“МАН ДАР ДАРУНИ ҚАФАСАМ…” БОЗДОШТИ БЛОГЕРИ ТОҶИК ҶУНАЙДУЛЛО ХУДОЁРОВ ДАР РУСИЯ (ВИДЕО)

Ҷунайдулло Худоёров, блогери тоҷик, ки бо ифшои мавридҳои коррупсия ва қонуншиканиҳо дар ноҳияи Рашт ном баровардааст, рӯзи 22 июн дар шаҳри Берёзовои ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси дар шимоли Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуд. Рӯзи 24 июн додгоҳи Берёзово то замони баррасии парвандаи истирдодаш блогери тоҷикро барои 2 моҳ ба ҳабс гирифт.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, раёсати корҳои дохилии минтақаи Рашт  ба зидди Ҷунайдулло Худоёров бар асоси шикояти як авлоди дигар аз зодгоҳаш, деҳаи Яшми ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзода (собиқ Шулмак) бар асоси моддаи 237, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додааст.

Дар як видео аз толори додгоҳи Берёзова, Ҷунайдулло Худоёров ин парвандаро бофта ва фармоишӣ номид ва аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон хост, ки аз ӯ ҳимоят кунанд ва монеи истирдодаш ба Тоҷикистон шаванд.

Хусумат байни авлоди Худоёровҳо ва Ҳусейновҳо дар деҳаи Яшм таърихи чандинсола дорад. Соли 2018 баҳси байни ҷавонон аз ин ду авлод дар бозии волейбол то ба парвандаи ҷиноятӣ ва маҳкум шудани ду тан аз Худоёровҳо кашида буд. Ҷунайдулло Худоёров низ дар соли 2019 бар асоси баёноти намояндагони ҳамон авлоди рақиб ба “салафигароӣ” айбдор ва ба 5 соли зиндон маҳкум гардида, танҳо баъди як сол бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромад. Худи ӯ иттиҳоми “салафигароӣ”ро қатъиян рад мекард ва парвандаашро интиқоми мақомоти ноҳия ва шахсан раиси вақти ноҳия Қаноатшо Лоиқзода барои мақолаҳои танқидиаш меномид.

Дар ин байн, рӯзи 10 июли соли 2021 хусумати байни ин ду авлод дар деҳаи Яшм ба куштор анҷомид. Чанд нафар аз авлоди Ҳусейновҳо дар ҷараёни муноқишаи навбатӣ Алиризо Худоёров, бародарзодаи Ҷунайдулло Худоёровро дар кӯча танҳо дида, ба сурати гурӯҳӣ латтукӯб карданд ва кордаш заданд. Мутаассифона, Алиризо аз рафтани хуни зиёд ҷон дод.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 7 январи соли 2022 сокинони деҳаи Яшми ноҳияи Рашт Ҳусейнов Зафарҷон ва Азимов Абдуллоро бо ҷурми куштани ҳамдеҳаашон Алиризо Худоёров  мутаносибан ба 19 ва 17 соли зиндон маҳкум кард. Худоёровҳо талаб доштанд, ки дар куштани Алиризо 5 нафар аз он авлод иштирок доштанд ва бояд ҳамааш ба зиндон кашонида шаванд.

Идомаи хусумат байни ду авлод ба он овард, ки соли 2022 Мавҷигул Ғарибова, модари солхӯрдаи Ҷунайдулло Худоёровро бо ҷурми “авбошӣ” маҳкум ба 2 сол ҳабси хонагӣ кунанд.

Худи Ҷунайдулло Худоёров баъди озод шуданаш ба Русия рафт ва аз онҷо ба Украина рафт. Моҳи феврали соли 2022, дар пайи шурӯи ҷанги Русия ба Украина, вақте ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Украина бароварданд, Ҷунайдулло Худоёров низ ба Молдова интиқол дода шуд ва имкон дошт, ки дар ягон кишвари Аврупо паноҳанда шавад.

Аммо ӯ боз ба Русия баргашт, чунки мегуфт, аз инҷо имкони бештари расидагӣ ва кумак ба хонаводаашон дар Раштро дорад.

Ҷунайдулло Худоёров дар муроҷиатномаи видеоияш гуфт, парвандаи нав ба зидди ӯро мақомоти Рашт боз ҳам бар асоси фармоиши намояндагони он авлоди рақиб кушодаанд, чунки ӯ ба муҷозоти ҳамаи нафарони дар қатли бародарзодааш иштирокдошта пойфишорӣ мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button