ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛ ДАР РОШТҚАЛЪА ВА ИШКОШИМ, ДУ ХОНА ЗЕРИ ОБ МОНД, 8 ОИЛАРО КӮЧОНДАНД

Ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеоҳое расид, ки дар он асароти сел дар мавзеи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабт шудааст. Дар ин наворҳо, ки сокинон аз нуқоти мухталиф сабт кардаанд, дида мешавад, ки як сели азим бо суръати баланд сангу гилу чӯбу чахсро пешандоз карда, ба болои як минтақаи аҳолинишин фурӯ мерезад.

Бино ба маълумоти сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ишкошим, нимаи дуюми рӯзи 23 июни соли 2023, наздик ба соати 17:24, дар ҳудуди деҳаи Мулловоҷии ҷамоати деҳоти Юсуфбеков низ сел омад.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ин сел бар асари об шудани пиряхҳо аз гармои шадиди рӯзҳои охир ҷорӣ шудааст.

Сел бо сангу лойи зиёд ду хонаи истиқоматӣ, ду манзили ёрирасон ва 1,20 га замини зироати кишоварзиро зери об кардааст.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ноҳия дар ҷои ҳодиса ба фаъолият оғоз кардаааст ва бо қарори комиссия, 8 хоҷагӣ аз ин деҳа ба ҷойи амнтар кӯчонида шуданд.

Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ҳаҷми зарари расида бар асари сел дар деҳаи Мулловоҷиро муайян мекунад. Паёмадҳои сел бартараф карда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button