлавони ҷавони тоҷик Абубакр Шеров рӯзи 24 июни соли 2023дар мусобиқаи байналмилалии гуштини ҷудо (дзюдо) – “Russian judo tоur – Челябинск-2023” медали тилло ба даст овард.

Сомонаи расмии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод, ки  Абубакр Шеровдар вазни -73кг то расидан ба финал Даниил Тошев (Москва), Шамил Умаев (Тюмен), Магжан Алжанов (Қазоқистон), Буян-Херел Санаа (Тюмен), Шамил Зулфиқоровро (Тюмен) мағлуб кард. Дар финал Дмитрий Корпухин аз Свердловскро шикаст дода, ҷои аввалро сазовор шуд.

 Дар вазни -66кг Суҳроб Боқиев пас аз ду пирӯзӣ бар Михаил Нелюбин (Челябинск) ва Алдияр Ерешов (Қазоқистон), дар чорякфинал аз Иван Черних (Санкт Петрбург) ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари Арманистон Егиазар Карапетян мағлуб шуд.

 Ҳақдод Гулов бошад, дар даври аввал аз Ким Айрапетян (Свердловск) шикаст хӯрд.

 Дар мусобиқаи “Russian judo tоur – Челябинск-2023” 517 варзишгар аз Рун, Озарбойҷон, Қирғизистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Белорус, Сербия, Юнон, Исроил, Лихтейнштейн, Молдова, ҷазираҳои Комор ва Судон ширкат карданд.

 Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Фонди умумии ҷоизаҳо 7,3 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.

Абубакр Шеров моҳи августи соли 2022 дар шаҳри Оқтов (Актау)-и Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) ба хотираи Турар Жолдибаев соҳиби медали нуқра шуда буд. Ӯ он вақт дар вазни -66кг  ҳунарнамоӣ мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button